Русия истеҳсоли дронҳои нави камикадзеро ба роҳ монд - видео

Обуна шудан
Русия истеҳсоли дронҳои нави камикадзеи "Гастелло"-ро роҳандозӣ кардааст, ки бо назардошти хоҳишҳои иштирокчиёни амалиёти вижа таҳия шудааст
Ҳамакнун дар Русия дронҳои ҷадид рӯи кор меоянд, ки тибқи завқи сарбозони амалиёти вижа таҳия мешавад.
Хабарнигори "РИА Новости" раванди таҳияи онро аз наздик мушоҳида кард.
Ин дар ҳолест, ки пештар артиши Русия кори навъи нави бесарнишинҳои ҷангӣ - дронҳои FPV-ро азхуд карда буд.
Вазорати дифоъ ҳавопаймоҳои нави артиши Русияро нишон дод - видео
Дронҳо аз дасти аввал назорату идора карда мешаванд. Коптерҳои баландсуръати FPV ҳамчун дронҳои камикадзе истифода мегарданд.
Русия амалиёти вижаро дар Украина 24 феврали соли 2022 оғоз кард.
Кишвардор Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Вазифаи дигаи амалиёт нозизудоии Украина гуфта шуд.
Лентаи хабарҳо
0