https://sputnik.tj/20230810/sodirot-kam-shudu-voridot-ziyod-sabab-dar-chist-1058747209.html
Содирот кам шуду воридот зиёд: Сабаб чист?
Содирот кам шуду воридот зиёд: Сабаб чист?
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, ки содирот нисбат ба 6 моҳи соли гузашта 44,2% ва воридот 19,1% афзоиш ёфтааст
2023-08-10T16:03+0500
2023-08-10T16:03+0500
2023-08-10T19:47+0500
дар тоҷикистон
содирот
воридот
иқтисод
тиҷорат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/0f/1045863977_0:297:2767:1853_1920x0_80_0_0_24e111ce194283b00f0e1a953f7b8328.jpg
ДУШАНБЕ, 10 авг – Sputnik. Содироти мол дар моҳҳои январ-июни соли равон 678,6 млн долларро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 44,2% ё ба маблағи 536,6 млн доллар кам аст, иттилоъ додааст муовини вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар Ашурбой Солеҳзода. Ба иттилои вазир, омили асосии коҳиш ёфтани нишондиҳандаи содирот - ин кам шудани ҳаҷми содироти металлҳои қиматбаҳо, маъданҳо, нахи пахта ва алюминийи аввалия ба ҳисоб мераванд. Дар баробари ин содироти молҳои ғайриозуқаворӣ, ба монанди либос то 12,5 млн доллар, маҳсулоти химиявӣ 9,5 млн доллар, 5 мис 6,9 млн. доллар, нӯшокиҳои спиртдор ва ташнашикан 4,4 млн доллар, рангҳои сохтмонӣ 4,1 млн доллар, ангишт 2,9 млн доллар, орд 2 млн. доллар, халтаҳои бастабандӣ 1,7 млн. доллар, маҳсулоти пластмассӣ 0,6 млн. доллар ва ҷӯроб 0,6 млн доллар афзоиш ёфтанд.Дар сохтори содиротии кишвар дар нимсолаи якуми соли равон ҳиссаи маъданҳо 34,7%, нахи пахта ва маҳсулот аз он 15,1%, алюминийи аввалия ва маҳсулот аз он 10,5%, дигар металлҳои нимқиматбаҳо (сурма) 8,1%, қувваи барқ 6,4%, маҳсулоти кишоварзӣ 3,4%, семент 2,9%, либос ва қисмњои он 1,8%, маҳсулоти кимиёи ғайриорганикӣ 1,4% ва металлҳои сиёҳ 1%-ро ташкил медиҳад.Ин дар ҳолест, ки дар ин давра воридоти мол ба 2,7 млрд доллар баробар гардида, нисбат ба моҳҳои январ-июни соли гузашта ба андозаи 19,1% ё 438,4 млн доллар зиёд шудааст.Зиёдшавии нишондиҳандаи воридот асосан аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми воридоти гандум, маҳсулоти нафтӣ, гази моеъ, таҷҳизоти технологӣ, мошинҳои барқӣ ва таҷҳизот, воситаҳои парвозкунанда, чӯбу тахта ва маҳсулоти он, инчунин - шумораи воситаҳои нақлиёти заминӣ ва ғайраҳо ба миён омадааст.Тибқи иттилои масъулини вазорати рушди иқтисод дар сохтори воридот ҳиссаи маҳсулоти озуқаворӣ 18,1 фоиз, аз он 10,6 фоиз барои коркард ва 7,5 фоиз барои истеъмол, воситаҳои нақлиёти заминӣ 13,1 фоиз, маҳсулоти нафтӣ 11,7 фоиз, таҷҳизоти технологӣ 8,9 фоиз, металлҳои сиёҳ 6,5 фоиз, мошинҳои барқӣ ва таҷҳизот 4,6 фоиз, чӯбу тахта ва маҳсулот аз он 4,1 фоиз, воситаҳои парвозкунанда 3,5 фоиз, гази моеъ 3,1 фоиз, маҳсулоти полимерӣ 2,8 фоиз, маҳсулот аз металлҳои сиёҳ 2,7 фоиз, маҳсулоти фармасевтӣ 1,5 фоиз, гилхок 1,2 фоиз ва ғайраҳо ташкил медиҳад.Дар нимсолаи якуми соли равон 627,9 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла 487,4 ҳазор сайёҳ ба Тоҷикистон ташриф овард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 40 ва 34,2 фоиз зиёд аст.
https://sputnik.tj/20230712/mahsulot-kishovarzi-khatlon-jahon-sodirot-1058231392.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/0f/1045863977_19:0:2750:2048_1920x0_80_0_0_8f39bb13e809ec88abba55537a0ade97.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, содирот, воридот, сабаб, вазорати иқтисод, иқтисод, молия
тоҷикистон, содирот, воридот, сабаб, вазорати иқтисод, иқтисод, молия
Содирот кам шуду воридот зиёд: Сабаб чист?
