Раисҷумҳур гуфт, ки камбизоатӣ дар ВМКБ чӣ қадар коҳиш ёфт

© NakibMurodovПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.08.2023
Обуна шудан
Президенти Тоҷикистон коҳиши нишондодҳои мизони камбизоатиро аз муҳимтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар ҳисобидааст
ДУШАНБЕ, 18 авг – Sputnik. Зарфи бист соли охир дар Вилояти Мухтори Бадахшони Куҳӣ сатҳи камбизоатӣ аз 97 фоиз то 29 фоиз паст гардидааст.
Дар ин бора раисҷумҳури кишвар, Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолони вилоят гуфтааст, хабар медиҳад дафтари матбуоти президент.
Ӯ ин нишондодро аз муҳимтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ҳисобида, гуфтааст, ки дар ин муддат даромади пулии аҳолӣ 163 баробар афзоиш ёфт.
Аз баланд шудани сатҳи зиндагии аҳолии вилоят дар замони соҳибистиқлолӣ, ба гуфти кишвардор, инчунин, нишондиҳандаи пасандозҳои аҳолӣ низ шаҳодат медиҳад:
"Агар соли 2000-ум ҳаҷми пасандозҳои аҳолии вилоят дар низоми бонкӣ ҳамагӣ 2 миллион сомониро ташкил карда бошад, пас соли 2023 ба 383 миллион сомонӣ расидааст, яъне 172 баробар афзоиш ёфтааст",- афзуд президент.
Ба гуфтаи ӯ, дар солҳои соҳибистиқлолӣ шумораи аҳолии вилоят 35% афзоиш ёфта, аз 172 ҳазор нафари соли 1991 то ба 232 ҳазор нафар дар соли 2023 расид.
Ба таъкиди раисҷумҳур, ба истиқболи ҷашни 30-солагии истиқлоли давлатӣ дар минтақа беш аз 1000 иншооти мухталиф ба маблағи 1 млрд сомонӣ ба истифода дода шуда, ба муносибати ҷашни 35-солагии истиқлол бунёду азнавсозии қариб 1200 иншооти дигар дар назар аст.
Вручение ключей от новых квартир - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.08.2023
Дар бинои бисёрошиёнаи навбунёди Хоруғ ба зарардидаҳо аз тарма хона доданд
"Мо асри 21-ро маҳз ба ҳамин хотир, асри рушду тараққиёти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон эълон намуда, тамоми тадбирҳоро амалӣ карда истодаем", - таъкид кард раисҷумҳур.
Гуфта мешавад, ки барои баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 9 барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии маҳаллӣ амалӣ шуда истодаанд, ки дар доираи онҳо татбиқи 808 лоиҳа ба маблағи умумии беш аз 7 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Дар давраи татбиқи барномаҳои мазкур, яъне солҳои 2021 – 2022 ва 6 моҳи соли ҷорӣ 232 лоиҳа ба маблағи беш аз 2 миллиард сомонӣ амалӣ гардидааст.
Лентаи хабарҳо
0