Асрори кор бо омма: Таассуроти хабарнигори тоҷик аз SputnikPro

© SputnikКорреспондент телеканала "Мир" Абубакр Файзуллоев
Корреспондент телеканала Мир Абубакр Файзуллоев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.08.2023
Обуна шудан
Кормандони гурӯҳи расонаҳои "Россия сегодня" ба меҳмонон дар доираи лоиҳаи SputnikPro бо забони фаҳмо аз таҷрибаи худ нақл карданд.
ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik, Михаил Воробев. Аз 21 то 25 август дар бинои гурӯҳи расонаҳои "Россия сегодня" бахши чаҳоруми мастер-класси "SputnikPro дар Зубовский" баргузор гардид.
Рӯзноманигорон ва блогерҳо аз Тоҷикистон, Озарбойҷон, Белорус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон имкон пайдо карданд, ки тавассути табодули таҷриба бо чанде аз беҳтарин мутахассисони соҳаи ВАО Русия дониши худро ройгон такмил диҳанд.
Кормандони гурӯҳи расонаҳо ба меҳмонон дар бораи кор бо шабакаҳои иҷтимоӣ, нейросет, дронҳо ва воқеияти маҷозӣ нақл карданд. Тамошобинон инчунин дар бораи хусусиятҳои эҷоди мундариҷаи аксу видео, навиштани сарлавҳаҳо маълумот гирифтанд.
Ҳозирин ба маърузаҳо алоқамандии зиёд зоҳир карданд. Аксар вақт ба охир расондани маърӯзаҳо душвор буд, зеро иштироккунандагон кормандони гурӯҳи расонаҳоро суолборон мекарданд. Дарсҳо бо кафкӯбиҳои зиёд анҷом меёфтанд.
"ВАО-и муосир босуръат рушд мекунад. Дар чунин расонаҳои калон ба мисли "Россия сегодня" пайваста тағйирот ба амал меояд, усулҳои нави кор пайдо мешаванд. Мехостам дар бораи онҳо маълумот гирам", - гуфт ба Sputnik хабарнигори шабакаи телевизионии "Мир" Абубакр Файзуллоев, ки барои ин дарсҳо аз Тоҷикистон омадааст.
Хабарнигори тоҷик дар дарсҳои маҳорати SputnikPro дар Зубовский - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.06.2023
Хабарнигорони Тоҷикистон дар дарсҳои маҳорати "SputnikPro" чиро омӯхтанд
Вай яке аз ҷолибтарин мавзӯъҳоро дар маърузаи Наталя Лосева, муовини сардабири гурӯҳи байналмилалии расонаҳои “Россия сегодня” мушоҳида кардааст.
"Вай асрори ҷалби омма ба расона ва сипас бо омма кор карданро нақл кард. Вай фаҳмонд, ки чӣ кор кардан лозим аст, то хабари шумо осон хонда шавад ва ҷолиб бошад", - изҳор дошт хабарнигори тоҷик.
Илова бар ин, иштирокчиён имкони беназири мубодилаи таҷрибаро бо ҳамдигар доштанд. Онҳо ин корро на танҳо дар танаффусҳои байни маърӯзаҳо, балки ҳангоми шом - баъд аз машғулиятҳо ҳам анҷом доданд, ки ба ин асосан ҳавои офтобӣ мусоидат мекард.
Иштироккунандагони семинар якҷо ба ҷойҳои дилнишини Маскав рафта, бо ҳаёти шаҳр шинос шуданд. Бисёриҳо ба шарофати "SputnikPro дар Зубовский" бори аввал ба пойтахти Русия сафар карданд.
Тавре иштирокчиёни чорабинӣ дар сӯҳбат бо хабарнигори Sputnik қайд намуданд, дар ҷараёни дарс онҳо ҳалли масъала ва ғояҳои хосро аз худ карданд. Ин таҷриба ба онҳо имкон медиҳад дар ватани худ, шумори шунавандагонашонро афзоиш диҳанду сифати корро беҳтар созанд.
Лентаи хабарҳо
0