Норозигии президент аз заъфи фаъолияти баъзе корхонаҳо дар Дарвоз

© Sputnik / Амир Исаев / Гузариш ба медиабонкПамятник Борбади Марвази в городе Дарваз, архивное фото
Памятник Борбади Марвази в городе Дарваз, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.08.2023
Обуна шудан
Президенти Тоҷикистон роҳбарияти ноҳияи Дарвоз ва Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳуриро муваззаф кард, ки сабаби камфаъолии корхонаҳоро муайян намоянд
ДУШАНБЕ, 15 авг - Sputnik. Дар шаш моҳи соли 2023 корхонаҳои саноатии ноҳияи Дарвоз дар ҳаҷми ҳамагӣ 7,5 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 14 млн сомонӣ ё 65% кам мебошад.
Ин нуктаро раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолони ноҳияи Дарвоз баён дошт.
Ба гуфтаи президент, дар шаш моҳи соли ҷорӣ аз 11 корхонаи саноатии амалкунанда танҳо 3 корхона суръати рушди истеҳсоли маҳсулотро таъмин намудаанд.
"Дар 7 корхона ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот коҳиш ёфтааст ва як корхона умуман фаъолият накардааст, ки вазъи баамаломада нигаронкунанда буда, андешидани чораҳои фавриро тақозо менамояд", - таъкид намудаст Раҳмон.
Ӯ роҳбарияти ВМКБ, ноҳияи Дарвоз ва Вазорати саноат ва технологияҳои навро муваззаф кардааст, ки сабабҳои коҳиш ёфтани истеҳсоли маҳсулотро дар корхонаҳои саноатии ноҳия мушаххас намоянду бартараф созанд.
Дар маҷмуъ Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаст, ки ҳаҷми тавлидоти саноатӣ дар Дарвоз дар қиёс бо аввали солҳои 90-уми асри гузашта ба маротиб боло рафтааст.
Символика Евразийской экономической комиссии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.08.2023
Рушди саноат дар Иттиҳоди АвруОсиё: Кӣ бештар пеш рафт?
Вай аз ҷумла зикр намудаст, ки истеҳсоли маҳсулоти саноатии ноҳия аз 5,4 млн сомонии соли 1993 ба 32 млн сомонӣ дар соли 2022, яъне қариб 6 баробар афзоиш ёфтааст.
Ба гуфтаи Раҳмон, ҳиссаи Дарвоз дар истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят аз қариб 9%-и соли 1991 ба 32% дар соли 2022 расидааст.
Лентаи хабарҳо
0