https://sputnik.tj/20230816/oghozi-safari-korii-raisjumhur-emomali-rahmon-vanj-1058851275.html
Оғози сафари кории раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба маркази ноҳияи Ванҷ
Оғози сафари кории раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба маркази ноҳияи Ванҷ
Sputnik Тоҷикистон
Дар рӯзи дуюми сафари кориаш ба ноҳияи Дарвози ВМКБ раисҷумҳури кишвар ба ноҳияи Ванҷ сафар кард ва як кӯдакистони замонавиро ифтитоҳ кард
2023-08-16T09:40+0500
2023-08-16T09:40+0500
2023-08-16T20:08+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
ванҷ
ифтитоҳ
иншоот
бино
кӯдакистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/1a/1057931111_0:0:3077:1731_1920x0_80_0_0_95eb8dc288c28307e6efd2d0287da8d9.jpg
ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Дар ноҳияи Ванҷ нахуст, роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои навбунёди кӯдакистони рақами 1-ро ифтитоҳ кард.Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, бинои муосири муассисаи томактабӣ аз 3 ошёна иборат буда, барои 200 кӯдак пешбинӣ гардидааст.Дар кӯдакистони ноҳияи Ванҷ 38 мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кории доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.Эмомалӣ Раҳмон баъд аз шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида дар кӯдакистон бо дӯстрӯякон сӯҳбат кард ва ба онҳо тӯҳфаҳои хотирмон тақдим намуд.Манбаъ иттилоъ додааст, ки кӯдакистони рақами 1 дар ноҳияи Ванҷ дуюмин муассисаи томактабӣ буда, ба истифода супоридани он барои фарогирии бештари насли наврас ба таълиму тарбияи томактабӣ мусоидат хоҳад кард.Ёдовар мешавем, ки дирӯз Президенти кишвар бо дастовардҳои сокинони шарафманди ноҳияи Дарвоз шинос шуда буд ва ба масъулин барои истифодаи самараноку оқилонаи имкониятҳои табии мавҷуд супориш дод.
https://sputnik.tj/20230815/hamdardi-emomali-rahmon-putin-1058848664.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/1a/1057931111_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_0d4eae743d052a332ae0b6e8f554ef68.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, раисҷумҳур, ванҷ, сафар, вмкб
тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, раисҷумҳур, ванҷ, сафар, вмкб
Оғози сафари кории раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба маркази ноҳияи Ванҷ
09:40 16.08.2023 (Навсозишуда: 20:08 16.08.2023) Дар рӯзи дуюми сафари кориаш ба ноҳияи Дарвози ВМКБ раисҷумҳури кишвар ба ноҳияи Ванҷ сафар кард ва як кӯдакистони замонавиро ифтитоҳ кард
ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Дар ноҳияи Ванҷ нахуст, роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои навбунёди кӯдакистони рақами 1-ро ифтитоҳ кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, бинои муосири муассисаи томактабӣ аз 3 ошёна иборат буда, барои 200 кӯдак пешбинӣ гардидааст.
Дар кӯдакистони ноҳияи Ванҷ 38 мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кории доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Эмомалӣ Раҳмон баъд аз шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида дар кӯдакистон бо дӯстрӯякон сӯҳбат кард ва ба онҳо тӯҳфаҳои хотирмон тақдим намуд.
Манбаъ иттилоъ додааст, ки кӯдакистони рақами 1 дар ноҳияи Ванҷ дуюмин муассисаи томактабӣ буда, ба истифода супоридани он барои фарогирии бештари насли наврас ба таълиму тарбияи томактабӣ мусоидат хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки дирӯз Президенти кишвар бо дастовардҳои сокинони шарафманди ноҳияи Дарвоз шинос шуда буд ва ба масъулин барои истифодаи самараноку оқилонаи имкониятҳои табии мавҷуд супориш дод.