https://sputnik.tj/20230819/putin-raisi-zaminahoi-tijori-enerzhi-barrasi-1058923983.html
Путин бо Раисӣ заминаҳои тиҷорӣ ва энержиро баррасӣ кард
Путин бо Раисӣ заминаҳои тиҷорӣ ва энержиро баррасӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Раҳбарони Эрону Русия дар гуфтугӯйи телефонӣ дар бораи мавзӯъоти минтақаӣ ва байналмилалӣ гуфтугӯ ва табодули назар карданд
2023-08-19T10:59+0500
2023-08-19T10:59+0500
2023-08-19T10:59+0500
дар русия
русия
эрон
ҳамкорӣ
суҳбати телефонӣ
владимир путин
иброҳим раисӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/0f/1051429856_0:0:3013:1696_1920x0_80_0_0_f999942e7bc8ca0dd0aa1715311c27c3.jpg
ДУШАНБЕ, 19 авг - Sputnik. Раисҷумҳурии Эрон Саидиброҳими Раисӣ ва раисҷумҳури Русия Владимир Путин ахиран дар ин тамоси телефонӣ бар азми ду кишвар барои тавсеаи бештари равобити дуҷониба дар заминаҳои тиҷорӣ, энержӣ, ҳамлу нақл ва муҳити зист таъкид карданд, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА.Ба иттилои манбаъ, раҳбарони ду кишвар дар суҳбати телефонӣ ҳамчунин дар бораи мавзуҳои муртабит бо ҳамкорӣ дар умури минтақаӣ ва байналмилалӣ аз ҷумла узвияти комили Эрон дар Созмони ҳамкории Шанхай ва тамоюли Эрон барои пайвастан ба гуруҳи БРИКС гуфтугӯ ва табодули назар карданд.Ҳамзамон ба иттилои хабаргузории ИРНА оқои Путин дар ин гуфтугу ҳамлаи террористии ахир дар ҳарами Шоҳчароғи Шерозро маҳкум кард ва ба раисҷумҳурии Эрон таслият гуфт.Ёдовар мешавем, ки ду террорист ба масҷиди Шоҳ Чароғ ҳамла карданд. Дар натиҷаи амали террористӣ як нафар кушта ва 8 тани дигар захмӣ шуданд.Раиси кули додгустарии устони Форс дар робитаи ҳуввияти террористи аслӣ, ки шаби гузашта дар саҳни ҳарам дастгир шуда буд, баён кард, ки ин фард дар таҳқиқоти аввалия худро Раҳматуллоҳ Наврӯзов муаррифӣ карда ва ӯ шаҳрванди Тоҷикистон аст.Вай гуфт,Наврӯзов бо як силоҳи Калашников 11 тир холӣ кард, ки дар натиҷа 1 нафар ба ҳалокат ва 10 нафари дигар захмӣ шуданд.
https://sputnik.tj/20230330/rusiya-tarhho-mushtarak-oyandador-eron-1055847588.html
русия
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/0f/1051429856_132:0:2863:2048_1920x0_80_0_0_7643e9087c0f53fe86ab67a315059be8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, эрон, ҳамкорӣ, тиҷорӣ, энержӣ, гуфтугӯ, телефонӣ, раисӣ, путин
русия, эрон, ҳамкорӣ, тиҷорӣ, энержӣ, гуфтугӯ, телефонӣ, раисӣ, путин
Путин бо Раисӣ заминаҳои тиҷорӣ ва энержиро баррасӣ кард
Раҳбарони Эрону Русия дар гуфтугӯйи телефонӣ дар бораи мавзӯъоти минтақаӣ ва байналмилалӣ гуфтугӯ ва табодули назар карданд
ДУШАНБЕ, 19 авг - Sputnik. Раисҷумҳурии Эрон Саидиброҳими Раисӣ ва раисҷумҳури Русия Владимир Путин ахиран дар ин тамоси телефонӣ бар азми ду кишвар барои тавсеаи бештари равобити дуҷониба дар заминаҳои тиҷорӣ, энержӣ, ҳамлу нақл ва муҳити зист таъкид карданд, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА.
Ба иттилои манбаъ, раҳбарони ду кишвар дар суҳбати телефонӣ ҳамчунин дар бораи мавзуҳои муртабит бо ҳамкорӣ дар умури минтақаӣ ва байналмилалӣ аз ҷумла узвияти комили Эрон дар Созмони ҳамкории Шанхай ва тамоюли Эрон барои пайвастан ба гуруҳи БРИКС гуфтугӯ ва табодули назар карданд.
Ҳамзамон ба иттилои хабаргузории ИРНА оқои Путин дар ин гуфтугу ҳамлаи террористии ахир дар ҳарами Шоҳчароғи Шерозро маҳкум кард ва ба раисҷумҳурии Эрон таслият гуфт.
Ёдовар мешавем, ки ду террорист ба масҷиди Шоҳ Чароғ ҳамла карданд. Дар натиҷаи амали террористӣ як нафар кушта ва 8 тани дигар захмӣ шуданд.
Раиси кули додгустарии устони Форс дар робитаи ҳуввияти террористи аслӣ, ки шаби гузашта дар саҳни ҳарам дастгир шуда буд, баён кард, ки ин фард дар таҳқиқоти аввалия худро Раҳматуллоҳ Наврӯзов муаррифӣ карда ва ӯ шаҳрванди Тоҷикистон аст.
Вай гуфт,Наврӯзов бо як силоҳи Калашников 11 тир холӣ кард, ки дар натиҷа 1 нафар ба ҳалокат ва 10 нафари дигар захмӣ шуданд.