https://sputnik.tj/20230820/rusiyagi-mavridi-tasir-tahrim-nazar-1058932174.html
Русиягиҳо дар мавриди таъсири таҳримҳо чӣ назар доранд?
Русиягиҳо дар мавриди таъсири таҳримҳо чӣ назар доранд?
Sputnik Тоҷикистон
Бунёди омӯзиши афкори омма дар пайи як назарпурсӣ миёни сокинони синну сол ва минтақаҳои мухталифи Русия дар мавриди таъсири таҳримҳо пажуҳиш анҷом додааст 20.08.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-08-20T10:57+0500
2023-08-20T10:57+0500
2023-08-20T11:07+0500
дар русия
иқтисод
таҳрим
авруосиё
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/03/1039939895_0:7:3029:1711_1920x0_80_0_0_1f21a5e1e1ce4cb1b9e2e9cadae17e2a.jpg
ДУШАНБЕ, 20 авг - Sputnik. Беш аз нисфи русиягиҳо гуфтаанд, таҳрим ба онҳо таъсире накардааст, маълум кардааст назарпурсии Бунёди афкори омма. Ин пурсиши назарҳо муайян намудааст, ки 56%-и русиягиҳо таъсири таҳримҳоро надидаанд ва изҳор доштаанд, ки ба тарзи ҳаёташон халале ворид нашудааст. Ҳудуди 25% изҳор доштаанд, ки таҳримҳо ба онҳо таъсир кардаанд, аммо на он қадар сахт. Таъсири сахти таҳримҳоро 14%-и пурсидашудаҳо эҳсос кардаанд, бармеояд аз назарпурсӣ.Дар пайи оғози амалиёти вижаи низомии Русия дар Украина кишварҳои ғарбӣ алайҳи Маскав таҳримҳо иқтисодӣ ҷорӣ намуданд. Мақомоти Русия мегӯянд, иқтидори кофӣ барои мубориза бо таҳримҳоро доранд ва он бар зиёни худи ташаббускорон меанҷомад. Ахиран вазири умури хориҷии Русия, Сергей Лавров изҳор дошт, ки барои муқовимати бомуваффақият ба таҳримҳо, иқтисодҳои кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро (ИИАО) тақвият мебахшанд. Мақомоти Русия таъкид мекунанд, ки сарфи назар аз таҳримҳо ва фишори кишварҳои ғарбӣ иқтисоди давлатҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, аз ҷумла Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Белорус рушдро нишон дода истодааст.
https://sputnik.tj/20230819/havasmandi-sohibkoroni-rus-kharidori-mahsuloti-kishovarzi-1058931077.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/03/1039939895_278:0:3009:2048_1920x0_80_0_0_352a72e02f775881995a05cfe62055b2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар русия, иқтисод, таҳрим, авруосиё
дар русия, иқтисод, таҳрим, авруосиё
Русиягиҳо дар мавриди таъсири таҳримҳо чӣ назар доранд?
10:57 20.08.2023 (Навсозишуда: 11:07 20.08.2023) Бунёди омӯзиши афкори омма дар пайи як назарпурсӣ миёни сокинони синну сол ва минтақаҳои мухталифи Русия дар мавриди таъсири таҳримҳо пажуҳиш анҷом додааст
ДУШАНБЕ, 20 авг - Sputnik. Беш аз нисфи русиягиҳо гуфтаанд, таҳрим ба онҳо таъсире накардааст, маълум кардааст назарпурсии Бунёди афкори омма.
Ин пурсиши назарҳо муайян намудааст, ки 56%-и русиягиҳо таъсири таҳримҳоро надидаанд ва изҳор доштаанд, ки ба тарзи ҳаёташон халале ворид нашудааст.
Ҳудуди 25% изҳор доштаанд, ки таҳримҳо ба онҳо таъсир кардаанд, аммо на он қадар сахт. Таъсири сахти таҳримҳоро 14%-и пурсидашудаҳо эҳсос кардаанд, бармеояд аз назарпурсӣ.
Дар пайи оғози амалиёти вижаи низомии Русия дар Украина кишварҳои ғарбӣ алайҳи Маскав таҳримҳо иқтисодӣ ҷорӣ намуданд. Мақомоти Русия мегӯянд, иқтидори кофӣ барои мубориза бо таҳримҳоро доранд ва он бар зиёни худи ташаббускорон меанҷомад.
Ахиран вазири умури хориҷии Русия, Сергей Лавров изҳор дошт, ки барои муқовимати бомуваффақият ба таҳримҳо, иқтисодҳои кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро (ИИАО) тақвият мебахшанд.
Мақомоти Русия таъкид мекунанд, ки сарфи назар аз таҳримҳо ва фишори кишварҳои ғарбӣ иқтисоди давлатҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, аз ҷумла Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Белорус рушдро нишон дода истодааст.