https://sputnik.tj/20230821/rais-peshbandak-oghozi-marakai-pakhtachini-kulob-1058945153.html
Раис бо пешбандак дар сафи пеш: Оғози маъракаи пахтачинӣ дар Кӯлоб
Раис бо пешбандак дар сафи пеш: Оғози маъракаи пахтачинӣ дар Кӯлоб
Sputnik Тоҷикистон
Раиси вилояти Хатлон ба деҳқонони Кӯлоб барои беталаф ва саривақт ҷамъоварии ҳосили имсола ва захираи он дастуру маслиҳатҳои мушаххас додааст
2023-08-21T12:59+0500
2023-08-21T12:59+0500
2023-08-21T19:41+0500
дар тоҷикистон
хатлон
пахтачинӣ
маросим
кӯлоб
давлаталӣ саид
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/15/1058944945_0:0:1081:608_1920x0_80_0_0_9f2f3d3cdf6b207005f7737cdf23d7f2.jpg
ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Дар Кооперативи тиҷоратии Роҳбар Қосимови Ҷамоати деҳоти "Кӯлоб"-и шаҳри Кӯлоб бо иштироки раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид ва раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр мавсими ҷамъоварии пахта оғоз ёфт.Дар ин ббора дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, раиси вилоят зимни маросими оғози пахтачинӣ бо хоҷагидорон ва деҳқонон суҳбати сарироҳӣ намуд ва дар бораи беталаф ва саривақт ҷамъоварии ҳосили имсола ва захираи он дастуру маслиҳат дод.Тибқи иттилои манбаъ, дар Кооперативи тиҷоратии Роҳбар Қосимов дар ихтиёри худ 89 гектар замин дошта, имсол дар майдони 40 га пахта, 39 га гандум, 1 га картошка, 2 га пиёз, 3 га ҷуворимакка, 4 га полезиҳо кишт кардаанд ва аз онҳо ҳосили баландро интизоранд. “Хоҷагидор мақсад дорад, ки аз 40 га замини пахта 23,4 сентнерӣ аз ҳар гектар ҳосил ба даст орад”, - қайд кардааст мақомоти Хатлон. Ҳамзамон раиси вилоят Давлаталӣ Саид зимни сафар аз рафти корҳои омодагии корхонаи пахтақабулкунии ҶДММ "Тиллои сафед" - воқеъ дар деҳаи Обшорони Ҷамоати деҳоти Кӯлоб - боздид намуданд. Дар вақти боздид масъулин ба раиси вилоят маълумот доданд, ки корхонаи мазкур барои қабули пахта пурра омода аст. Раиси вилоят ба роҳбари корхона ва кормандони барои қабул ва саривақт пардохтани маблағи қабули пахта дастуру тавсияҳо додааст.
https://sputnik.tj/20221004/raisi-viloyati-sugd-maqomdor-istaravshan-pakhtachini-ravon-1051881380.html
кӯлоб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/15/1058944945_0:0:961:720_1920x0_80_0_0_85c79a451a1a9f503fa3657bb13a3458.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, пахтачинӣ, пешбандак, раиси вилояти хатлон, кӯлоб, оғоз, маърака
тоҷикистон, пахтачинӣ, пешбандак, раиси вилояти хатлон, кӯлоб, оғоз, маърака
Раис бо пешбандак дар сафи пеш: Оғози маъракаи пахтачинӣ дар Кӯлоб
12:59 21.08.2023 (Навсозишуда: 19:41 21.08.2023) Раиси вилояти Хатлон ба деҳқонони Кӯлоб барои беталаф ва саривақт ҷамъоварии ҳосили имсола ва захираи он дастуру маслиҳатҳои мушаххас додааст
ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Дар Кооперативи тиҷоратии Роҳбар Қосимови Ҷамоати деҳоти "Кӯлоб"-и шаҳри Кӯлоб бо иштироки раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид ва раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр мавсими ҷамъоварии пахта оғоз ёфт.
Дар ин ббора дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, раиси вилоят зимни маросими оғози пахтачинӣ бо хоҷагидорон ва деҳқонон суҳбати сарироҳӣ намуд ва дар бораи беталаф ва саривақт ҷамъоварии ҳосили имсола ва захираи он дастуру маслиҳат дод.
Тибқи иттилои манбаъ, дар Кооперативи тиҷоратии Роҳбар Қосимов дар ихтиёри худ 89 гектар замин дошта, имсол дар майдони 40 га пахта, 39 га гандум, 1 га картошка, 2 га пиёз, 3 га ҷуворимакка, 4 га полезиҳо кишт кардаанд ва аз онҳо ҳосили баландро интизоранд.
“Хоҷагидор мақсад дорад, ки аз 40 га замини пахта 23,4 сентнерӣ аз ҳар гектар ҳосил ба даст орад”, - қайд кардааст мақомоти Хатлон.
Ҳамзамон раиси вилоят Давлаталӣ Саид зимни сафар аз рафти корҳои омодагии корхонаи пахтақабулкунии ҶДММ "Тиллои сафед" - воқеъ дар деҳаи Обшорони Ҷамоати деҳоти Кӯлоб - боздид намуданд.
Дар вақти боздид масъулин ба раиси вилоят маълумот доданд, ки корхонаи мазкур барои қабули пахта пурра омода аст.
Раиси вилоят ба роҳбари корхона ва кормандони барои қабул ва саривақт пардохтани маблағи қабули пахта дастуру тавсияҳо додааст.