https://sputnik.tj/20230808/dusti-jinoh-alloma-nazir-ahmadi-khujandi-ki-bud-1058699289.html
“Дӯсти Ҷиноҳ”: Аллома Назир Аҳмади Хуҷандӣ кӣ буд?
“Дӯсти Ҷиноҳ”: Аллома Назир Аҳмади Хуҷандӣ кӣ буд?
Sputnik Тоҷикистон
Як муҳаққиқи покистонӣ ба тафсилоти рӯзгори яке аз чеҳраҳои маъруфи дину сиёсати Ҳинди Бритониё ва Покистон, ки аз зодагони Хуҷанд буд, даст ёфтааст
2023-08-08T12:26+0500
2023-08-08T12:26+0500
2023-08-08T14:06+0500
дар тоҷикистон
покистон
хуҷанд
сиёсат
бритониё
ҳинд
масҷид
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103129/39/1031293939_0:281:3073:2009_1920x0_80_0_0_82ed76a1cdb7f0d67b58d18fd012d9a7.jpg
ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Вай имоми бузургтарин масҷиди Ҳинди Бритониё буд ва аз пуштибонони Муҳаммад Алии Ҷиноҳ, асосгузори Покистон имрӯз ба шумор меояд.Ориф Ҳасан Охундзода, муҳаққиқи тоҷиктабори покистонӣ, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Аллома Назир Аҳмади Хуҷандӣ яке аз шахсиятҳои мазҳабии муассир дар Ҳинди Бритониё буд, ки гузаштагонаш аз шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон буданд.Бино ба ривояти Охундзода, Аллома Назир Аҳмади Хуҷандӣ, маъруф ба Аллома Назири Хуҷандӣ, 28 декабри 1887 дар шаҳри Мерути Ҳинди Бритониё ба дунё омада, хонаводаи вай муддаӣ буданд, ки насаби онҳо ба халифаи аввали ислом ҳазрати Абубакри Сиддиқ мерасад ва аз ин рӯ, “Сиддиқӣ” тахаллус кардаанд.“Аҷдоди ӯ пас аз вуруди ислом ба сарзаминҳои турку эронӣ ба шаҳри Хуҷанд дар водии Фарғона, қаламрави Тоҷикистони кунунӣ муҳоҷират карданд ва дар он ҷо барои ҳамеша сокин шуданд. Баъдан дар соли 1525 ҷаддаш Сӯфӣ Ҳамидуддин Сиддиқӣ ба ҳамроҳи императори темурӣ Бобур ба Ҳинд рафт ва дар минтақаи Ловари шаҳри Меерут сокин шуд. Подшоҳ ба Сӯфӣ Ҳамидуддин дар он ҷо замин ва мартабаи мӯътабари “мансабдор”-ро дод”, - мегӯяд Ориф Ҳасан Охундзода.Вай афзуд, Аллома Назири Хуҷандӣ таҳсилоти муқаддамотии худро аз даҳсолагӣ оғоз намуда, мадраки таҳсили худро дар риштаи маорифи исломӣ ё “Дарси низомӣ” аз мадрасаи исломии шаҳри Мерут ба даст овардааст.Бино ба ривояти ӯ, дар авоили қарни гузашта, Назир Аҳмади Хуҷандӣ ба имоматии Масҷиди ҷомеъи Деҳлӣ, бузургтарин ва муҳиммтарин масҷиди мусулмон дар Ҳинд мерасад.“Дар ин мақом бо марде, ки баъдҳо Покистонро ба вуҷуд овард, Муҳаммад Алӣ Ҷиноҳ дӯст шуд. Ӯ дар соли 1916 Ҷиноҳро бо Рутти Диншоу, бонуи зартуштие, ки аз дасти ӯ мусулмон шуда буд, никоҳ кард. Аллома Назир дар тӯли даҳаҳои 1930 ва 40 аз сиёсати, ба истилоҳ, ҷудоиталабии мусулмонии Ҷиноҳ ва ҳизби Муслим Лиги ӯ ҳимоят кард, ки мунҷар ба эҷоди Покистон дар соли 1947 шуд”, - гуфт Ориф Ҳасан Охундзода.