https://sputnik.tj/20230818/khitob-rahmon-tojikon-vmkb-tojik-1058907875.html
Хитоби Раҳмон ба ҷавонони бадахшонӣ дар мавриди тоҷик будан
Хитоби Раҳмон ба ҷавонони бадахшонӣ дар мавриди тоҷик будан
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолону роҳбарони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон махсусан ба ҷавонон дар мавриди ифтихори миллӣ муроҷиат кард
2023-08-18T13:55+0500
2023-08-18T13:55+0500
2023-08-18T14:31+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
эмомалӣ раҳмон
вмкб
тоҷик
шароит
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/12/1058907402_0:18:2048:1170_1920x0_80_0_0_7c2967bdc9c904ac2951ea9fbf215da9.jpg
ДУШАНБЕ, 18 авг – Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз ҷавонони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон даъват кард, ки бо тоҷик будан ифтихор кунанд. Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон дар Хоруғ гуфт, як нуктаи муҳимтаринро ба мардуми шарифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва махсусан, ба ҷавонони бонангу номуси вилоят хотирнишон ва таъкид менамояд. Ӯ изҳор дошт, ки ин давлатро бо заҳмати аҳлона ва бо иттиҳоду сарҷамъии тамоми фарзандони Тоҷикистон обод бояд сохт. Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон бо кору фаъолияти ватандӯстона ва содиқонаи тамоми афроди бонангу номуси Ватан ҳамаи камбудиву мушкилоти зиндагии имрӯзаи халқ бартараф хоҳанд шуд. Ӯ ҳушдор дод, ки набояд фаромӯш кунем, ки бадхоҳони миллати тоҷик ва душманони давлати тоҷикон ҳоло ҳам аз ниятҳои нопок ва нақшаҳои ғаразноку харобкоронаи худ даст накашидаанд.Раисҷумҳур изҳор дошт, ки дар ин шароит бояд ҳушёриву зиракии сиёсиро бояд ҳаргиз аз даст надоду ваҳдати миллии мардумро таҳким бахшид. Бо дарназардошти ҳодисаву равандҳое, ки дар минтақа ва ҷаҳон идома доранд, ба ҳимояи сулҳу оромии Ватани азизамон, зиндагии осоиштаи халқамон, суботи сиёсии кишварамон ва амнияти давлатамон омода бошем, таъкид намуд Эмомалӣ Раҳмон.
https://sputnik.tj/20230818/rahmon-omor-ofatho-marg-vmkb-ifsho-1058902444.html
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/12/1058907402_180:0:1997:1363_1920x0_80_0_0_275269b04a00317eddd072f1ce08a120.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон, тоҷик, вмкб, ифтихор, тоҷикият
эмомалӣ раҳмон, тоҷик, вмкб, ифтихор, тоҷикият
Хитоби Раҳмон ба ҷавонони бадахшонӣ дар мавриди тоҷик будан
13:55 18.08.2023 (Навсозишуда: 14:31 18.08.2023) Раисҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолону роҳбарони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон махсусан ба ҷавонон дар мавриди ифтихори миллӣ муроҷиат кард
ДУШАНБЕ, 18 авг – Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз ҷавонони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон даъват кард, ки бо тоҷик будан ифтихор кунанд.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон дар Хоруғ гуфт, як нуктаи муҳимтаринро ба мардуми шарифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва махсусан, ба ҷавонони бонангу номуси вилоят хотирнишон ва таъкид менамояд.
"Мо бояд аз тоҷик будани худ ифтихор дошта бошем ва шукрона кунем, ки яке аз миллатҳои қадимтарини дунё ҳастем, Ватани ободу соҳибихтиёр ва давлати соҳибистиқлол дорем", - гуфт ӯ.
Ӯ изҳор дошт, ки ин давлатро бо заҳмати аҳлона ва бо иттиҳоду сарҷамъии тамоми фарзандони Тоҷикистон обод бояд сохт.
Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон бо кору фаъолияти ватандӯстона ва содиқонаи тамоми афроди бонангу номуси Ватан ҳамаи камбудиву мушкилоти зиндагии имрӯзаи халқ бартараф хоҳанд шуд.
Ӯ ҳушдор дод, ки набояд фаромӯш кунем, ки бадхоҳони миллати тоҷик ва душманони давлати тоҷикон ҳоло ҳам аз ниятҳои нопок ва нақшаҳои ғаразноку харобкоронаи худ даст накашидаанд.
Раисҷумҳур изҳор дошт, ки дар ин шароит бояд ҳушёриву зиракии сиёсиро бояд ҳаргиз аз даст надоду ваҳдати миллии мардумро таҳким бахшид.
Бо дарназардошти ҳодисаву равандҳое, ки дар минтақа ва ҷаҳон идома доранд, ба ҳимояи сулҳу оромии Ватани азизамон, зиндагии осоиштаи халқамон, суботи сиёсии кишварамон ва амнияти давлатамон омода бошем, таъкид намуд Эмомалӣ Раҳмон.