Донишгоҳи Хуҷанд узви донишгоҳҳои АвруОсиё шуд: ҳадаф густариши ҳамкориҳои илмӣ

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкБиологический факультет МГУ
Биологический факультет МГУ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.08.2023
Обуна шудан
Се донишгоҳи Тоҷикистон, Донишгоҳи миллӣ, Донишгоҳӣ омӯзгорӣ ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсат шомили Ассотсиатсияи донишгоҳҳои АвруОсиё шудаанд
ДУШАНБЕ, 13 авг – Sputnik. Ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар Хуҷанд Муъмин Шарифзода, дар ин бора зимни баргузории нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ӯ, гуфт, дар ҷаласаи Шӯрои XV ассотсиатсияи донишгоҳҳои АвруОсиё дар шаҳри Маскав, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба узвияти ин созмони бо нуфузи илмӣ пазируфта шуд.
“Аъзогӣ дар Шӯрои мазкур барои табодули таҷриба дар ҳамаи соҳаҳои фаъолияти донишгоҳ бо донишгоҳҳои пешкадами кишварҳои ИДМ заминаи хуби ҳамкориҳои илмиро фароҳам меоварад” – таъкид кард, ректор.
Зимнан ба ҳисоби донишгоҳҳои миллӣ ва омӯзгории шаҳри Душанбе, ин сеюмин донишгоҳи Тоҷикистон гуфта мешавад, ки ба узвияти Ассотсиатсияи донишгоҳҳои АвруОсиё пазируфта шудаанд.
Ахиран зимни баргузории анҷуми ин ассостсиатсия дар Маскав дар натиҷаи овоздиҳӣ ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ноиби президенти Ассотсиатсияи донишгоҳҳои АвруОсиё интихоб шуд.
Флаги ЕАЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.08.2023
Бекорӣ дар кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё кам шудааст
Ҳадафи Шӯрои Ассотсиатсияи донишгоҳҳои АвруОсиё ин ташкили майдони гуфтугӯи байналмилалӣ барои муҳокима ва табодули таҷрибаи пешқадам дар самти инкишофи ҳамкориҳо байни муассисаҳои таҳсилоти олии давлатҳои ИДМ, дарёфт намудани ҳамкорон мувофиқи самтҳои фаъолият, инчунин баланд бардоштани сифат ва ташаккули фаъолияти касбӣ гуфта мешавад.
ДДҲБСТ (ТГУПБП) дар шаҳри Хуҷанд бо донишгоҳи федералии Сибир, Донишгоҳи давлатии педагогии Нижний Новгород ба номи Минин, Донишгоҳи техника ва радиоэлектроникаи Белорус ва бо як қатор донишгоҳҳои кишвари Қазоқистон ва Ӯзбекистон шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидааст.
Лентаи хабарҳо
0