https://sputnik.tj/20230821/amaliyothoi-faol-artishi-rusiya-kupyansk-1058957852.html
Амалиётҳои фаъоли артиши Русия назди шаҳри Купянск
Амалиётҳои фаъоли артиши Русия назди шаҳри Купянск
Sputnik Тоҷикистон
Раиси вилояти Харков эълон кардааст, ки артиши Русия фаъолона амалиётҳояшро дар наздикии деҳи Синковка назди шаҳри Купянск анҷом медиҳад
2023-08-21T19:25+0500
2023-08-21T19:25+0500
2023-08-21T19:25+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
русия
дар русия
украина
амалиёти вижа
харков
амалиёт
донбасс
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/03/1058058309_0:115:3072:1843_1920x0_80_0_0_4b8dfa83f3d955782dd3ebb203f1131a.jpg
ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Раҳбари вилояти Харков Виталий Ганчев ба хабаргузории РИА “Новости” гуфт, ки дар наздикии деҳаи Синковкаи Харков наздикии шаҳри Купянск амалиёти фаъоли ҷангӣ ҷараён дорад.Ба гуфтаи вай душман аллакай деҳаро тарк кардааст."Мо маълумот дорем, ки низомиёни Русия аллакай душманро дар канори Купянск шикаст дода истодаанд. Амалиёти ба вижа фаъол ҳоло дар наздикии деҳаи Синковка ҷараён дорад. Дар ҳоли ҳозир мо метавонем бигӯем, ки ягон нафар низомиёни сарбозони украининӣ дар худи деха нестанд”, - гуфт Ганчев.Қаблан як афсари собиқи иктишофии нерӯҳои мусаллаҳи ИМА дар бораи талафоти бузурги артиши Украина ҳарф зада буд.Ба гуфтаи ӯ, онҳо талош доранд, рӯҳияи низомиёни Русияро бо сафарбар кардани ҷангҷӯёни бештар ба хатти ҷабҳа бишкананд, аммо ин танҳо боиси афзоиши маргу мири нерӯҳои мусаллаҳи Украина мешавад.Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти вижаи низомиро дар қаламрави Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таҳқиру генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".Илова бар ин, ҳадафҳои амалиёти вижаи низомӣ инчунин нозизудоӣ ва ғайринизомӣ сохтани Украина буд.
https://sputnik.tj/20230819/artishi-ukraina-talosh-furudgoh-nizomi-novgorod-zarba-1058928185.html
русия
украина
харков
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/03/1058058309_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_a0b4253b3b3a45dba11c3724aa547c2b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия. украина, амалиёти вижа, купянск, харков, синковка, артиш
русия. украина, амалиёти вижа, купянск, харков, синковка, артиш
Амалиётҳои фаъоли артиши Русия назди шаҳри Купянск
Раиси вилояти Харков эълон кардааст, ки артиши Русия фаъолона амалиётҳояшро дар наздикии деҳи Синковка назди шаҳри Купянск анҷом медиҳад
ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Раҳбари вилояти Харков Виталий Ганчев ба хабаргузории РИА “Новости” гуфт, ки дар наздикии деҳаи Синковкаи Харков наздикии шаҳри Купянск амалиёти фаъоли ҷангӣ ҷараён дорад.
Ба гуфтаи вай душман аллакай деҳаро тарк кардааст.
"Мо маълумот дорем, ки низомиёни Русия аллакай душманро дар канори Купянск шикаст дода истодаанд. Амалиёти ба вижа фаъол ҳоло дар наздикии деҳаи Синковка ҷараён дорад. Дар ҳоли ҳозир мо метавонем бигӯем, ки ягон нафар низомиёни сарбозони украининӣ дар худи деха нестанд”, - гуфт Ганчев.
Қаблан як афсари собиқи иктишофии нерӯҳои мусаллаҳи ИМА дар бораи талафоти бузурги артиши Украина ҳарф зада буд.
Ба гуфтаи ӯ, онҳо талош доранд, рӯҳияи низомиёни Русияро бо сафарбар кардани ҷангҷӯёни бештар ба хатти ҷабҳа бишкананд, аммо ин танҳо боиси афзоиши маргу мири нерӯҳои мусаллаҳи Украина мешавад.
Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти вижаи низомиро дар қаламрави Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таҳқиру генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Илова бар ин, ҳадафҳои амалиёти вижаи низомӣ инчунин нозизудоӣ ва ғайринизомӣ сохтани Украина буд.