Ато Муҳаммади Нур: Амрико аз гурӯҳи толибон пуштибонӣ мекунад

© из личного архива Атто Мухаммада НурЛидер северных провинций Афганистана Атто Мухаммад Нур
Лидер северных провинций Афганистана Атто Мухаммад Нур - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.08.2023
Обуна шудан
Волии пешини Балх гуфт, ки кишварҳо ба хотири тарс аз Амрико ба ҷараёнҳои зидди толибон иҷозаи фаъолияти сиёсӣ намедиҳанд
ДУШАНБЕ, 19 авг - Sputnik. Узви шӯрои муқовимати миллӣ Ато Муҳамади Нур дар нишастӣ маҷозӣ гуфт, ки кишварҳо ба хотири тарс аз Амрико ба ҷараёнҳои зиди толибонӣ иҷозаи фаъолият сиёсӣ намедиҳанд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинода ба хабаргузории “Омоҷ”.
Ато Муҳамади Нур гуфтааст, ки Амрико аз толибон* пуштибонӣ мекунад.
"Таъаҳҳуди Амрико бо гурӯҳи толибон* ин аст ки ҳеҷ фаъолияти сиёсӣ зиди ин гурӯҳро иҷоза намедиҳад", афзуд оқои Нур.
Дар ин конфаронс Маршал Дӯстам ҳам гуфт, ки ҳар замоне ки ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои ҳамсоя ба ин бовар расиданд, ки наметавонанд бо гурӯҳи толибон* канор биёянд, он замони аъзои шӯрои муқовимат дар баробари гурӯҳи толибон* даст ба иқдом хоҳанд зад.
 Посол РФ в Исламской Республике Афганистан Дмитрий Жирнов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.08.2023
Таъкиди Русия бар ташкили давлати фарогир дар Афғонистон
Пеш аз ин, Залмай Халилзод, намояндаи пешини Амрико ҳам гуфта буд, ки раҳбарони мухолифи гурӯҳи толибон* бояд бо толибҳо таъомул кунад. Чун Амрикои дигар бар Афғонистон юриш нахоҳад барад.
Ёдоварӣ мекунем, ки гурӯҳи толибон* пас аз як муомилаи печидау пинҳонӣ бо Амрико дар 15 августи соли 2021 якбори дигар бар Афғонистон чира шуд ва пас аз он даст ба ташкили як ҳукумати муваққати такқавмӣ ва такгурҳҳӣ зад ва донишомузону донишҷӯёни духтарро аз омузиш боздошта ва занонро аз кор боздоштанд.
Акнун беш аз ду сол аз чирагии ин гурӯҳ мегузарад, аммо то кунун ҳеҷ кишваре ҳукумати муваққати такқавмӣ ва такгурӯҳии толибонро ба расмият нашинохтааст.
Гурӯҳ ё созмоне, ки барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад
Лентаи хабарҳо
0