Даргузашти Одинаев, ректори "хоксору мардумитарин" дар Тоҷикистон

© Sputnik / Амир ИсаевМужчина совершает молитву на кладбище
Мужчина совершает молитву на кладбище - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.08.2023
Обуна шудан
Академик Саидмуҳаммад Одинаев, ки дар баробари корҳои илмияш миёни тоҷикистониён ҳамчун роҳбари хоксору мардумӣ маъруф аст, даргузашт
ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Собиқ ректори 2 муассисаи олии маъруф - Донишгоҳи миллӣ ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар соли 81-уми умраш даргузашт.
Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо нашри як таъзиянома, даргузашти академик Саидмуҳаммад Одинаевро талафоти азим дар илми тоҷик хондаст.
Ба ҳамаи ҳаводорони улуми табиатшиносӣ ва шогирдону ақрабои равоншод изҳори тасаллият баён мекунем, таъкид намудаст раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.
Одинаев академик, профессор, доктори илмҳои физика буд, ки солҳои 2000-ум роҳбарияти 2 муасиссаи таҳсилоти олии кишвар - Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи техникӣ ба номи академик Муҳаммад Осимиро ба уҳда дошт.
Награда лауреата премии Звезды Содружества - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.05.2023
Донишманди тоҷик сазовори ҷоизаи “Ситораи Иттиҳод” шуд
Аз ҷумла аз соли 2005 то соли 2008 ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд ва тайи солҳои фаъолияташ ҳамчун ректори хоксору мардумӣ ном баровард, ки пайваста дараш барои қабул боз буд.
Тайи солҳои охир дар пажӯҳишгоҳи физикӣ-техникии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолият дошт.
Маврид ба зикр аст, ки ахиран академик Саидмуҳаммад Одинаев, барандаи ҷоизаи "Ситораи Иттиҳод" шуд.
Хазинаи байнидавлатии ҳамкориҳои башардӯстонаи кишварҳои узви ИДМ хабар дод, ки ҳашт барандаи ҷоизаро барои соли 2023 интихоб карда буд, ки Одинаев низ дар ин феҳраст қарор гирифт.
Лентаи хабарҳо
0