Ба омӯзгорону табибон дар Исфара замини наздиҳавлигӣ дода шуд

© Центр Льва ГумилёваПриветственный монумент в городе Исфара, архивное фото
Приветственный монумент в городе Исфара, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.08.2023
Обуна шудан
Раиси шаҳри Исфара барои дастгирии иҷтимоии омӯзгорону табибон замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда, дастгирии онҳоро самти афзалиятноки фаъолият хондаст
ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Дар Исфара мутахассисони соҳаҳои маорифу тандурустӣ соҳиби замини наздиҳавлигӣ шуданд, иттилоъ дод дафтари матбуотӣ шаҳрдорӣ.
Ба иттилои манбаъ, қарори марбутаи раиси шаҳр Баҳоваддин Баҳодурзода дар бораи додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба наздики 80 оила дар ҳудуди шаҳри Исфара аллакай имзо шудаст.
Аслан давоми чанд соли охир ин бори аввал аст, ки барои дастгирии омӯзгорону кормандони соҳаи тиб участкаи наздиҳавлигӣ дода мешавад, афзуд дафтари матбуоти шаҳрдорӣ.
Таъкид гардидаст, ки инқдом барои дастгирии ҳамаҷонибаи мутахассисони ҷавон, хосса дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ равона карда шудааст.
Связка ключей от квартир многоэтажного жилого дома, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.06.2023
Устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соҳиби хона шуданд
Дар баробари ин чанде аз ҷавонписароне, ки дар артиш хизмат карда истодаанду оилаи онҳо эҳтиёҷманд ҳисобида шудааст, бо участкаҳои наздиҳавлигӣ таъмин гардиданд.
Баҳодурзода изҳор доштааст, ки дастгирии мутахассисони соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва ҳалли мушкилоти оилаҳои ниёзманд, ки ҳамеша аз афзалиятҳои фаъолияти шаҳрдорӣ мебошад, минбаъд низ идома хоҳад дод.
Шаҳрдории Исфара таъкид намудаст, ки мутахассисони ҷавон бевосита дастгирии иҷтимоӣ мебинанд ва дилгармияшон ба кору фаъолият бештар мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки мақомоти Тоҷикистон талош доранд, аз тариқи додани замин ва дигар дастгириҳои иҷтимоӣ ҷалби омӯзгорону табибонро бештар кунанд.
Лентаи хабарҳо
0