Вай мегӯяд, Аллома Назир Аҳмади Хуҷандӣ бародари рӯҳонии маъруфи покистонӣ Шоҳ Абдулалим Сиддиқӣ ва амаки сиёсатмадори мазҳабии маъруф Покистон, Мавлоно Шоҳ Аҳмад Нуронӣ, амири ҳизби Ҷамъияти уламои Покистон, яке аз аҳзоби муассири он кишвар буд.Аллома Назираҳмад Сиддиқии Хуҷандӣ дар 6 июни 1949 дар шаҳри Мадинаи мунаввара чашм аз ҷаҳон фурӯ баста, дар наздикии қабри ҳамсари ҳазрати Муҳаммад - Бибӣ Оишаи Сиддиқа дар он шаҳр ба хок супурда шудааст.Ориф Ҳасан Охундзода, муҳаққиқи тоҷиктабори Покистон аст, ки таърихи тоҷикони Ҳинду Покистонро таҳқиқ мекунад. Қаблан ӯ иддао карда буд, ки Устод Аҳмад Меъмори Лоҳурӣ, сармеъмори салтанати Шоҳ Ҷаҳон, ки мақбараи Мумтоз Маҳалл, маъруф ба Тоҷмаҳал дар Аграи Ҳиндро тарроҳӣ кард, аслан аз шаҳри Хуҷанди Тоҷикистони имрӯз буд.
https://sputnik.tj/20230607/joizasupori-gholiboni-hafta-pushkin-khujand-video-1057601224.html
https://sputnik.tj/20230808/vaziri-adliya-talbakov-zardushtiya-1058698239.html
покистон
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103129/39/1031293939_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_104eabef892289a22eaf6060bffeb7aa.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, тафсилот, сиёсат, ҳинд, бритониё, покистон, хуҷанд, аллома, назир аҳмади хуҷандӣ
тоҷикистон, тафсилот, сиёсат, ҳинд, бритониё, покистон, хуҷанд, аллома, назир аҳмади хуҷандӣ
“Дӯсти Ҷиноҳ”: Аллома Назир Аҳмади Хуҷандӣ кӣ буд?
12:26 08.08.2023 (Навсозишуда: 14:06 08.08.2023) Эксклюзив
Як муҳаққиқи покистонӣ ба тафсилоти рӯзгори яке аз чеҳраҳои маъруфи дину сиёсати Ҳинди Бритониё ва Покистон, ки аз зодагони Хуҷанд буд, даст ёфтааст
ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Вай имоми бузургтарин масҷиди Ҳинди Бритониё буд ва аз пуштибонони Муҳаммад Алии Ҷиноҳ, асосгузори Покистон имрӯз ба шумор меояд.
Ориф Ҳасан Охундзода, муҳаққиқи тоҷиктабори покистонӣ, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Аллома Назир Аҳмади Хуҷандӣ яке аз шахсиятҳои мазҳабии муассир дар Ҳинди Бритониё буд, ки гузаштагонаш аз шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон буданд.
“Вай дар замони худ мавриди эҳтироми ҳукуматдорону сиёсатмадорон ва шахсиятҳои мазҳабии мусулмон буд ва пайравони зиёде дошт”, - гуфт Ориф Ҳасан Охундзода.
Бино ба ривояти Охундзода, Аллома Назир Аҳмади Хуҷандӣ, маъруф ба Аллома Назири Хуҷандӣ, 28 декабри 1887 дар шаҳри Мерути Ҳинди Бритониё ба дунё омада, хонаводаи вай муддаӣ буданд, ки насаби онҳо ба халифаи аввали ислом ҳазрати Абубакри Сиддиқ мерасад ва аз ин рӯ, “Сиддиқӣ” тахаллус кардаанд.
