https://sputnik.tj/20230822/tojikiston-qasd-istifoda-pul-milli-gustarish-1058976648.html
Тоҷикистон қасд дорад истифодаи пули миллиро густариш диҳад
Тоҷикистон қасд дорад истифодаи пули миллиро густариш диҳад
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва раиси Бонки байнидавлатии кишварҳои ИДМ раванди анҷоми муомилоти "своп"-ро* низ баррасӣ карданд.
2023-08-22T15:57+0500
2023-08-22T15:57+0500
2023-08-22T20:10+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
пули миллӣ
бонки миллӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/1a/1056696153_0:0:3110:1750_1920x0_80_0_0_58a0464e1446e45f987170a8ca1d2576.jpg
ДУШАНБЕ, 22 август — Sputnik. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо президенти нави Бонки байнидавлатии кишварҳои ИДМ Андрей Липин мулоқот кард. Дар ин бора дафтари матбуоти ниҳоди молии кишвар хабар додааст. Дар оғози вохӯрӣ Ҳоким Холиқзода Андрей Липинро ба муносибати ба вазифаи масъулиятнок таъин гардиданаш табрик гуфта, ба ӯ муваффақият таманно намудааст. Дафтари матбуоти танзимгар қайд кард, ки Холиқзода ва Липин ҳамчунин раванди анҷом додани муомилоти "своп"*, ки бастани шартнома оид ба табодули дороиҳо бо баргардонидани минбаъдаи шартҳои қаблан муайяншударо дар бар мегирад, баррасӣ карданд. Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон дар ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила бо шарикони асосии тиҷоратӣ аз пули миллӣ фаъолона истифода мекунад. Ҳамин тариқ, тақрибан 50% ҳисоббаробаркуниҳо дар тиҷорат бо Русия бо рубл мебошанд. Бонки байнидавлатӣ ба низоми пардохти миллии 6 кишвар: Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Беларус, Арманистон ва Қирғизистон дастрасии мустақим дорад.*- додугирифти асъорӣ байни бонкҳо барои муддати муайян
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/1a/1056696153_0:0:2732:2048_1920x0_80_0_0_de3dd0fc9dab5e094105b962563b3323.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон қасд истифода пул милль густариш
тоҷикистон қасд истифода пул милль густариш
Тоҷикистон қасд дорад истифодаи пули миллиро густариш диҳад
15:57 22.08.2023 (Навсозишуда: 20:10 22.08.2023) Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва раиси Бонки байнидавлатии кишварҳои ИДМ раванди анҷоми муомилоти "своп"-ро* низ баррасӣ карданд.
ДУШАНБЕ, 22 август — Sputnik. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо президенти нави Бонки байнидавлатии кишварҳои ИДМ Андрей Липин мулоқот кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти ниҳоди молии кишвар хабар додааст.
Дар оғози вохӯрӣ Ҳоким Холиқзода Андрей Липинро ба муносибати ба вазифаи масъулиятнок таъин гардиданаш табрик гуфта, ба ӯ муваффақият таманно намудааст.
"Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба, инчунин густариши муомилот ва ҳисоббаробаркуниро бо асъори миллӣ баррасӣ намуданд", - афзуд манбаъ.
Дафтари матбуоти танзимгар қайд кард, ки Холиқзода ва Липин ҳамчунин раванди анҷом додани муомилоти "своп"*, ки бастани шартнома оид ба табодули дороиҳо бо баргардонидани минбаъдаи шартҳои қаблан муайяншударо дар бар мегирад, баррасӣ карданд.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон дар ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила бо шарикони асосии тиҷоратӣ аз пули миллӣ фаъолона истифода мекунад.
Ҳамин тариқ, тақрибан 50% ҳисоббаробаркуниҳо дар тиҷорат бо Русия бо рубл мебошанд.
Бонки байнидавлатӣ ба низоми пардохти миллии 6 кишвар: Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Беларус, Арманистон ва Қирғизистон дастрасии мустақим дорад.
*- додугирифти асъорӣ байни бонкҳо барои муддати муайян