https://sputnik.tj/20230813/suporishi-vazir-ravonshinoson-kulob-1058802037.html
Бо супориши вазир: Равоншиносон осебдидагони садамаи нақлиётии Кӯлоб хабар гирифтанд
Бо супориши вазир: Равоншиносон осебдидагони садамаи нақлиётии Кӯлоб хабар гирифтанд
Sputnik Тоҷикистон
Ба иттилои вазорати тандурустии кишвар равоншиносон ба осебдидагони садамаи нақлиётии шаҳри Кӯлоб кӯмаки равонӣ расониданд
2023-08-13T20:01+0500
2023-08-13T20:01+0500
2023-08-14T19:46+0500
дар тоҷикистон
тандурустӣ
равоншинос
кӯлоб
садама
супориш
вазир
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/0d/1058801686_0:144:1080:752_1920x0_80_0_0_7ac201d36a8fb88e79638b6877494e20.jpg
ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Бо супориши бевоситаи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ иборат аз мутахассисони соҳаи равонпизишкӣ, равоншифоӣ ва равоншиносии сатҳи ҷумҳуриявӣ ташкил ва ба шаҳри Кӯлоб сафарбар карда шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати тандурустӣ. Ба иттилои манбаъ, аз ҷониби мутахассисон ҳар як бемор ва осебдида ҷудогона аз муоинаи равонӣ гузаронида шуда, ҳолати баъдисадамавии онҳо муайян гардид. Ҳамчунин қайд карда шудааст, ки табиби равонпизишки минтақа саривақт дорую дармонҳои лозимаро барои беморон ва осебдидагон таъйин намуда, ҳолати равонии онҳоро зери назорат гирифтааст. Мутахассисони гурӯҳи корӣ бо мақсади суст гардонидани омили садама дар шуури беморони осебдида сӯҳбатҳои равонӣ гузаронида, барои табибони минтақа тавсияҳои табобатӣ-профилактикӣ пешниҳод намуданд. “Нисбати ҳар як бемор бо табибони минтақа маслиҳат намуда, тавсияҳои табобатӣ - профилактикӣ дода шуд”, - зкир кардааст вазорати тандурустӣ. Ҳамчунин, мутахассисони соҳа бо наздикону пайвандони фавтидагони садамаи нақлиётии мазкур низ сӯҳбат гузаронида ба онҳо кӯмаки равонӣ расониданд. Ёдовар мешавем, ки ахиран дар зимни баргузории нишасти матбуотӣ аз ҷониби рӯзноманигорон пешниҳод шуда буд, ки ба осебидагони садамаи нақлиётии шаҳри Кӯлоб ва наздикону пайвандони фавтидагон кӯмаки равонӣ расонида шавад, чун онҳо дар ҳолати душвор қарор доранд.
https://sputnik.tj/20230809/ronandagone-sadamai-kulob-khudrav-zarar-moshinho-nav-1058726226.html
кӯлоб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/0d/1058801686_0:0:1080:810_1920x0_80_0_0_c25ee13738fe411f8c2a07e7f673309a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, вазорати тандурустӣ, аҳвол, осебдидагон, садама, кӯлоб, хабар, кӯмак, садамаи нақлиётӣ, тандурурстӣ
тоҷикистон, вазорати тандурустӣ, аҳвол, осебдидагон, садама, кӯлоб, хабар, кӯмак, садамаи нақлиётӣ, тандурурстӣ
Бо супориши вазир: Равоншиносон осебдидагони садамаи нақлиётии Кӯлоб хабар гирифтанд
20:01 13.08.2023 (Навсозишуда: 19:46 14.08.2023) Ба иттилои вазорати тандурустии кишвар, равоншиносон ба осебдидагони садамаи нақлиётии шаҳри Кӯлоб кӯмаки равонӣ расониданд
ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Бо супориши бевоситаи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ иборат аз мутахассисони соҳаи равонпизишкӣ, равоншифоӣ ва равоншиносии сатҳи ҷумҳуриявӣ ташкил ва ба шаҳри Кӯлоб сафарбар карда шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати тандурустӣ.
Ба иттилои манбаъ, аз ҷониби мутахассисон ҳар як бемор ва осебдида ҷудогона аз муоинаи равонӣ гузаронида шуда, ҳолати баъдисадамавии онҳо муайян гардид.
Ҳамчунин қайд карда шудааст, ки табиби равонпизишки минтақа саривақт дорую дармонҳои лозимаро барои беморон ва осебдидагон таъйин намуда, ҳолати равонии онҳоро зери назорат гирифтааст.
Мутахассисони гурӯҳи корӣ бо мақсади суст гардонидани омили садама дар шуури беморони осебдида сӯҳбатҳои равонӣ гузаронида, барои табибони минтақа тавсияҳои табобатӣ-профилактикӣ пешниҳод намуданд.
“Нисбати ҳар як бемор бо табибони минтақа маслиҳат намуда, тавсияҳои табобатӣ - профилактикӣ дода шуд”, - зкир кардааст вазорати тандурустӣ.
Ҳамчунин, мутахассисони соҳа бо наздикону пайвандони фавтидагони садамаи нақлиётии мазкур низ сӯҳбат гузаронида ба онҳо кӯмаки равонӣ расониданд.
Ёдовар мешавем, ки ахиран дар зимни баргузории нишасти матбуотӣ аз ҷониби рӯзноманигорон пешниҳод шуда буд, ки ба осебидагони садамаи нақлиётии шаҳри Кӯлоб ва наздикону пайвандони фавтидагон кӯмаки равонӣ расонида шавад, чун онҳо дар ҳолати душвор қарор доранд.