https://sputnik.tj/20230823/medvedev-nato-rusiya-jangi-khunin-1058985955.html
Медведев: НАТО бар зидди Русия бо дасти Киев ҷанги хунин мебарад
Медведев: НАТО бар зидди Русия бо дасти Киев ҷанги хунин мебарад
Sputnik Тоҷикистон
Муовини раиси Шӯрои амнияти ин кишвар ахиран созмони НАТО-ро дар бурдани ҷанги пурра ва хунин бар зидди Федератсияи Русия айбдор кард
2023-08-23T10:21+0500
2023-08-23T10:21+0500
2023-10-02T18:28+0500
дмитрий медведев
русия
дар русия
украина
нато
ҷанг
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/10/1057139439_0:147:3071:1874_1920x0_80_0_0_6348dc8114e3d7760d2e3c6915c38ab2.jpg
ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия Дмитрий Медведев, ахиран гуфт, ки НАТО алайҳи Русия ҷанги комил ва хунин мебарад ва таъкид кард, ки "душман пурра дар ин масъала ғарқ шудааст."“Ҷанги "ниёбатӣ", вале комилан пурқудрат ва хунине, ки ҳоло НАТО бо мо дар Украина бо дасти режими Киев мебарад ва мухолифони мо дар он то пурра ғарқ шудаанд, онро метавон бо тамоми возеҳот тасдиқ кард. Ҳама чиз чӣ гуна анҷом меёбад, ҳоло рӯшан аст: шикасти нангини Киев, мисли қаблан – таҷовузкорони гурҷӣ”, - навиштааст оқои Медведев дар мақолае дар бораи ҳаводиси соли 2008 барои рӯзномаи “Аргументы и факты”.Вай пешгӯӣ кард, ки дар оянда Украина аз харитаи сиёсии ҷаҳон бардошта мешавад. Ҳамчунин, ба гуфтаи вай "актёрҳои сиёсии беистеъдод" ба таври нангин аз саҳнаи сиёсӣ берун мешаванд.Ёдовар мешавем, ки шаби 8-уми августи соли 2008 Гурҷистон аз чанд мушакандози "Град" Осетияи Ҷанубиро гулулаборон кард. Нерӯҳои гурҷӣ ба ин ҷумҳурӣ ҳамла карданд ва бахше аз пойтахти он шаҳри Тсхинвалро тахриб карданд.Русия аз сокинони Осетияи ҷанубӣ, ки аксари онҳо шаҳрвандии Русияро гирифта буданд, ҳимоят кард ва ба ин ҷумҳурӣ сарбозонашро фиристод ва пас аз панҷ рӯзи даргириҳо артиши Гурҷистонро аз минтақа берун кард.26 августи соли 2008 Маскав соҳибихтиёрии Абхозистон ва Осетияи Ҷанубиро ба расмият шинохт.Раҳбарияти Русия борҳо изҳор доштааст, ки эътирофи истиқлоли ду минтақаи мухтори собиқи Гурҷистон инъикосгари воқеияти мавҷуд аст ва мавриди бозбинӣ нест. Гурҷистон то ҳол Абхозистон ва Осетияи Ҷанубиро ба ҳайси кишварҳои мустақил эътироф намекунад ва онҳоро минтақаҳои худ медонад.
https://sputnik.tj/20230731/patrushev-piruzi-rusiya-ukraina-takon-1058558090.html
русия
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/10/1057139439_340:0:3071:2048_1920x0_80_0_0_da0717f50c41411b2a1d819fdda96295.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, украина, нато, ҷанг, дахолат, хунин, зиддӣ, дмитрий медведев
русия, украина, нато, ҷанг, дахолат, хунин, зиддӣ, дмитрий медведев
Медведев: НАТО бар зидди Русия бо дасти Киев ҷанги хунин мебарад
10:21 23.08.2023 (Навсозишуда: 18:28 02.10.2023) Муовини раиси Шӯрои амнияти ин кишвар ахиран созмони НАТО-ро дар бурдани ҷанги пурра ва хунин бар зидди Федератсияи Русия айбдор кард
ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия Дмитрий Медведев, ахиран гуфт, ки НАТО алайҳи Русия ҷанги комил ва хунин мебарад ва таъкид кард, ки "душман пурра дар ин масъала ғарқ шудааст."
“Ҷанги "ниёбатӣ", вале комилан пурқудрат ва хунине, ки ҳоло НАТО бо мо дар Украина бо дасти режими Киев мебарад ва мухолифони мо дар он то пурра ғарқ шудаанд, онро метавон бо тамоми возеҳот тасдиқ кард. Ҳама чиз чӣ гуна анҷом меёбад, ҳоло рӯшан аст: шикасти нангини Киев, мисли қаблан – таҷовузкорони гурҷӣ”, - навиштааст оқои Медведев дар мақолае дар бораи ҳаводиси соли 2008 барои рӯзномаи “Аргументы и факты”.
Вай пешгӯӣ кард, ки дар оянда Украина аз харитаи сиёсии ҷаҳон бардошта мешавад.
Ҳамчунин, ба гуфтаи вай "актёрҳои сиёсии беистеъдод" ба таври нангин аз саҳнаи сиёсӣ берун мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки шаби 8-уми августи соли 2008 Гурҷистон аз чанд мушакандози "Град" Осетияи Ҷанубиро гулулаборон кард. Нерӯҳои гурҷӣ ба ин ҷумҳурӣ ҳамла карданд ва бахше аз пойтахти он шаҳри Тсхинвалро тахриб карданд.
Русия аз сокинони Осетияи ҷанубӣ, ки аксари онҳо шаҳрвандии Русияро гирифта буданд, ҳимоят кард ва ба ин ҷумҳурӣ сарбозонашро фиристод ва пас аз панҷ рӯзи даргириҳо артиши Гурҷистонро аз минтақа берун кард.
26 августи соли 2008 Маскав соҳибихтиёрии Абхозистон ва Осетияи Ҷанубиро ба расмият шинохт.
Раҳбарияти Русия борҳо изҳор доштааст, ки эътирофи истиқлоли ду минтақаи мухтори собиқи Гурҷистон инъикосгари воқеияти мавҷуд аст ва мавриди бозбинӣ нест. Гурҷистон то ҳол Абхозистон ва Осетияи Ҷанубиро ба ҳайси кишварҳои мустақил эътироф намекунад ва онҳоро минтақаҳои худ медонад.