https://sputnik.tj/20230805/sukhtor-namangon-bozor-1058657333.html
Сӯхори мудҳиш дар деҳқонбозори Намангон — видео
Сӯхори мудҳиш дар деҳқонбозори Намангон — видео
Sputnik Тоҷикистон
Тибқи иттилои пешакӣ, сӯхтор мағозаҳо ва дӯконҳоро дар масоҳати 250 метри мураббаъ фаро гирифтааст. Хушбахтона талафоти ҷонӣ нест
2023-08-05T14:11+0500
2023-08-05T14:11+0500
2023-08-05T14:19+0500
сӯхтор
ӯзбекистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
талафот
наҷот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/05/1058657498_0:100:1164:755_1920x0_80_0_0_789cd2cdd3c15f32d86198cae522262e.jpg
ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Дар яке аз бозорҳои шаҳри Намангон сӯхтор ба амал омад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ӯзбекистон.Хабар дар бораи сӯхтор, рӯзи 5 август, соати 03:39 ба шуъбаи Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Чортоки вилояти Наманган расидааст.Дарҳол ба ҷои ҳодиса 9 гурӯҳи оташнишонӣ ва наҷотдиҳӣ ҳозир шудаанд.Хушбахтона дар паи ин ҳодиса талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Сабаб ва хисороти сӯхтор ҳисоб карда мешавад.Гармои шадид ҷаҳонро ба коми оташ кашид – аксИн дар ҳолест, ки рӯзҳои охир, гармои шадиди тобистонӣ дар ИМА, Канада ва Аврупо боиси сӯхторҳои шадиди ҷангалҳо шудааст. Сӯхтори ҷангал Туркия, Юнон, Исроил, Тунис ва дигар кишварҳои ҷаҳонро низ фаро гирифтааст.
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/05/1058657498_14:0:1151:853_1920x0_80_0_0_6529e15e3f05e0c4db52e5ce600e27c3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сӯхор, деҳқонбозори намангон
сӯхор, деҳқонбозори намангон
Сӯхори мудҳиш дар деҳқонбозори Намангон — видео
14:11 05.08.2023 (Навсозишуда: 14:19 05.08.2023) Тибқи иттилои пешакӣ, сӯхтор мағозаҳо ва дӯконҳоро дар масоҳати 250 метри мураббаъ фаро гирифтааст. Хушбахтона талафоти ҷонӣ нест
ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Дар яке аз бозорҳои шаҳри Намангон сӯхтор ба амал омад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ӯзбекистон.
Хабар дар бораи сӯхтор, рӯзи 5 август, соати 03:39 ба шуъбаи Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Чортоки вилояти Наманган расидааст.
Дарҳол ба ҷои ҳодиса 9 гурӯҳи оташнишонӣ ва наҷотдиҳӣ ҳозир шудаанд.
"Дар натиҷаи чорабиниҳои оперативӣ паҳншавии сӯхтор ба майдони 4000 метри мураббаъ пешгирӣ карда шудааст", - омадааст дар хабарнома.
Хушбахтона дар паи ин ҳодиса талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Сабаб ва хисороти сӯхтор ҳисоб карда мешавад.
Ин дар ҳолест, ки рӯзҳои охир, гармои шадиди тобистонӣ дар ИМА, Канада ва Аврупо боиси сӯхторҳои шадиди ҷангалҳо шудааст.
Сӯхтори ҷангал Туркия, Юнон, Исроил, Тунис ва дигар кишварҳои ҷаҳонро низ фаро гирифтааст.