“Аҷдоди ӯ пас аз вуруди ислом ба сарзаминҳои турку эронӣ ба шаҳри Хуҷанд дар водии Фарғона, қаламрави Тоҷикистони кунунӣ муҳоҷират карданд ва дар он ҷо барои ҳамеша сокин шуданд. Баъдан дар соли 1525 ҷаддаш Сӯфӣ Ҳамидуддин Сиддиқӣ ба ҳамроҳи императори темурӣ Бобур ба Ҳинд рафт ва дар минтақаи Ловари шаҳри Меерут сокин шуд. Подшоҳ ба Сӯфӣ Ҳамидуддин дар он ҷо замин ва мартабаи мӯътабари “мансабдор”-ро дод”, - мегӯяд Ориф Ҳасан Охундзода.
Вай афзуд, Аллома Назири Хуҷандӣ таҳсилоти муқаддамотии худро аз даҳсолагӣ оғоз намуда, мадраки таҳсили худро дар риштаи маорифи исломӣ ё “Дарси низомӣ” аз мадрасаи исломии шаҳри Мерут ба даст овардааст.
“Устодони ӯ шомили падараш Мавлоно Абдулҳакими “Ҷош” ва олими маъруф Мавлоно Аҳмад буданд. Аллома Назир, нависанда ва шоири забардаст буд, ки ба забонҳои урду, форсӣ ва арабӣ тасаллут дошт. Ӯ шогирди Мавлоно Шоҳ Алӣ Ҳусайн Ашрафӣ буд”, - гуфт муҳаққиқи покистонӣ.
Бино ба ривояти ӯ, дар авоили қарни гузашта, Назир Аҳмади Хуҷандӣ ба имоматии Масҷиди ҷомеъи Деҳлӣ, бузургтарин ва муҳиммтарин масҷиди мусулмон дар Ҳинд мерасад.
“Дар ин мақом бо марде, ки баъдҳо Покистонро ба вуҷуд овард, Муҳаммад Алӣ Ҷиноҳ дӯст шуд. Ӯ дар соли 1916 Ҷиноҳро бо Рутти Диншоу, бонуи зартуштие, ки аз дасти ӯ мусулмон шуда буд, никоҳ кард. Аллома Назир дар тӯли даҳаҳои 1930 ва 40 аз сиёсати, ба истилоҳ, ҷудоиталабии мусулмонии Ҷиноҳ ва ҳизби Муслим Лиги ӯ ҳимоят кард, ки мунҷар ба эҷоди Покистон дар соли 1947 шуд”, - гуфт Ориф Ҳасан Охундзода.
Вай мегӯяд, Аллома Назир Аҳмади Хуҷандӣ бародари рӯҳонии маъруфи покистонӣ Шоҳ Абдулалим Сиддиқӣ ва амаки сиёсатмадори мазҳабии маъруф Покистон, Мавлоно Шоҳ Аҳмад Нуронӣ, амири ҳизби Ҷамъияти уламои Покистон, яке аз аҳзоби муассири он кишвар буд.
Аллома Назираҳмад Сиддиқии Хуҷандӣ дар 6 июни 1949 дар шаҳри Мадинаи мунаввара чашм аз ҷаҳон фурӯ баста, дар наздикии қабри ҳамсари ҳазрати Муҳаммад - Бибӣ Оишаи Сиддиқа дар он шаҳр ба хок супурда шудааст.
Ориф Ҳасан Охундзода, муҳаққиқи тоҷиктабори Покистон аст, ки таърихи тоҷикони Ҳинду Покистонро таҳқиқ мекунад. Қаблан ӯ иддао карда буд, ки Устод Аҳмад Меъмори Лоҳурӣ, сармеъмори салтанати Шоҳ Ҷаҳон, ки мақбараи Мумтоз Маҳалл, маъруф ба Тоҷмаҳал дар Аграи Ҳиндро тарроҳӣ кард, аслан аз шаҳри Хуҷанди Тоҷикистони имрӯз буд.