Дар Душанбе миқдори рекордии гулу дарахт шинондаанд

© Sputnik Цветы в городе Душанбе у цирка
Цветы в городе Душанбе у цирка - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.08.2023
Обуна шудан
Шаҳрдории пойтахти Тоҷикистон қайд кард, ки барои ободонӣ ва кабудизоркунии шаҳр ҷашни гулҳои "Сайри гули лола" баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Дар Душанбе микдори рекордии гул шинондаанд. Дар ин бора аз шаҳрдории пойтахти Тоҷикистон хабар доданд.
Қайд карда мешавад, ки дар давоми 6 моҳи соли 2023 дар шаҳр теъдоди зерини ниҳолҳо ва гулҳо шинонда шудаанд:
14,4 миллион дона гул,
265,2 ҳазор дарахт,
1,6 миллион тухмии гули мавсимӣ.
Илова бар ин, аз хориҷи кишвар ба Душанбе беш аз 8 ҳазор бех дарахтони нодир оварда шуд.
Шаҳрдории пойтахти Тоҷикистон зикр кард, ки барои ободонӣ ва кабудизоркунии шаҳр ҷашни гулҳои "Сайри гули лола" баргузор гардид.
Дар чорчӯби ин чорабинӣ дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе 9,8 миллион дона гул, аз ҷумла 5,7 миллион дона лола шинонда шуд.
Цветы в городе Душанбе в центре города - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.03.2023
Офтобу гулҳо: Баргузории фестивали “Сайри гули лола” дар Душанбе
Қаблан дар Боғи марказии Роғун 5000 лолаи рангоранг шинонда шуда буд.
Мувофиқи нақшаи шӯъбаи муҳофизати муҳити зист, дар шаҳр зиёда аз 17 хазор бех ниҳоли сояафкан, ороишӣ ва мевадиханда шинонда мешавад.
Ба гуфтаи масъулин, дар ҷараёни шинонидан навъҳои растании тобовар ба иқлими Тоҷикистон интихоб карда мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0