https://sputnik.tj/20230818/tojikiston-talabot-libosi-maktabi-kohish-1058913008.html
Якторо ду сол мепӯшанд: Дар Тоҷикистон талабот ба либоси мактабӣ коҳиш меёбад
Якторо ду сол мепӯшанд: Дар Тоҷикистон талабот ба либоси мактабӣ коҳиш меёбад
Sputnik Тоҷикистон
Сарфи назар аз ҳаҷми зиёди истеҳсолот, талабот ба либоси мактабӣ кам мешавад, ин ба он вобаста аст, ки кӯдакон дар тӯли якчанд сол як либоси ягона мепӯшанд
2023-08-18T18:00+0500
2023-08-18T18:00+0500
2023-08-18T20:10+0500
дар тоҷикистон
либоси мактабӣ
талабот
арзиш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/19/1033071242_0:285:3076:2015_1920x0_80_0_0_ebf5bf31e052965cf364e28eb063613e.jpg
ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Сарфи назар аз ҳаҷми зиёди истеҳсоли либоси мактабӣ, талаботи аҳолӣ ба он кам мешавад. Дар ин бора сардори шӯъбаи кадрҳои "Нассоҷии тоҷик" Шифо Собиров дар сӯҳбат бо "Ховар" изҳор доштааст. Масъулин инро бо вазъи иҷтимоии хонаводаҳо дар Тоҷикистон шарҳ медиҳанд. Аммо ба гуфтаи ӯ, волидайне, ки ба ярмарка меоянд, аз сифати хуби либосҳо изҳори қаноатмандӣ менамоянд.Зеро, ба гуфти ӯ, ширкат аз матоъҳои сифаташон гуногун либоси мактабӣ дӯхтааст, бинобар ин, қариб ҳар кас бо назардошти буҷааш метавонад харид бикунад. Илова бар ин, дар ярмаркаҳои Тоҷикистон, дар сурати мавҷуд набудани андозаи мувофиқ мизоҷон метавонанд дар коргоҳи дӯзандагӣ либоси ягона фармоиш диҳанд. Ҳамин тариқ, дар нимсолаи аввали соли 2023 дар корхонаи “Тоҷиктекстил” 107 ҳазор адад либоси мактабӣ ба маблағи 469 миллион сомонӣ дӯхта шудааст. Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Душанбе намоишу фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ оғоз шудааст. Дар он либоси ягона, китобҳои дарсӣ ва лавозимоти лозимии хониш фурӯхта мешавад. Дар ин ҷо маҳсулоти истеҳсолкунандагони гуногун, асосан - ватанӣ намоиш дода мешаванд. Ярмаркаҳои либос ва ашёи мактабӣ аз 1 то 31 август давом мекунанд.Дар Тоҷикистон низоми ягонаи либоси мактабӣ сар аз соли 2018 инҷониб амалӣ мешавад ва тарҳи духту сифат ва андозаи онро "Тоҷикстандарт" назорат мекунад.Ин ниҳод дар нишасти ахираш гуфт, ки зимни санҷишҳо ягон ҳолати пастсифатии либосҳо ва шикояти шаҳрвандон дарёфт нашудааст, аммо дар расонаҳои иҷтимоӣ аксҳои дӯхту сифати пасти онҳо давр мезанад.
https://sputnik.tj/20230802/tojikistandart-liboshoi-maktabii-ghayristandartiro-oshkor-1058595976.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/19/1033071242_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_d0ff2e5b44c4024a07b9e9e08a88045b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон талабот либос мактабӣ коҳиш
тоҷикистон талабот либос мактабӣ коҳиш
Якторо ду сол мепӯшанд: Дар Тоҷикистон талабот ба либоси мактабӣ коҳиш меёбад
18:00 18.08.2023 (Навсозишуда: 20:10 18.08.2023) Сарфи назар аз ҳаҷми зиёди истеҳсолот, талабот ба либоси мактабӣ кам мешавад, ин ба он вобаста аст, ки кӯдакон дар тӯли якчанд сол як либоси ягона мепӯшанд
ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Сарфи назар аз ҳаҷми зиёди истеҳсоли либоси мактабӣ, талаботи аҳолӣ ба он кам мешавад.
Дар ин бора сардори шӯъбаи кадрҳои "Нассоҷии тоҷик" Шифо Собиров дар сӯҳбат бо "Ховар" изҳор доштааст.
Масъулин инро бо вазъи иҷтимоии хонаводаҳо дар Тоҷикистон шарҳ медиҳанд.
"Ба либосҳои мактабӣ бештар синфҳои якум ва болоӣ ниёз доранд. Сабаби дигари кам будани талабот он аст, ки дар баъзе оилаҳо хонанда як либосро ду сол истифода менамояд", - гуфт намояндаи ширкат.
Аммо ба гуфтаи ӯ, волидайне, ки ба ярмарка меоянд, аз сифати хуби либосҳо изҳори қаноатмандӣ менамоянд.
Зеро, ба гуфти ӯ, ширкат аз матоъҳои сифаташон гуногун либоси мактабӣ дӯхтааст, бинобар ин, қариб ҳар кас бо назардошти буҷааш метавонад харид бикунад.
Илова бар ин, дар ярмаркаҳои Тоҷикистон, дар сурати мавҷуд набудани андозаи мувофиқ мизоҷон метавонанд дар коргоҳи дӯзандагӣ либоси ягона фармоиш диҳанд.
Ҳамин тариқ, дар нимсолаи аввали соли 2023 дар корхонаи “Тоҷиктекстил” 107 ҳазор адад либоси мактабӣ ба маблағи 469 миллион сомонӣ дӯхта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Душанбе намоишу фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ оғоз шудааст. Дар он либоси ягона, китобҳои дарсӣ ва лавозимоти лозимии хониш фурӯхта мешавад.
Дар ин ҷо маҳсулоти истеҳсолкунандагони гуногун, асосан - ватанӣ намоиш дода мешаванд. Ярмаркаҳои либос ва ашёи мактабӣ аз 1 то 31 август давом мекунанд.
Дар Тоҷикистон низоми ягонаи либоси мактабӣ сар аз соли 2018 инҷониб амалӣ мешавад ва тарҳи духту сифат ва андозаи онро "Тоҷикстандарт" назорат мекунад.
Ин ниҳод дар нишасти ахираш гуфт, ки зимни санҷишҳо ягон ҳолати пастсифатии либосҳо ва шикояти шаҳрвандон дарёфт нашудааст, аммо дар расонаҳои иҷтимоӣ аксҳои дӯхту сифати пасти онҳо давр мезанад.