16:03 10.08.2023 (Навсозишуда: 19:47 10.08.2023) Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, ки содирот нисбат ба 6 моҳи аввали соли гузашта 44,2% кам ва воридот 19,1% афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 10 авг – Sputnik. Содироти мол дар моҳҳои январ-июни соли равон 678,6 млн долларро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 44,2% ё ба маблағи 536,6 млн доллар кам аст, иттилоъ додааст муовини вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар Ашурбой Солеҳзода.
Ба иттилои вазир, омили асосии коҳиш ёфтани нишондиҳандаи содирот - ин кам шудани ҳаҷми содироти металлҳои қиматбаҳо, маъданҳо, нахи пахта ва алюминийи аввалия ба ҳисоб мераванд.
Дар баробари ин содироти молҳои ғайриозуқаворӣ, ба монанди либос то 12,5 млн доллар, маҳсулоти химиявӣ 9,5 млн доллар, 5 мис 6,9 млн. доллар, нӯшокиҳои спиртдор ва ташнашикан 4,4 млн доллар, рангҳои сохтмонӣ 4,1 млн доллар, ангишт 2,9 млн доллар, орд 2 млн. доллар, халтаҳои бастабандӣ 1,7 млн. доллар, маҳсулоти пластмассӣ 0,6 млн. доллар ва ҷӯроб 0,6 млн доллар афзоиш ёфтанд.
Дар сохтори содиротии кишвар дар нимсолаи якуми соли равон ҳиссаи маъданҳо 34,7%, нахи пахта ва маҳсулот аз он 15,1%, алюминийи аввалия ва маҳсулот аз он 10,5%, дигар металлҳои нимқиматбаҳо (сурма) 8,1%, қувваи барқ 6,4%, маҳсулоти кишоварзӣ 3,4%, семент 2,9%, либос ва қисмњои он 1,8%, маҳсулоти кимиёи ғайриорганикӣ 1,4% ва металлҳои сиёҳ 1%-ро ташкил медиҳад.
Ин дар ҳолест, ки дар ин давра воридоти мол ба 2,7 млрд доллар баробар гардида, нисбат ба моҳҳои январ-июни соли гузашта ба андозаи 19,1% ё 438,4 млн доллар зиёд шудааст.
Зиёдшавии нишондиҳандаи воридот асосан аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми воридоти гандум, маҳсулоти нафтӣ, гази моеъ, таҷҳизоти технологӣ, мошинҳои барқӣ ва таҷҳизот, воситаҳои парвозкунанда, чӯбу тахта ва маҳсулоти он, инчунин - шумораи воситаҳои нақлиёти заминӣ ва ғайраҳо ба миён омадааст.
Тибқи иттилои масъулини вазорати рушди иқтисод дар сохтори воридот ҳиссаи маҳсулоти озуқаворӣ 18,1 фоиз, аз он 10,6 фоиз барои коркард ва 7,5 фоиз барои истеъмол, воситаҳои нақлиёти заминӣ 13,1 фоиз, маҳсулоти нафтӣ 11,7 фоиз, таҷҳизоти технологӣ 8,9 фоиз, металлҳои сиёҳ 6,5 фоиз, мошинҳои барқӣ ва таҷҳизот 4,6 фоиз, чӯбу тахта ва маҳсулот аз он 4,1 фоиз, воситаҳои парвозкунанда 3,5 фоиз, гази моеъ 3,1 фоиз, маҳсулоти полимерӣ 2,8 фоиз, маҳсулот аз металлҳои сиёҳ 2,7 фоиз, маҳсулоти фармасевтӣ 1,5 фоиз, гилхок 1,2 фоиз ва ғайраҳо ташкил медиҳад.
Дар нимсолаи якуми соли равон 627,9 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла 487,4 ҳазор сайёҳ ба Тоҷикистон ташриф овард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 40 ва 34,2 фоиз зиёд аст.