Бештари мол ба Суғд аз Қазоқистону Русия ворид мешавад

© Sputnik / Илья НаймушинГрузовые автомобили на трассе
Грузовые автомобили на трассе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.08.2023
Обуна шудан
Ҳукумати вилояти Суғд ахиран хабар додааст, ки кишварҳои дар гардиши савдои хориҷӣ ба ҳиссаи мамлакатҳои ИДМ 62,1% рост меояд
ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Вилояти Суғд дар моҳҳои январ-июни соли равон гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд 1 млрд 350 млн долларро ташкил додааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-июни соли 2022-юм 4,7% ё 66 млн доллар коҳиш ёфтааст.
Дар ин бора имни нишасти матбуотӣ Ҳокимбек Накҳатзода, сардори Сарраёсати агентии омори Тоҷикистон дар вилояти Суғд хабар дод.
Ба гуфтаи вай тарози савдо манфӣ буда -501,6 млн долларо ташкил кард.
Вилояти Суғд бо 57 кишвар аз ҷумла бо 10 кишвари ИДМ ва бо 47 мамолики хориҷӣ дур муносибати савдои хориҷӣ дорад.
"Дар гардиши савдои хориҷӣ ба ҳиссаи мамлакатҳои ИДМ 62,1% ё 838 млн. доллар ва ба ҳиссаи мамлакатҳои хориҷӣ дур 37,9% ё 512 млн доллар рост меояд", - гуфт Ҳокимбек Накҳатзода.
Таносуби содирот дар моҳҳои январ-июни соли 2023 нисбати гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд 31,4% ва воридот бошад 68,6% ташкил мекунад, касри тарози савдо бо мамлакатҳои ИДМ -400 млн доллар, бо мамлакатҳои хориҷи дур -101 млн долларро ташкил додааст.
Сборка автомобилей MAN - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.08.2023
Соҳибкорони Русия дар МОИ Суғд бо харҷи $500 ҳаз. корхонаи нав сохтанд
Инчунин оқои Накҳатзода қайд кард, ки дар моҳҳои январ-июни соли 2023 содироти мол 424,6 млн долларро ташкил кард, ки нисбат ба моҳҳои январ-июни соли 2022-юм 18,3% ё 95,2 млн доллар кам шудааст.
Дар ҳамин ҳол, воридоти мол ба вилоят 926,2 млн доллар ташкил кардааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-июни соли 2022-юм 3,3% ё 29,2 млн доллар зиёд шудааст.
Сардори Сарраёсати агентии омори Тоҷикистон дар вилояти Суғд хабар дод, ки воридоти мол асосан аз 9 кишвари хориҷи дуру наздик сурат мегирад.
Ба иттилои вай ба вилояти Суғд аз Қазоқистон (27,8%), Русия (27,5%), Чин (14,1%), Ӯзбекистон (7,1%) Литва (5,5%) Корея (5,3%) Беллорус (2,4%), Туркия (2,2%) ва АМА (1%) молу маҳсулот ворид гардидааст.
Инчунин ба иттилои ин ниҳод, шарикони асосии содиротӣ Қазоқистон 35,4%, Чин 34%, Ӯзбекистон 11%, Эрон 5,7%, Русия 4,7%, Туркия 2,9% Сингапур 2,3% ва Италия 1,8% мебошад
Лентаи хабарҳо
0