https://sputnik.tj/20230816/iiao-tijorati-elektroni-chin-taqviyat-1058865125.html
ИИАО тиҷорати электронӣ бо Чинро тақвият мебахшад
ИИАО тиҷорати электронӣ бо Чинро тақвият мебахшад
Sputnik Тоҷикистон
Намояндагони бахши гумруку тиҷорати Комиссияи иқтисодии АвруОсиё бо масъулини сафорати Чин дар Русия таҳкими равобити тиҷориро баррасӣ намуданд
2023-08-16T19:51+0500
2023-08-16T19:51+0500
2023-08-17T12:57+0500
иқтисод
авруосиё
тиҷорат
маъмурӣ
электронӣ
савдо
чин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102867/96/1028679680_0:0:3077:1731_1920x0_80_0_0_e13c17df71dcd22e2b21434a13a0f9c0.jpg
ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Коҳиш додани ҳадди ниҳоии боҷ ва андоз аз арзиши иловашудаи молҳои чакана зимни тиҷорати электронӣ мавзӯи меҳварии мулоқоти масъулини Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва дипломатҳои Чин буд. Ба иттилои комиссияи иқтисодии АвруОсиё мулоқот бо намояндагони Чин дар қароргоҳи Комиссия бургузор гардида, дар он ҷанбаҳои мухталифи рушди тиҷорати электронӣ масъалагузорӣ шуд. Манбаъ афзуд, ки дар ин мулоқот, аз ҷумла, намояндагони блокҳои гумрукӣ ва тиҷоратии Комиссия ва намояндагони сафорати Чин дар Русия ширкат доштанд. Таъкид шуд, ки дар баробари коҳиши ҳадди ниҳоии боҷ ва андоз аз арзиши иловашуда маъмурикунонии гумрукии молҳо аз тариқи тиҷорати чакана низ баррасӣ шуд. Мудири Департаменти қонунгузории гумрукӣ ва амалияи ҳуқуқии Комиссияи иқтисодии АвруОсиё, Сергей Владимиров таъкид намудаст, ки созмон ба рушди муносибот бо шарикони асосии тиҷорӣ, ки Чин аз ҷумлаи онҳо мебошад, таваҷҷуҳи ҷиддӣ медиҳад. Таъкид шуд, ки аз ҷумла рушди тиҷорати электронии фаромарзӣ миёни Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва Чин дар меҳвари таваҷҷуҳ мебошад. Ӯ изҳори боварӣ намудаст, ки ташкили низоми самараноки маъмурикунонии гумрукӣ дар шароити рушди ҳамгироии авруосиёӣ аҳамияти бузурги иқтисодӣ дорад. Ин масъала дар муносиботи ИИАО бо Чин низ муҳим мебошад, илова намуд Валадимиров. Дар назар аст, ки барои баррасии тафсилоти муомилоти электронӣ ва маъмурикунонии гумрукӣ ҷаласаи махсус баргузор карда мешавад.
https://sputnik.tj/20230815/sharhi-muhriddin-tojikiston-ittihod-avruosiyo-1058835993.html
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102867/96/1028679680_71:0:2800:2047_1920x0_80_0_0_54259a79d903d672d7608578449e425a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
чин, тиҷорат, авросиё, гумрук, савдо
чин, тиҷорат, авросиё, гумрук, савдо
ИИАО тиҷорати электронӣ бо Чинро тақвият мебахшад
19:51 16.08.2023 (Навсозишуда: 12:57 17.08.2023) Намояндагони бахши гумруку тиҷорати Комиссияи иқтисодии АвруОсиё бо масъулини сафорати Чин дар Русия таҳкими равобити тиҷориро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Коҳиш додани ҳадди ниҳоии боҷ ва андоз аз арзиши иловашудаи молҳои чакана зимни тиҷорати электронӣ мавзӯи меҳварии мулоқоти масъулини Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва дипломатҳои Чин буд.
Ба иттилои комиссияи иқтисодии АвруОсиё мулоқот бо намояндагони Чин дар қароргоҳи Комиссия бургузор гардида, дар он ҷанбаҳои мухталифи рушди тиҷорати электронӣ масъалагузорӣ шуд.
Манбаъ афзуд, ки дар ин мулоқот, аз ҷумла, намояндагони блокҳои гумрукӣ ва тиҷоратии Комиссия ва намояндагони сафорати Чин дар Русия ширкат доштанд.
Таъкид шуд, ки дар баробари коҳиши ҳадди ниҳоии боҷ ва андоз аз арзиши иловашуда маъмурикунонии гумрукии молҳо аз тариқи тиҷорати чакана низ баррасӣ шуд.
Мудири Департаменти қонунгузории гумрукӣ ва амалияи ҳуқуқии Комиссияи иқтисодии АвруОсиё, Сергей Владимиров таъкид намудаст, ки созмон ба рушди муносибот бо шарикони асосии тиҷорӣ, ки Чин аз ҷумлаи онҳо мебошад, таваҷҷуҳи ҷиддӣ медиҳад.
Таъкид шуд, ки аз ҷумла рушди тиҷорати электронии фаромарзӣ миёни Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва Чин дар меҳвари таваҷҷуҳ мебошад.
Ӯ изҳори боварӣ намудаст, ки ташкили низоми самараноки маъмурикунонии гумрукӣ дар шароити рушди ҳамгироии авруосиёӣ аҳамияти бузурги иқтисодӣ дорад. Ин масъала дар муносиботи ИИАО бо Чин низ муҳим мебошад, илова намуд Валадимиров.
Дар назар аст, ки барои баррасии тафсилоти муомилоти электронӣ ва маъмурикунонии гумрукӣ ҷаласаи махсус баргузор карда мешавад.