https://sputnik.tj/20230817/khatlon-doktor-ilm-tib-faoliyat-1058879832.html
Дар Хатлон ҳамагӣ 2 доктори илмҳои тиб фаъолият доранд: Дастур барои беҳбуди вазъ
Дар Хатлон ҳамагӣ 2 доктори илмҳои тиб фаъолият доранд: Дастур барои беҳбуди вазъ
Sputnik Тоҷикистон
Роҳбарияти ҳукумати Хатлон дар арафаи рӯзи кормандони соҳаи тиб дар Тоҷикистон, ки ҳамасола 18 август таҷлил мешавад, бурду бохти соҳаро баррасӣ намуд
2023-08-17T14:24+0500
2023-08-17T14:24+0500
2023-08-17T18:26+0500
дар тоҷикистон
тандурустӣ
бемор
хатлон
соҳаи тандурустӣ
муассиса
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102133/31/1021333158_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_7ffcceaae7692299d82932a6f477bb76.jpg
ДУШАНБЕ, 17 авг – Sputnik. Тайёр намудани кадрҳои баландтахассус ва кам кардани норасоии кадрӣ дар Хатлон зимни ҷаласаи роҳбарияти вилоят бо масъулини бахши тандурустӣ баррасӣ гардид. Ба иттилои нашрияи расмии "Хатлон", дар ҷаласа муовини раиси вилоят, Фирӯза Шарифӣ ва роҳбарони бахши тандурустӣ иштирок намудаанд. Дар ҷаласа Шарифӣ аз он эрод гирифтааст, ки аз қариб 1,3 ҳазор кормандони соҳаи тиб, ҳамагӣ 29 нафар номзади илм ва 2 нафар доктори илмҳои тиб мебошаду халос. "Ҳамзамон, аз ин шумора, 314 нафар табибон, 602 нафар кормандони миёнаи тиб ва 371 нафар кормандони ёрирасон мебошанд", - изҳор доштаст Шарифӣ. Ноиби раиси Хатлон хостори таъмини беҳтару бештари муассисаҳои тиббии минтақа бо мутахассисон шудааст. Ба иттилои расмӣ, айни ҳол дар вилоят 1785 муассисаи тандурустӣ, аз ҷумла 10 муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ фаъолият доранд. Дар феҳрасти муассисаҳои тиббии Хатлон, аз ҷумла 110 муассисаи беморхонавӣ, 259 маркази махсусгардонидашуда, 2 маркази ёрии таъҷилӣ низ зикр шудааст. Бар асоси Барномаи давлатии рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Хатлон барои соҳои 2021–2025 ҷудо намудани беш аз 1,3 млрд сомонӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва шарикони рушд дар назар дошта шудааст.
https://sputnik.tj/20230814/zebogi-besifat-sughd-mavod-oroishi-gigeni-1058810621.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102133/31/1021333158_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_50ae495b2d3ed249851d4b22a470389e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дастур, беҳбуд, таъминот, хатлон, кадрӣ
дастур, беҳбуд, таъминот, хатлон, кадрӣ
Дар Хатлон ҳамагӣ 2 доктори илмҳои тиб фаъолият доранд: Дастур барои беҳбуди вазъ
14:24 17.08.2023 (Навсозишуда: 18:26 17.08.2023) Роҳбарияти ҳукумати Хатлон дар арафаи рӯзи кормандони соҳаи тиб дар Тоҷикистон, ки ҳамасола 18 август таҷлил мешавад, бурду бохти соҳаро баррасӣ намуд
ДУШАНБЕ, 17 авг – Sputnik. Тайёр намудани кадрҳои баландтахассус ва кам кардани норасоии кадрӣ дар Хатлон зимни ҷаласаи роҳбарияти вилоят бо масъулини бахши тандурустӣ баррасӣ гардид.
Ба иттилои нашрияи расмии "Хатлон", дар ҷаласа муовини раиси вилоят, Фирӯза Шарифӣ ва роҳбарони бахши тандурустӣ иштирок намудаанд.
Дар ҷаласа Шарифӣ аз он эрод гирифтааст, ки аз қариб 1,3 ҳазор кормандони соҳаи тиб, ҳамагӣ 29 нафар номзади илм ва 2 нафар доктори илмҳои тиб мебошаду халос.
"Ҳамзамон, аз ин шумора, 314 нафар табибон, 602 нафар кормандони миёнаи тиб ва 371 нафар кормандони ёрирасон мебошанд", - изҳор доштаст Шарифӣ.
Ноиби раиси Хатлон хостори таъмини беҳтару бештари муассисаҳои тиббии минтақа бо мутахассисон шудааст.
Ба иттилои расмӣ, айни ҳол дар вилоят 1785 муассисаи тандурустӣ, аз ҷумла 10 муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ фаъолият доранд.
Дар феҳрасти муассисаҳои тиббии Хатлон, аз ҷумла 110 муассисаи беморхонавӣ, 259 маркази махсусгардонидашуда, 2 маркази ёрии таъҷилӣ низ зикр шудааст.
Бар асоси Барномаи давлатии рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Хатлон барои соҳои 2021–2025 ҷудо намудани беш аз 1,3 млрд сомонӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва шарикони рушд дар назар дошта шудааст.