https://sputnik.tj/20230813/kulob-mahsuloti-pastsifatro-oshkor-nobud-1058800460.html
Ҳукумати Кӯлоб гуфт чӣ қадар маҳсулоти пастсифатро ошкор ва нобуд кардааст
Ҳукумати Кӯлоб гуфт чӣ қадар маҳсулоти пастсифатро ошкор ва нобуд кардааст
Sputnik Тоҷикистон
Кормандони Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо дар минтақаи Кӯлоб дар 6 моҳ 1037 кг маҳсулоти пастсифат ошкор кардааст
2023-08-13T18:42+0500
2023-08-13T18:42+0500
2023-08-13T18:42+0500
дар тоҷикистон
ошкор
маҳсулот
пастсифат
маҳсулоти пастсифат
кӯлоб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/08/1032782321_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_1ab044f648b40aabd3122ec5f372d971.jpg
ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Ҳукумати шаҳри Кғлоб 1037 килограмм маҳсулоти муҳлати истифодаашон гузаштаро аз муомилот гирифта, бо иштироки комиссия ва кормандони воситаҳои ахбори омма нобуд намуданд.Дар ин хусус зимни нишасти матбуотии Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо дар минтақаи Кӯлоб иттилоъ додааст.Ба иттилои манбаъ, дар шашмоҳаи аввали соли равон дар 171 нуқтаи савдо, бозорҳо ва нуқтаҳои хӯроки умумӣ 62 санҷиш бо иштироки кормандони мақомот гузаронида шудааст.Манбаъ қайд кардааст, ки барои риоя накардани қоидаи савдо нисбат ба 215 нафар соҳибкорони нуқтаҳои савдо, хӯроки умумӣ ва нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар асоси талаботи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон санади маъмурӣ тартиб дода шуд ва онҳо ба маблағи 54 ҳазору 128 сомонӣ ҷарима баста шуданд.Инчунин дар ин давра маҳсулоти хӯрокворӣ 250,5 кг, маҳсулоти гӯштӣ – 171 кг, хӯриш – 95 кг, маҳсулоти ширӣ – 32 кг, чой – 11 кг, намаки ошӣ – 77 кг, қайлаи помидор – 7 кг, ранг — 4 кг, нӯшокиҳои ғайримашруботӣ ва машруботӣ 411,5 литр ва нӯшокии энергетикии "Горилла" 76,5 литр аз муомилот гирифта шуданд.Ҳамчунин дар шаш моҳи соли равон кормандони шуъбаи санҷиш оид ба риояи талаботи регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ дар маҷмааи агросаноатӣ бо дархости соҳибкорони шаҳру минтақаи Кӯлоб дар фаъолияти 138 корхонаи истеҳсолӣ корҳои сертификатсионӣ гузарониданд.Дар панҷ ҳолат 65 ҳазор кг намаки ғайристандартӣ дар корхонаҳои ҶДММ "Диловар — Н" 10 ҳазор кг, ҶДММ "Намакдон" 10 ҳазор кг, ҶДММ "Душанбе" 20 ҳазор кг ва ҶСК "Хоҷа Муъмин"-и ноҳияи Восеъ 25 ҳазор кг ошкор гардид.
https://sputnik.tj/20230802/kashf-musodira-mahsulot-pastsifat-tojikiston-1058603723.html
кӯлоб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/08/1032782321_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_eb6fe12a79eb7d9a3f8978cd5d10d736.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, маҳсулот, пастсифат, кӯлоб, сертификат,стандарт, ошкор
тоҷикистон, маҳсулот, пастсифат, кӯлоб, сертификат,стандарт, ошкор
Ҳукумати Кӯлоб гуфт чӣ қадар маҳсулоти пастсифатро ошкор ва нобуд кардааст
Кормандони Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо дар минтақаи Кӯлоб дар 6 моҳ 1037 кг маҳсулоти пастсифат ошкор кардааст
ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Ҳукумати шаҳри Кғлоб 1037 килограмм маҳсулоти муҳлати истифодаашон гузаштаро аз муомилот гирифта, бо иштироки комиссия ва кормандони воситаҳои ахбори омма нобуд намуданд.
Дар ин хусус зимни нишасти матбуотии Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо дар минтақаи Кӯлоб иттилоъ додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар шашмоҳаи аввали соли равон дар 171 нуқтаи савдо, бозорҳо ва нуқтаҳои хӯроки умумӣ 62 санҷиш бо иштироки кормандони мақомот гузаронида шудааст.
Манбаъ қайд кардааст, ки барои риоя накардани қоидаи савдо нисбат ба 215 нафар соҳибкорони нуқтаҳои савдо, хӯроки умумӣ ва нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар асоси талаботи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон санади маъмурӣ тартиб дода шуд ва онҳо ба маблағи 54 ҳазору 128 сомонӣ ҷарима баста шуданд.
Инчунин дар ин давра маҳсулоти хӯрокворӣ 250,5 кг, маҳсулоти гӯштӣ – 171 кг, хӯриш – 95 кг, маҳсулоти ширӣ – 32 кг, чой – 11 кг, намаки ошӣ – 77 кг, қайлаи помидор – 7 кг, ранг — 4 кг, нӯшокиҳои ғайримашруботӣ ва машруботӣ 411,5 литр ва нӯшокии энергетикии "Горилла" 76,5 литр аз муомилот гирифта шуданд.
Ҳамчунин дар шаш моҳи соли равон кормандони шуъбаи санҷиш оид ба риояи талаботи регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ дар маҷмааи агросаноатӣ бо дархости соҳибкорони шаҳру минтақаи Кӯлоб дар фаъолияти 138 корхонаи истеҳсолӣ корҳои сертификатсионӣ гузарониданд.
Дар панҷ ҳолат 65 ҳазор кг намаки ғайристандартӣ дар корхонаҳои ҶДММ "Диловар — Н" 10 ҳазор кг, ҶДММ "Намакдон" 10 ҳазор кг, ҶДММ "Душанбе" 20 ҳазор кг ва ҶСК "Хоҷа Муъмин"-и ноҳияи Восеъ 25 ҳазор кг ошкор гардид.