“Тарифҳои тағйирнопазир”: Хоҷагии манзилию коммуналӣ чӣ мушкил дорад?

© Sputnik / Владимир Смирнов / Гузариш ба медиабонкПрибор индивидуального учета водопотребления в квартире жилого дома
Прибор индивидуального учета водопотребления в квартире жилого дома  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.08.2023
Обуна шудан
Эксклюзив
Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон далели солҳо ба ин сӯ бидуни тағйир мондани тарифҳои хизматрасониҳои коммуналӣ дар кишварро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Қаблан масъулини Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” гуфта буданд, ки ин тарифҳо солҳо ба ин сӯ бидуни тағйир мондаанд ва як далели мушкилоти зиёди соҳа низ ба ин омил бастагӣ дорад.
Як масъули Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки солҳои ахир Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” чанд маротиба пешниҳоди тағйири тарифаҳоро дода буд.
“Мо баъд аз омӯзиши асноду далоил хулосаи худро ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кардем ва то ҳол мунтазири посух ҳастем”, - гуфт манбаъ.
КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” масъулияти таъмини оби нӯшокӣ, канализатсия ва партовҳои сахти иҷтимоӣ дар Тоҷикистон, ба истиснои шаҳру навоҳии Душанбе, Хуҷанд, Файзобод, Норак ва Роғун аст.
Ин корхона соли 2001 аз “Коммунсервис”–и собиқ ҷудо шуд ва дар ин миён панҷ маротиба тарифҳояш зиёд шудаанд. Бори охир тарифҳои хизматрасониҳои ин корхонаи давлатӣ соли 2018 бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон сурат гирифта буд, ки ба гунаи мисол, 1 метри мукааб об барои аҳолӣ 1 сомониву 9 дирам, корхонаву ширкатҳои тиҷорӣ 3 сомониву 48 дирам ва муассисаҳои буҷетӣ 2 сомониву 20 дирам муқаррар шуда буд.
Бидуни тағйир мондани тарифҳои хизматрасониҳои коммуналӣ дар Тоҷикистон кори “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” – ро ба мушкил мувоҷеҳ кардааст.
Таджикские сомони на столе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2023
КВД “Хоҷагии манзилию комуналӣ” ба буҷаи давлат фоидаи бештар овард
Абдулазиз Достизода - муовини раиси КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” зимни нишасти матбуотии ин ниҳод гуфт, борҳо ба Хадамоти зиддиинҳисорӣ пешниҳод кардаанд, ки дар тарифҳо тағйир биёранд, аммо чизе аз ҷой такон нахӯрдааст.
“Дар ин миён, қимати барқу таҷҳизот ва қисмҳои эҳтиётие, ки КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” истифода мекунад ва ҳамеша ба онҳо ниёз дорад, бамаротиб боло рафтааст. Масалан, қимати барқ 4 бор афзуд, қурби асъори миллӣ дар баробари арзҳои хориҷие, ки бо онҳо таҷҳизоту қисмҳои эҳтиётӣ меорем, низ тағйир хӯрд. Маоши кормандон зиёд шуд, қимати сӯзишвории дизелӣ боло рафт, аммо тарифҳо ҳамонанд, ки панҷ сол пеш муқаррар шудаанд”, - гуфт Абдулазиз Достизода.
Дар баробари ин ҳама, арқоме, ки Sputnik Тоҷикистон аз дигар манобеъ ба даст овард, низ ривоят аз вазъи ногувори КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” мекунанд.
Барои мисол, ин корхона аз барқ 47 миллиону 451 ҳазор, андоз - 46 миллион, Фонди ҳифзи иҷтимоӣ – 9 миллион сомонӣ ва дигар қарзҳои хориҷӣ, ки дар маҷмуъ 158 миллион долларро ташкил мекунад, қарзи кредиторӣ дорад.
Қарзҳои дебитории Корхона 113 миллион долларро ташкил мекунад. 52 миллион доллари он бар дӯши шахсони имтиёздор аст, ки маблағи пардохти обу партовро намедиҳанд ва онро бояд вазорати молия бипардозад.
Ҳамчунин, аҳолии кишвар - 22, корхонаҳои хусусӣ – 23 ва муассисаҳои буҷавӣ 15 миллион доллар аз ин корхона қарздор ҳастанд.
Мавзӯъи тарифҳои КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” дар ҳоле доғ мешавад, ки ҳамасола, бахусус, ҳангоми барфбориҳои зиёд дар зимистон сокинони кишвар ба мушкилоти зиёди обрасонӣ мувоҷеҳ мешаванд, аз ҷумла- об дар қубурҳо ях мекунад ва канализатсия аз кор мемонад.
Банковская карта - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2023
Пардохти тамоми хизматрасониҳои коммуналӣ ғайринақдӣ мешавад
Коршиносон мегӯянд, яке аз далоили мушкили фаровон дар ин соҳа маҳз сатҳи пойини ин тарифҳо аст ва ин ҳам дар ҳолест, ки тарифҳои дигар дар ин миён борҳо боло бурда шудаанд.
Нурулло Ҳусейнов, коршинос дар умури иқтисод, мегӯяд, истеҳсол, интиқол ва дастрас кардани оби нӯшокӣ воқеан дар бархе манотиқи Тоҷикистон, ки 65% - и захоири обии Осиёи Марказиро дар ихтиёр дорад, як мавзуъи доғ аст.
“Дар ҳоле ки обро аз қаъри 120 – 150 метр бо харҷи ҳангуфт берун меорад, ширкатҳо ҳамон обро гирифта, як зарфи нимлитраи онро 2,5 – 3 сомонӣ мефурӯшанд, аммо “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” 1 мукааб ё 1000 литр обро 1,09 дирам мефурӯшад. Дар бораи низоми бартараф кардани партовҳо метавон гуфт, ки бо гузашти даҳҳо сол ҳеҷ кори амалие дар кишвар сурат нагирифтааст", - гуфт Нуруллоҳ Ҳусейнов.
Ба гуфтаи вай, дар тамоми деҳоти Тоҷикистон аслан партовро ба таври бобоӣ дар ҷариҳо “бартараф мекунанд”.
"Ин корхона, ки пул надорад, мустақилона наметавонад, ки ягон тарҳро аз ҳисоби худ иҷро кунад, балки нақши ин корхона дар ҳалли мушкилоти мардум хеле камранг аст”, - таъкид кард оқои Ҳусейнов.
Аммо коршиноси дигаре, ки нахост номаш зикр шавад, мегӯяд, боло бурдани ҳаҷми тарифҳо дар Тоҷикистон як таҷрибаи номуваффақ будааст ва ба гумон аст, ки тағйири тарифҳои хизматрасониҳои коммуналӣ дар ин соҳа тағйире ба вуҷуд орад. Вай борҳо бо тақозои Бонки Ҷаҳонӣ боло бурдани тарифи барқро мисол овард, ки ҳеҷ тағйире дар барқрасонӣ ва ҳатто коҳиши қарзҳои “Барқи тоҷик” ба вуҷуд наоварданд.
Лентаи хабарҳо
0