https://sputnik.tj/20230815/jasadi-shuhrat-ismatullozoda-yofta-shud---1058832890.html
Ҷасади Шӯҳрат Исматуллозода муовини раиси "Ориёнбонк" ёфт шуд
Ҷасади Шӯҳрат Исматуллозода муовини раиси "Ориёнбонк" ёфт шуд
Sputnik Тоҷикистон
Ба иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон шахсияти муовини раиси "Ориёнбонк"-ро аз рӯйи ташхиси дандон муаян кардаанд ва дандонпизишк низ инро тасдиқ кардааст
2023-08-15T10:34+0500
2023-08-15T10:34+0500
2023-09-26T19:55+0500
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/10/1032833326_0:106:3000:1794_1920x0_80_0_0_420f794cf9fe41c2ef2279c9e773b4e3.jpg
ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Ҷасади Шӯҳрат Исматуллозода муовини раиси "Ориёнбонк" пас аз 1,5 моҳи ҷустуҷӯ ахиран пайдо шуд. Дар ин бора Юсуф Раҳмон, прокурори генералии Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод. Ӯ гуфт, ҷасади Исматуллозода аз шаҳри Панҷакент пайдо шуд ва ахсияти ӯро аз рӯйи дандонаш муайян карданд.Ба иттилои манбаъ вобаста ба пурратар гардонидани шахсияти ӯ ташхисҳои дигар низ таъйин шудааст ва дар рӯзҳои наздик иттилои муфассал дода мешавад.Ба иттилои ин ниҳод, дар ҳоли ҳозир вобаста ба қазия нисбати 16 нафар парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.Маврид ба зикр аст, ки ахиран Вазири Корҳои дохилии кишвар Рамазон Раҳимзода даст доштани ду корманди собиқашро дар ин қазия тасдиқ кард.Сухан дар бораи раҳбари гурӯҳи ҷиноӣ Дилшод Саидмуродов, мулаққаб бо номи "Дилшоди СБ" ва яке аз аъзои он Рустам Ашӯров меравад, ки баъди тирандозӣ дар фурудгоҳи Молдова зимни амалиёти ҷавобӣ маҷрӯҳ ва дар беморхона ба ҳалокат расид.ВКД қаблан хабар дода буд, ки рӯзи 23 июни соли 2023, соати 20:10 дар кӯчаи Закариё Розии шаҳри Душанбе аъзои гуруҳи ҷиноятпеша ноиби раиси "Ориёнбонк"-ро зӯран ба автомашина савор намуда, бурдаанд.Баъдан додситонӣ тафсилоти қазияро баён дошта, таъкид намуда буд, ки дар пайи шиканҷа ноиби раиси "Ориёнбонк" ҷон додаст.Мақомот бо такя ба маълумоти оперативӣ изҳор медоштанд, ки ҷасади марҳум ба дарёи Зарафшон андохта шудааст.
https://sputnik.tj/20230811/vazir-duzdii-muovin-oriyonbonk-kormand-peshin-vkd-dast-1058768121.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/10/1032833326_234:0:2766:1899_1920x0_80_0_0_b0cd5aa193088361e661acf5fc62c9f5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷасад шӯҳрат исматуллозода "ориёнбонк" ёфт
ҷасад шӯҳрат исматуллозода "ориёнбонк" ёфт
Ҷасади Шӯҳрат Исматуллозода муовини раиси "Ориёнбонк" ёфт шуд
10:34 15.08.2023 (Навсозишуда: 19:55 26.09.2023) Ба иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон шахсияти муовини раиси "Ориёнбонк"-ро аз рӯйи ташхиси дандон муаян кардаанд ва дандонпизишк низ инро тасдиқ кардааст
ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Ҷасади Шӯҳрат Исматуллозода муовини раиси "Ориёнбонк" пас аз 1,5 моҳи ҷустуҷӯ ахиран пайдо шуд.
Дар ин бора Юсуф Раҳмон, прокурори генералии Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Ӯ гуфт, ҷасади Исматуллозода аз шаҳри Панҷакент пайдо шуд ва ахсияти ӯро аз рӯйи дандонаш муайян карданд.
"Ҷасади Исматуллозода дар ҷазирачаи байни дарё дар минтақаи Саразм ду рӯз қабл пайдо шуд. Духтури дандон низ тасдиқ кард, ки дар ҳақиқат се дандонро ба ӯ вай гузоштааст, ки аз рӯйи он шахсияташ дақиқ шуд " - гуфт, Юсуф Раҳмон.
Ба иттилои манбаъ вобаста ба пурратар гардонидани шахсияти ӯ ташхисҳои дигар низ таъйин шудааст ва дар рӯзҳои наздик иттилои муфассал дода мешавад.
Ба иттилои ин ниҳод, дар ҳоли ҳозир вобаста ба қазия нисбати 16 нафар парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.
Маврид ба зикр аст, ки ахиран Вазири Корҳои дохилии кишвар Рамазон Раҳимзода даст доштани ду корманди собиқашро дар ин қазия тасдиқ кард.
Сухан дар бораи раҳбари гурӯҳи ҷиноӣ Дилшод Саидмуродов, мулаққаб бо номи "Дилшоди СБ" ва яке аз аъзои он Рустам Ашӯров меравад, ки баъди тирандозӣ дар фурудгоҳи Молдова зимни амалиёти ҷавобӣ маҷрӯҳ ва дар беморхона ба ҳалокат расид.
ВКД қаблан хабар дода буд, ки рӯзи 23 июни соли 2023, соати 20:10 дар кӯчаи Закариё Розии шаҳри Душанбе аъзои гуруҳи ҷиноятпеша ноиби раиси "Ориёнбонк"-ро зӯран ба автомашина савор намуда, бурдаанд.
Баъдан додситонӣ тафсилоти қазияро баён дошта, таъкид намуда буд, ки дар пайи шиканҷа ноиби раиси "Ориёнбонк" ҷон додаст.
Мақомот бо такя ба маълумоти оперативӣ изҳор медоштанд, ки ҷасади марҳум ба дарёи Зарафшон андохта шудааст.