Давалталӣ Саид се мушкили умдаи вилояти Хатлонро ошкор кард

© Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти ХатлонДавлатали Саид, глава Хатлонской области
Давлатали Саид, глава Хатлонской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.08.2023
Обуна шудан
Раиси вилояти Хатлон бо намояндаи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид мулоқот карда, мушкилоти рӯзмарраи иҷтимоии минтақаро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон мулоқоти раиси вилоят Давалаталӣ Саид ва намояндаи ЮНИСЕФ Эри Двиведӣ баргузор гардид.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар дод.
Зимнан зикр мегардад, ки ҷонибҳо нахуст доир ба рушди муносибатҳо табодули афкор намуда, пас аз он Давалталӣ Саид оид ба татбиқи бомуваффақияти лоиҳаҳои муштарак маълумот дод.
Аммо ба гуфтаи раиси вилоят, дар минтақа як зумра мушкилоти иҷтимоӣ низ шадидтар шудааст, аз ҷумла:
шумораи нокифояи синфхонаҳо,
сатҳи пасти хизматрасонии тиббӣ,
набудани муассисахои томактабй.
Ҳамин тариқ, таъкид шуд, ки ба далели афзоиши босуръати аҳолӣ барои беҳбуди вазъи иҷтимоъии вилояти Хатлон тадбирҳо андешида мешаванд.
"Ба масъалаи бунёди муассисаҳо ва синфхонаҳо ва баланд бардоштани сифати таълим таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад", - хулоса карданд ҷонибҳо зимни мулоқот.
Раиси вилоят ва намояндаи ЮНИСЕФ изҳори умедворӣ карданд, ки дар чаҳорчӯби ҳамкорӣ дар беҳбуди некӯаҳволии сокинон саҳм гузошта, мушкилоти мавҷударо ҳаллу фасл хоҳанд кард.
Тақдими сертификатҳои замин ба омӯзгорон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.08.2023
Дар вилояти Хатлон 17 нафар омӯзгор соҳиби замин шуданд
Қаблан раиси вилояти Хатлон Давалаталӣ Саид ба 16 омӯзгори ҷавон қитъаи замин ҷудо карда буд.
Ҳамин тариқ, барои соли таҳсили 2022-2023 беш аз 100 нафар мутахассисони соҳаи маориф дар ноҳияҳои Дӯстӣ, Кӯшониён ва Данғара қитъаи замин гирифтанд.
Лентаи хабарҳо
0