Раҳмон ба аҳолии зарардида аз офати табиӣ хонаҳои навбунёдро тақдим кард

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкКлючи от новых квартир
Ключи от новых квартир - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.08.2023
Обуна шудан
Президенти кишвар дар деҳаи Наҷини ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ хонаҳои навбунёдро, ки барои аҳолии аз офати табиӣ зарардида бунёд гардидаанд, ба истифода дод
ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Дар деҳаи Наҷини ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон калиди хонаҳои нави истиқоматиро ба соҳибонашон супорид.
Ҳамчунин, кишвардори Тоҷикистон аз шароити хонаҳои сохташуда дидан кард.
Таъкид шудааст, ки манзилҳои нави истиқоматӣ бо санъати баланди меъморӣ бунёд гардида, дар манзилҳои нави истиқоматӣ тамоми шароити зарурӣ барои зиндагӣ фароҳам оварда шудааст.
Дар мавзеи нав барои бунёди хонаҳои истиқоматии сокинони аз офати табиӣ зарардида беш аз 1 гектар замин ҷудо шуда, барои 10 оила бо дарназардошти тамоми шароит хонаи истиқоматӣ бунёд ёфтааст.
Корҳои сохтмонӣ дар муҳлати 1 моҳ пурра бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонида шуданд.
Нафаре дар аробачаи маъюбӣ, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.08.2023
Раҳмон: Ба дастгирии ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоат эътибори аввалиндараҷа диҳед
Тибқи иттилоъ, ба ҳар оила барои бунёди манзилҳои нави истиқоматӣ 6 садяк замин ҷудо шуда, бунёди дигар инфрасохтори зарурӣ барои зиндагӣ муҳайё мебошад.
Раисҷумҳур зимни боздид ва сӯҳбатҳо бо соҳибони манзилҳои нави истиқоматӣ иброз дошт, ки Ҳукумати кишвар барои фароҳам сохтани шароити мусоиди зиндагӣ, пурра барқарор намудани хисороти расонида ва бунёди хонаҳои замонавӣ бо тамоми ҷиҳоз ҳамеша тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Ёдовар мешавем, ки шурӯъ аз 27 июни соли равон бинобар ба муддати чанд рӯз пайи ҳам фаромадани сел дар деҳаи Меденведи деҳоти Барвози ноҳияи Роштқалъа маҷрои дарёи Шохдара банд гардида, 15 хонаи истиқоматӣ пурра ва қисман хароб гардида, муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ ва боғоту заминҳои кишоварзӣ зери об монданд.
Хушбахтона, дар ин офат ягон талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашуд.
Хисороти молие, ки дар ин ҳодиса ба аҳолӣ расидааст, бо дастури Президенти комилан барқарор шуд.
Лентаи хабарҳо
0