Футболбозони то 15-солаи Тоҷикистон дар CAFA-2023 иштирок мекунанд

© ФФТЮношеская сборная Таджикистана в отборочном турнире Кубка Азии-2023
Юношеская сборная Таджикистана в отборочном турнире Кубка Азии-2023  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.08.2023
Обуна шудан
Дар мусобиқоти қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ миёни мунтахабҳои то 17-сола, Тоҷикистонро дастаи наврасони то 15-сола намояндагӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Мунтахаби наврасони то 15-солаи Тоҷикистон (U-15) таҳти роҳбарии Далер Каёсов ба чемпионати CAFA-2023 миёни мунтахабҳои то 17-сола омодагӣ мебинанд.
Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки маҳз ин тими наврасони Тоҷикистон (U-15), моҳи октябри соли оянда дар мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2025 ширкат мекунад.
Дар айни ҳол ин даста ба мусобиқоти қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ омодагӣ мебинад.
ФФТ афзуд, ки чемпионати CAFA-2023 байни дастаҳои наврасон (U-17) аз 20 то 27 август дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор дар назар аст.
Пирӯзии дастаи футзали Амонтабонк - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.08.2023
“Амонатбонк” бар Ориёнбанк пирӯз шуд
Дар ин мусобиқа дастаҳои наврасони панҷ кишвари минтақа – Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон, Афғонистон ва Қирғизистон иштирок мекунанд.
Ба иттилои ФФТ, дар доираи чемпионати CAFA-2023 (U-17) 10 бозӣ аз рӯи системаи даврӣ баргузор гардида, дастаи ғолиб аз рӯйи шумораи холҳо муайян карда мешавад.
Рӯзи аввали мусобиқа - 20 август Қирғизистон бо Афғонистон ва Ӯзбекистон бо Эрон нерӯ месанҷанд. Рӯзи 21 август тими Афғонистон бо дастаи Тоҷикистон ва Қирғизистон бо Ӯзбекистон вориди майдон мегардад.
Дар даври сеюм Эрон бо Афғонистон, Тоҷикистон бо Қирғизистон, дар даври чорум Эрону Қирғизистон ва Ӯзбекистону Тоҷикистон нерӯ зӯр меозмоянд.
Дар рӯзи ниҳоии мусобиқа 27 август бозии Афғонистону Ӯзбекистон ва Тоҷикистону Эрон ба нақша гирифта шудааст.
Лентаи хабарҳо
0