Имрон Хон ба се соли зиндон маҳкум шуд

© Sputnik / Алексей Дружинин / Гузариш ба медиабонкИмран Хан, примьер министр Пакистана
Имран Хан, примьер министр Пакистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.08.2023
Обуна шудан
Имрон Хон дар амалҳои коррупсионӣ гунаҳкор дониста шуд. Бар асоси ҳукми додгоҳ, ӯ муваззаф шудааст, ки 1,2 ҳазор доллар ҷарима супорад
ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Додгоҳи Исломобод сарвазири пешини Покистон Имрон Хонро ба 3 соли зиндон маҳкум кард.
Ин тасмим дар робита ба қазияи қаллобӣ вобаста ба фурӯши ашёи қиматбаҳо аз хазинаи давлатии Тошахона гирифта шудааст. Дар ин бора, нашрияи маҳаллии Dawn хабар додааст.
Собиқ сарвазир дар фасодкорӣ гунаҳкор дониста шуд. Бар асоси ҳукми додгоҳ, ӯ муваззаф шудааст, ки 100 ҳазор рупия (1,2 ҳазор доллар) ҷарима супорад.
Гуфта мешавад, ки пулис сиёсатмадорро дар қароргоҳи ӯ дар Лоҳур боздошт кардааст.
Ёдовар мешавем, ки иттиҳом алайҳи нахуствазири собиқи Покистон Имрон Хон дар қаллобӣ ва сохтакорӣ бо дархости мақомоти ҳифзи ҳуқуқ соли 2022 эълон шуда буд.
Онҳо ба амалиёти ғайриқонунии фурӯши тӯҳфаҳои раҳбарони хориҷӣ дахл доштанд.
Имрон Хон гуфт, нияти гурез аз Покистонро надорад
Тафтишот иддао кардааст, ки раиси пешини ҳукумат ва ҳамсараш дастикам 52 тӯҳфаи мағозаи давлатии Тошахонро азонихуд кардаанд.
Ин туҳфаҳо аз раҳбарони кишварҳои Ховари Миёна будаанд, ки арзишашон 2 млн доллар арзёбӣ шудааст.
Моҳи майи соли 2023 Имрон Хон барои 8 рӯз дар ҳабс гирифта шуд. Аммо баъдан Додгоҳи олии Покистон боздошти ӯро ғайриқонунӣ эълон кард ва сиёсатмадор озод карда шуд.
Лентаи хабарҳо
0