Таркиши завод дар Сергиев Посад

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкПожарные, архивное фото
Пожарные, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.08.2023
Обуна шудан
Маълумот дар бораи сабабҳои ҳодиса ва қурбониёни ҳодиса дар айни ҳол мушаххас мешавад, губернатори вилояти Маскав ба ҷои ҳодиса рафт
ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Таркиш дар як корхона дар шаҳри Сергиев Посад дар наздикии Маскав рух дод.
Ба хабаргузории РИА "Новости" дар хадамоти изтирорӣ иттилоъ додаанд, ки ҳодиса дар корхонаи оптикӣ-механикӣ рух додааст.
Манбаъ афзуд, ки корхонаи мазкур дар суроғаи хиёбони Артиши Сурх, бинои 212 В ҷойгир шудааст.
Тибқи иттилои пешакӣ, таркиш бар асари нақзи раванди технологӣ рух додааст. Маълумот дар бораи сабабҳои ҳодиса ва қурбониёни ҳодиса мавриди коркард қарор доранд, афзуд манбаъ.
Четыре человека пострадали при взрыве в здании в центре Токио - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.07.2023
Таркиш дар маркази Токио: Бино ба коми оташ рафт – видео
Дар ҳамин ҳол дар корхона тахлияи сартосарӣ эълон шуда, аз ҳамаи биноҳо ва коргоҳҳо, аз ҷумла иншооти иҷорадодашуда низ одамон берун бароварда шуда истодаанд, таъкид намудаст маъмурияти минтақа.
Аз ҷои ҳодиса дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори гулӯлаи дуд дар корхонаи Сергиев Посад нашр гардида, шоҳидони ҳодиса мегӯянд, бисёри биноҳои атроф осеб диданд, аз ҷумла шишаҳо шикастанд.
Волии Маскав Андрей Воробёв дар шабакаҳои иҷтимоӣ эълон кард, ки дар ояндаи наздик ба маҳалли таркиш дар Сергиев Посад мерасад. Мақомот мегӯянд, тафсилоти бештарро дар бораи омилу паёмадҳои таркиш баъдан ироаи омма хоҳад шуд.
Лентаи хабарҳо
0