Беш аз 20 ҳазор сомонӣ даромади миёнаи блогерҳои Тоҷикистон: Чӣ қадар андоз пардохтаанд?

CC0 / Pexels / Martin Lopez / Видео съемка, архивное фото
Видео съемка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.08.2023
Обуна шудан
Бар асоси эъломияе, ки блогерҳои Тоҷикистон ба мақомоти андоз пешниҳод намудаанд, ба ҳисоби миёна ҳар кадомашон ҳудуди 20,5 ҳазор сомонӣ даромад доштаанд
ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Дар Тоҷикистон теъдоди онҳое, ки ба блогерӣ ва ё дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланду дар мақомоти андоз сабти ном шудаанд, ба 81 нафар расидааст.
Дар ин бора масъулини Кумитаи андози Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода, афзуданд, ки ин теъдод дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 49 нафар зиёд мебошад.
Таъкид гардид, ки блогерҳо вобаста ба эъломияи даромади пешниҳодкардаашон ба буҷа андоз пардохт мекунанд.
Бар асоси ҳисоботи пешниҳодкарда, даромади онҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд, дар давоми 6 моҳ зиёда аз 10 млн сомониро ташкил додаст, ки ба ҳисоби миёна ба ҳар кадомашон дар як моҳ 20,5 ҳазор сомонӣ рост меояд.
Юбилейный показ дизайнера Хуршеда Сатторова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.07.2023
Қонуни нав дар Қазоқистон: Блогерон дигар андоз месупоранду барои дуруғгӯӣ ҷазо мегиранд
Масуълини Кумитаи андози Тоҷикистон афзуданд, ки дар нимсолаи аввал блогерҳо ҳудуди 1,2 млн сомонӣ ба буҷет пардохт кардаанд.
Таъкид шуд, бисёре аз онҳое, ки ба фаъолияти блогерӣ машғуланд бидуни қайд кор мекунанд ва мақомот талош доранд, ҳар чӣ бештар онҳоро сабти ном намоянду аз ин ҳисоб буҷа даромади бештар гирад.
Дар мавриди сарояндагон иттилоъ дода шуд, ки фаъолияти онҳо низ соҳибкорӣ ба ҳисоб рафта, бояд дар қайди мақомоти андоз бошанд.
Ба иттилои Кумитаи андози Тоҷикистон, феълан дар қайди мақомот зиёда аз 1 ҳазор шахсони воқеӣ, ки ба навозандагӣ, сарояндагӣ, барандагӣ раққосагӣ ва ғайра дар тӯйҳо машғуланд, сабти ном шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0