https://sputnik.tj/20230805/hushdori-khf-sel-nohiyahoi-kishvar-1058656114.html
Ҳушдори КҲФ аз сар задани сел дар бархе ноҳияҳои кишвар
Ҳушдори КҲФ аз сар задани сел дар бархе ноҳияҳои кишвар
Sputnik Тоҷикистон
Обуҳавошиносони Тоҷикистон мегӯянд, ки дар бархе минтақаҳои кишвар чангбод мешаваду дар бархе минтақаҳои сар задани сел эҳтимол дорад
2023-08-05T11:25+0500
2023-08-05T11:25+0500
2023-08-05T11:25+0500
дар тоҷикистон
обу ҳаво
ҳавои гарм
гарм
чангу ғубор
сел
кҳф
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/1c/1057964030_0:0:960:540_1920x0_80_0_0_bcacb316cdc0e281368f8e2363b34599.jpg
ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. 5-7 август дар бархе ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии ВМКБ, Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сар задани селҳои дорои хусусияти маҳаллӣ аз эҳтимол дур нест, иттилоъ додааст КҲФ дар истинод ба Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.Ҳамчунин 5-6 август дар баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе - чангбоде, ки аз самти минтақаҳои ҷанубу ғарбӣ ва ғарбӣ ба ҷумҳурӣ ворид мегардад, баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосфера пешгӯӣ мешавад.Дар ҳамин ҳол, дар ВМКБ ҳавои тағйирёбандаву бебориш мешавад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона то 17 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 22 дараҷа гарм мешгавад.Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ асосан бебориш пешгӯӣ шуда, раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона то 25 дараҷа гарм, рӯзона то 40 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона то 14 дараҷа гарм, рӯзона то 31 дараҷа гарм мешавад.Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона то 27 дараҷа гарм, рӯзона то 43 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона то 23 дараҷа гарм, рӯзона то 36 дараҷа гарм мешавад.Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона то 25 дараҷа гарм, рӯзона то 40 дараҷа гарм.Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш мешавад. Чангу ғубори суст ба амал меояд. Ҳаво шабона то 25 дараҷа гарм, рӯзона то 40 дараҷа гарм мешавад.
https://sputnik.tj/20230804/nazarzoda-ofatho-tabii-tojikiston-zarar-1058650398.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/1c/1057964030_40:0:760:540_1920x0_80_0_0_ffa439ebe5354b793dada365d44bff66.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, сел, обу ҳаво, гармо, ҳавои гарм, чангу ғубор, кҳф, агентии обуҳавошиносии тоҷикистон
тоҷикистон, сел, обу ҳаво, гармо, ҳавои гарм, чангу ғубор, кҳф, агентии обуҳавошиносии тоҷикистон
Ҳушдори КҲФ аз сар задани сел дар бархе ноҳияҳои кишвар
Обуҳавошиносони Тоҷикистон мегӯянд, ки дар бархе минтақаҳои кишвар чангбод мешаваду дар бархе минтақаҳои сар задани сел эҳтимол дорад
ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. 5-7 август дар бархе ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии ВМКБ, Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сар задани селҳои дорои хусусияти маҳаллӣ аз эҳтимол дур нест, иттилоъ додааст КҲФ дар истинод ба Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.
Ҳамчунин 5-6 август дар баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе - чангбоде, ки аз самти минтақаҳои ҷанубу ғарбӣ ва ғарбӣ ба ҷумҳурӣ ворид мегардад, баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосфера пешгӯӣ мешавад.
Дар ҳамин ҳол, дар ВМКБ ҳавои тағйирёбандаву бебориш мешавад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона то 17 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 22 дараҷа гарм мешгавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ асосан бебориш пешгӯӣ шуда, раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона то 25 дараҷа гарм, рӯзона то 40 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона то 14 дараҷа гарм, рӯзона то 31 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона то 27 дараҷа гарм, рӯзона то 43 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона то 23 дараҷа гарм, рӯзона то 36 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона то 25 дараҷа гарм, рӯзона то 40 дараҷа гарм.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш мешавад. Чангу ғубори суст ба амал меояд. Ҳаво шабона то 25 дараҷа гарм, рӯзона то 40 дараҷа гарм мешавад.