Қарзи сокинони Бохтар аз барқ ба садҳо миллион расид

© шабакаҳои иҷтимоӣ/Рӯзномаи Хатлонсармуҳандиси ФҶСК "Шабакаҳои тақсимоти барқ" дар шаҳри Бохтар Раҷабалӣ Бояков
сармуҳандиси ФҶСК Шабакаҳои тақсимоти барқ дар шаҳри Бохтар Раҷабалӣ Бояков  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2023
Обуна шудан
"Шабакаҳои тақсимоти барқ" дар шаҳри Бохтар мегӯяд, ки қарзи дебитории умумӣ аз истифодаи барқ дар шаш моҳи соли равон боз зиёд шудаст
ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Истифодабарандагони нерӯи барқ ба маротиб афзудааст гуфт, сармуҳандиси ФҶСК "Шабакаҳои тақсимоти барқ" дар шаҳри Бохтар Раҷабалӣ Бояков зимни нашасти хабарии худ.
Ба гуфтаи вай дар шаҳри Бохтар 900 ҳазор истифодабарандаи нерӯи барқ ба қайд гирифта шудаанд.
Раиси "Шабакаҳои тақсимоти барқ" дар ин нишаст қайд кард, ки дар баробари афзоиши истифодабарандагон қарзӣ барқ ҳам зиёд шудааст.
Ба иттило вай, қарзи дебитории умумӣ аз истифодаи барқ нисбат дар нимсолаи аввали соли равон ба маблағи зиёда аз 435 миллиону 901 ҳазору 671 сомонӣ расидааст.
Линия электропередачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.07.2023
Тоҷикистон фурӯши барқ ба хориҷаро кам кард
Ҳамчунин оқои Бояков иттилоъ дод, ки дар шаш моҳи соли равон дар маркази вилоят шаҳри Бохтар барои пешгирии вайронкуниҳои қоидаҳои истифодаи нерӯи барқ санҷишҳо гузаронида шуда, ба маблағи 4 миллион 722 ҳазору 084 сомонӣ санад тартиб дода шудааст.
Илова бар ин, ба иттилои ин мақомдор барои сари вақт иҷро намудани Фармони президенти кишвар дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ "Шабакаҳои тақсимоти барқ"-и шаҳри Бохтар дар ҳудуди минтақа 369 адад пост-терминал насб намудааст.
Лентаи хабарҳо
0