https://sputnik.tj/20230813/deha-bebarqi-khatlon-barq-tamin-1058796981.html
64 деҳаи бебарқи вилояти Хатлон бо барқ таъмин шуданд
64 деҳаи бебарқи вилояти Хатлон бо барқ таъмин шуданд
Sputnik Тоҷикистон
Ширкати "Шабакаҳои тақсимоти барқ" лоиҳаи "Электрификатсияи деҳот"-ро дар вилояти Хатлон бо арзиши 6,5 млн доллар амалӣ менамояд
2023-08-13T13:09+0500
2023-08-13T13:09+0500
2023-08-13T13:09+0500
дар тоҷикистон
барқ
хатлон
таъмин кардан
энергетика
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/1d/1031651668_0:274:3072:2002_1920x0_80_0_0_52d2bd2c093b1736eec73d303710e2a4.jpg
ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Лоиҳаи бо барқ таъмин намудани 64 деҳаи бебарқро дар ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Фархор дар бар мегирад, иттилоъ доданд масъулини ҶСК "Шабакаҳои тақсимоти барқ" дар нишасти матбуотии ахир.Ба иттилои ин ширкат, аллакай дар доираи лоиҳаи "Электрификатсияи деҳот" ба маблағи 2 млн 154 ҳазор доллар корҳо анҷом дода шудаанд.Ҳамчунин лоиҳаи "Барномаи рушди соҳаи энергетика" бо арзиши 95 млн доллар дар амал татбиқ шуда истодааст, ки бо анҷом ёфтани он инфрасохтори баҳисобгирӣ дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Данғара, Бӯстон, Исфара, Истаравшан, Конибодом ва Панҷакент ҷорӣ хоҳад шуд.Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки лоиҳаи "Сохтмони зеристгоҳи барқии 110/10 кВ" дар шаҳри Душанбе барои таъмини барқ дар биноҳои нави Парлумон ва ҳукумати Тоҷикистон ба инобат гирифта шуда, арзиши умумии лоиҳа 61 млн 998 ҳазор сомонӣ муайян шудааст.То давраи ҳисоботӣ дар доираи лоиҳаи мазкур ба маблағи 10 млн 400 ҳазор сомонӣ корҳо ба анҷом расонида шудаанд."Шабакаҳои тақсимоти барқ" ёдрас шудааст, ки дар шашмоҳаи аввали соли равон 9 млрд 118 млн кВт-соат энергияи барқ қабул намудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 421 млн кВт-соат зиёд мебошад.
https://sputnik.tj/20230810/dar-tojikiston-imsol-ham-limiti-barq-jori-meshavad-1058739430.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/1d/1031651668_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_9e6b89af13e0717af6de616902167fa9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, хатлон, барқ, таъмин, деҳа, энергетика, лоиҳа
тоҷикистон, хатлон, барқ, таъмин, деҳа, энергетика, лоиҳа
64 деҳаи бебарқи вилояти Хатлон бо барқ таъмин шуданд
Ширкати "Шабакаҳои тақсимоти барқ" лоиҳаи "Электрификатсияи деҳот"-ро дар вилояти Хатлон бо арзиши 6,5 млн доллар амалӣ менамояд
ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Лоиҳаи бо барқ таъмин намудани 64 деҳаи бебарқро дар ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Фархор дар бар мегирад, иттилоъ доданд масъулини ҶСК "Шабакаҳои тақсимоти барқ" дар нишасти матбуотии ахир.
Ба иттилои ин ширкат, аллакай дар доираи лоиҳаи "Электрификатсияи деҳот" ба маблағи 2 млн 154 ҳазор доллар корҳо анҷом дода шудаанд.
Ҳамчунин лоиҳаи "Барномаи рушди соҳаи энергетика" бо арзиши 95 млн доллар дар амал татбиқ шуда истодааст, ки бо анҷом ёфтани он инфрасохтори баҳисобгирӣ дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Данғара, Бӯстон, Исфара, Истаравшан, Конибодом ва Панҷакент ҷорӣ хоҳад шуд.
Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки лоиҳаи "Сохтмони зеристгоҳи барқии 110/10 кВ" дар шаҳри Душанбе барои таъмини барқ дар биноҳои нави Парлумон ва ҳукумати Тоҷикистон ба инобат гирифта шуда, арзиши умумии лоиҳа 61 млн 998 ҳазор сомонӣ муайян шудааст.
То давраи ҳисоботӣ дар доираи лоиҳаи мазкур ба маблағи 10 млн 400 ҳазор сомонӣ корҳо ба анҷом расонида шудаанд.
"Шабакаҳои тақсимоти барқ" ёдрас шудааст, ки дар шашмоҳаи аввали соли равон 9 млрд 118 млн кВт-соат энергияи барқ қабул намудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 421 млн кВт-соат зиёд мебошад.