https://sputnik.tj/20230824/ural-yodgoriho-qahramonon-jabha-mehnat-om-guzoshta-meshavad-1059016474.html
Дар Урал ёдгориҳои қаҳрамонони ҷабҳаи меҳнат аз ОМ гузошта мешавад
Дар Урал ёдгориҳои қаҳрамонони ҷабҳаи меҳнат аз ОМ гузошта мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Барои татбиқи ин ташаббус дипломатҳо ба губернаторони вилоятҳои Свердловск ва Челябинск, инчунин фиристодаи президент мактубҳои расмӣ ирсол хоҳанд кард
2023-08-24T13:03+0500
2023-08-24T13:03+0500
2023-08-24T13:03+0500
дар русия
ом
собиқадорони ҷбв
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103076/36/1030763671_0:158:3077:1889_1920x0_80_0_0_5efe6c8f30e2600c291bdff8c89b9f97.jpg
ДУШАНБЕ, 24 август — Sputnik. Дипломатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Русия пешниҳод мекунанд, ки дар Екатеринбург ва Челябинск муҷассамаҳои ҳамватанон - қаҳрамонони ҷабҳаи меҳнат гузошта шаванд. Дар ин бора хабаргузории ӯзбекистонии "Dune" менависад. Гуфта мешавад, ки қаҳрамонони ҷабҳаи меҳнат дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар корхонаҳои мудофиаи Урал кор мекарданд. Ба иттилои манбаъ, дар шаҳри Екатеринбург раҳбарони консулгариҳои генералии Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон дидору гуфтушунид кардаанд. Дар ҷаласа масъалаи дар шаҳр гузоштани муҷассама муҳокима шуд. Дар робита ба ин, барои татбиқи ташаббус дипломатҳо ба ҳокимони вилоятҳои Свердловск ва Челябинск, инчунин намояндаи ваколатдори президенти Федератсияи Русия дар ҳавзаи федеролии Урал мактубҳои расмӣ ирсол хоҳанд кард. Ёдовар мешавем, ки феълан дар Тоҷикистон 37 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба сар мебаранд. Аксари онҳо дар вилояти Хатлон – 14 нафар дар қайди он ҳастанд. Дар ҳоле ки дар шимоли кишвар, дар вилояти Суғд - 11 ва дар Душанбе ва навоҳии тобеи ҷумҳурӣ - 6 нафарӣ дар қайди ҳаётанд. Бино ба додаҳо, аз Тоҷикистон ба ҶБВ ҳудуди 300 ҳазор нафар рафтанд, ки қариб 20% аз аҳолии он даври ҷумҳуриро ташкил медод. Дар он ҷанги хонумонсӯз беш аз 100 ҳазор тан ҷони худро аз даст доданд.
https://sputnik.tj/20230508/yode-qahramononi-jbv-kharitai-dushanbe-1056969815.html
ом
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103076/36/1030763671_174:0:2903:2047_1920x0_80_0_0_923493316e57eed1edc4eeca795e8747.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
урал ёдгориҳо қаҳрамонон ҷабҳа меҳнат ом
урал ёдгориҳо қаҳрамонон ҷабҳа меҳнат ом
Дар Урал ёдгориҳои қаҳрамонони ҷабҳаи меҳнат аз ОМ гузошта мешавад
Барои татбиқи ин ташаббус дипломатҳо ба губернаторони вилоятҳои Свердловск ва Челябинск, инчунин фиристодаи президент мактубҳои расмӣ ирсол хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 24 август — Sputnik. Дипломатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Русия пешниҳод мекунанд, ки дар Екатеринбург ва Челябинск муҷассамаҳои ҳамватанон - қаҳрамонони ҷабҳаи меҳнат гузошта шаванд.
Дар ин бора хабаргузории ӯзбекистонии "Dune" менависад.
Гуфта мешавад, ки қаҳрамонони ҷабҳаи меҳнат дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар корхонаҳои мудофиаи Урал кор мекарданд.
Ба иттилои манбаъ, дар шаҳри Екатеринбург раҳбарони консулгариҳои генералии Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон дидору гуфтушунид кардаанд.
Дар ҷаласа масъалаи дар шаҳр гузоштани муҷассама муҳокима шуд.
"Дар Урал <...> абадӣ гардондани номи ниёгони мо ба афзудани эҳтироми халқҳоямон дар байни насли навраси Русия, тарғиби қаҳрамонии ниёгон дар ҷабҳаи меҳнат мусоидат мекунад", — мегуяд манбаъ.
Дар робита ба ин, барои татбиқи ташаббус дипломатҳо ба ҳокимони вилоятҳои Свердловск ва Челябинск, инчунин намояндаи ваколатдори президенти Федератсияи Русия дар ҳавзаи федеролии Урал мактубҳои расмӣ ирсол хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки феълан дар Тоҷикистон 37 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба сар мебаранд. Аксари онҳо дар вилояти Хатлон – 14 нафар дар қайди он ҳастанд.
Дар ҳоле ки дар шимоли кишвар, дар вилояти Суғд - 11 ва дар Душанбе ва навоҳии тобеи ҷумҳурӣ - 6 нафарӣ дар қайди ҳаётанд.
Бино ба додаҳо, аз Тоҷикистон ба ҶБВ ҳудуди 300 ҳазор нафар рафтанд, ки қариб 20% аз аҳолии он даври ҷумҳуриро ташкил медод. Дар он ҷанги хонумонсӯз беш аз 100 ҳазор тан ҷони худро аз даст доданд.