https://sputnik.tj/20230823/omuzgor-javon-fizika-sughd-prezident-dars-1058997933.html
Омӯзгори ҷавони физика дар Суғд, ки президент дар дарсаш иштирок карда буд, ҷоиза гирифт
Омӯзгори ҷавони физика дар Суғд, ки президент дар дарсаш иштирок карда буд, ҷоиза гирифт
Sputnik Тоҷикистон
Шогирдони ин омӯзгор ҳамасола дар озмунҳои фаннии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат варзида, бо дастовардҳои бармегарданд, иттилоъ дод мақомоти Суғд
2023-08-23T15:57+0500
2023-08-23T15:57+0500
2023-08-23T19:32+0500
дар тоҷикистон
маориф
дарс
омӯзгор
таҳсил
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/17/1058992254_0:10:1081:618_1920x0_80_0_0_b131edae4a446d19ca98a1c7a4e892d2.jpg
ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Омӯзгори ҷавони фанни физикаи Литсейи политехникии Донишкадаи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимии шаҳри Хуҷанд, Ҷӯрабой Бобоҷонов ҷоизаи раиси вилояти Суғдро гирифт. Ба иттилои раёсати маорифи Суғд, ҷоизаи Раиси вилоят дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ ва туҳфаи хотиравии мақомоти маҳаллӣ ба Бобоҷонов зимни ҷаласаи тантанавӣ тақдим гардид. Манбаъ омӯзгори ҷавонро навовару эҷодкор хондаст, ки аз усулҳои нави таълим кор мебараду шогирдонаш ҳамасола дар озмунҳои фаннии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ҷойҳои намоёнро соҳиб мешаванд. Зикр гардидаст, ки Бобоҷонов ҳамчунин роҳбари маҳфили фанни физикаи Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Раёсати маорифи вилоят буда, хонандагони боистеъдоду болаёқатро ба озмуну олимпиадаҳо омода месозад.Манбаъ афзуд, аз раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба Суғд аз дарси Бобоҷонов дидан намуда, ба фаъолияти касбии ӯ баҳои баланд дода буд. Ба иттилои раёсати маорифи Суғд, заҳмату талошҳои Ҷӯрабой Бобоҷонов аз сӯи давлат қадрдонӣ гардида, соли 2020 соҳиби унвони Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон шуд. Соли 2021 бо Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон барои олимон ва омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ва чандин ифтихорномаю сипосномаҳо қадршиносӣ шудааст, афзуд манбаъ.
https://sputnik.tj/20230822/ahmadzoda-khostori-dastgirii-beshtari-istedodhoi-nodir-shud-1058973205.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/17/1058992254_51:0:1011:720_1920x0_80_0_0_dfed878405fce15bd70188fe1c5dae3b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шогирд, бобоҷонов, раис, суғд, мақомот
шогирд, бобоҷонов, раис, суғд, мақомот
Омӯзгори ҷавони физика дар Суғд, ки президент дар дарсаш иштирок карда буд, ҷоиза гирифт
15:57 23.08.2023 (Навсозишуда: 19:32 23.08.2023) Шогирдони ин омӯзгор ҳамасола дар озмунҳои фаннии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат варзида, бо дастовардҳои бармегарданд, иттилоъ дод мақомоти Суғд
ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Омӯзгори ҷавони фанни физикаи Литсейи политехникии Донишкадаи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимии шаҳри Хуҷанд, Ҷӯрабой Бобоҷонов ҷоизаи раиси вилояти Суғдро гирифт.
Ба иттилои раёсати маорифи Суғд, ҷоизаи Раиси вилоят дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ ва туҳфаи хотиравии мақомоти маҳаллӣ ба Бобоҷонов зимни ҷаласаи тантанавӣ тақдим гардид.
Манбаъ омӯзгори ҷавонро навовару эҷодкор хондаст, ки аз усулҳои нави таълим кор мебараду шогирдонаш ҳамасола дар озмунҳои фаннии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ҷойҳои намоёнро соҳиб мешаванд.
Зикр гардидаст, ки Бобоҷонов ҳамчунин роҳбари маҳфили фанни физикаи Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Раёсати маорифи вилоят буда, хонандагони боистеъдоду болаёқатро ба озмуну олимпиадаҳо омода месозад.
Манбаъ афзуд, аз раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба Суғд аз дарси Бобоҷонов дидан намуда, ба фаъолияти касбии ӯ баҳои баланд дода буд.
Ба иттилои раёсати маорифи Суғд, заҳмату талошҳои Ҷӯрабой Бобоҷонов аз сӯи давлат қадрдонӣ гардида, соли 2020 соҳиби унвони Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон шуд.
Соли 2021 бо Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон барои олимон ва омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ва чандин ифтихорномаю сипосномаҳо қадршиносӣ шудааст, афзуд манбаъ.