Байни Душанбе ва Ханҷоуи Чин санади ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангӣ имзо шуд

© Sputnik / Рамиз БахтияровПисьменные принадлежности
Письменные принадлежности - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.08.2023
Обуна шудан
Раиси шаҳри Душанбе бо шаҳрдори Ҳанҷоуи Чин тавсеаи робитаҳо дар бахшҳои илм ва омодасозии кадрҳои илмӣ, баррасӣ намуд
ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Дар идомаи сафари расмӣ ба Чин Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Ханҷоу бо Раиси шаҳри Ханҷоу Яо Гаоюан мулоқот кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон хабар додааст.
Рустами Эмомалӣ дар ин мулоқот таъкид кард, ки муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо ҳамсояи наздики Тоҷикистон — Чин аз афзалияти муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон маҳсуб мешавад.
Ҳамзамон ҷонибҳо зимни мулоқот вазъи феълӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории байниминтақаивро бо дарназардошти имконияти мавҷудаи рушд дар бахшҳои гуногун муҳокима намуданд.
Цветы в городе Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2023
Қарори Рустам Эмомалӣ дар бораи баргузории фестивали “Сайри гули лола” дар пойтахт
Инчунин, зимни мулоқот ҷонибҳо ба масъалаҳои таҳкими ҳамкории байни Душанбе ва Ханҷоу изҳори ҳавамандӣ намуда, ба тавсеаи робитаҳо дар бахшҳои илм ва омодасозии кадрҳои илмӣ, инноватсия ва технологияҳо, нақлиёту мошинсозӣ, дорусозӣ ва нафту кимиё диққати махсус доданд.
Пас аз анҷоми мулоқоти Раиси шаҳри Душанбе мӯҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Ханҷоу бо Раиси шаҳри Ханҷоу байни Мақомоти шаҳри Душанбе ва маъмурияти шаҳри Ханҷоуи Чин Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба имзо расид.
Лентаи хабарҳо
0