Аз таҷовуз то савдои одамон: дар Тоҷикистон ҷинояткорӣ афзудааст

© Sputnik / Амир ИсаевМилиционеры в Душанбе, архивное фото
Милиционеры в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.08.2023
Обуна шудан
Вазорати корхои дохилии ҷумҳурӣ аз натиҷаи сатҳи содиршавии ҷиноят дар кишвар гузориш дода гуфт, ин вазъ миёни ноболиғон беҳбуд пайдо кардааст
ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Зарфи ним соли 2023 дар Тоҷикистон 11 612 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст.
Дар ин бора Вазорати умури дохилии кишвар хабар дода гуфтааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 870 ҳолат бештар аст.
Ба иттилои манбаъ, аз омори умумӣ аз ҷониби ин ниҳод 5 479 (2022- 6 130) ҷиноят ба ҳисоб гирифта шуда, аз ин 4399 (2022-5032) ҷиноят тафтиш карда шуд, ки кушодашавии он 85,3 % мебошад.
Тибқи додаҳои ВКД чунин ҷиноятҳо тайи ним сол дар кишвар содир шудааст:
одамкушӣ ва сӯиқасд ба он – 24 (2022-39),
қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ - 54 (2022-67)
таҷовуз ба номус - 25 (2022-22)
савдои одамон - 34 (2022-8)
қаллобӣ - 1 491 (2022-1715)
тамаъҷӯӣ 26 (2022-27)
Мизони ҷиноятҳои роҳзанӣ 5 ҳолат (2022 - 22), ғоратгарӣ - 61 (2022 - 65), дуздӣ - 2 229 (2022 - 3 101) ва авбошӣ - 666 (2022 - 621) ҳолат коҳиш ёфтааст.
Председатель комитета по делам молодежи и спорта Таджикистана Абдулло Рахмонзода  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.08.2023
Коҳиши ҷиноят ва нашъамандию нашъаҷаллобӣ миёни ҷавонон
Кормандони ин ниҳод 11 517 нафар ҷинояткорони дар ҷустуҷӯ қарордоштаро низ дастгир намуданд.
Содиршавии ҷиноят миёни ноболиғон ва ҷавонон коҳиш ёфтааст.
Тибқи омори ВКД миёни ноболиғон дар ин давра 258 ҷиноят содир шудааст, ки 173 ҳолат нисбат ба шашмоҳаи соли 2023 кам аст. Аз ҷониби ҷавонони низ дар ин муддат 231 ҷиноят кам (2022 - 1944) содир шудааст.
Лентаи хабарҳо
0