Мақомоти Хуҷанд: мо 10 ҳазор соҳибкору 1400 корхонаи хурд дорем

© Шаҳрдории ХуҷандШаҳрдори Хуҷанд
Шаҳрдори Хуҷанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.08.2023
Обуна шудан
Мақомоти шаҳри Хуҷанд мегӯянд корхонаҳои шаҳр ҳамасола бо 45 мамлакати ҷаҳон бо ҳаҷми беш аз 300 млн доллар содирот ба роҳ мондаанд
ДУШАНБЕ, 19 авг - Sputnik. Мақомоти шаҳри Хуҷанд дар ин бора ҳангоми мулоқот бо ҳайати маъмурияти шаҳри Сиани Чин хабар доданд.
Мақомоти шаҳри Хуҷанд иттилоъ додааст, ки шаҳр яке аз марказҳои бузурги саноатии Тоҷикистон мебошад ва дар рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ саҳми арзанда мегузорад.
“Дар шаҳр зиёда аз 245 корхонаи саноатӣ ва 1400 корхонаи хурд фаъолият намуда, зиёда аз 10 ҳазор нафар ба соҳибкорӣ машғул мебошанд”,- қайд кард шаҳрдорӣ.
Ҳамзамон зикр карда шуд, ки сол то сол ҳаҷми муомилоти мол бо мамлакатҳои дигар меафзояд.
“Корхонаҳои шаҳри Хуҷанд ҳамасола бо 45 мамлакати ҷаҳон бо ҳаҷми беш аз 300 млн доллар содирот ба роҳ мондаанд. Аз ҷумла, дар ҳафт моҳи соли раовн ҳаҷми муомилоти мол бо Чин беш аз 22 млн долларро ташкил дод”, - таъкид кардааст шаҳрдорӣ Хуҷанд.
Руки с углём - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.08.2023
Муассисаҳои тандурустии Хуҷанд ангишту ҳезум захира карданд
Илова бар ин ҷониби Чин дар мулоқот бо шаҳрдори Хуҷанд гуфт, ки саноат дар самти мошинсозӣ, хӯрокворӣ, истихроҷи нафту газ, электротехника ва ғайраҳои шари Сиян рушд намудааст.
Дар ин шаҳри Чин 83 донишгоҳ бо 130 ҳазор донишҷўй фаъолият дорад. Соҳаи сайёҳӣ низ рушд намуда, танҳо давоми 7 моҳи соли равон ин шаҳрро беш аз 1,7 миллиард сайёҳони дохилию хориҷӣ тамошо намудаанд.
Лентаи хабарҳо
0