https://sputnik.tj/20230802/tojikiston-rusiya-korkhona-mushtarak-bunyod-1058607135.html
Тоҷикистону Русия азм доранд корхонаҳои муштарак бунёд кунанд: кай ва дар кадом соҳа?
Тоҷикистону Русия азм доранд корхонаҳои муштарак бунёд кунанд: кай ва дар кадом соҳа?
Sputnik Тоҷикистон
Раисони вилояти Суғди Тоҷикистон ва Свердловски Русия санади нави густариш додани ҳамкориҳои иқтисодиро ба имзо расонидаанд
2023-08-02T18:47+0500
2023-08-02T18:47+0500
2023-08-02T20:20+0500
раҷаббой аҳмадзода
дар тоҷикистон
суғд
русия
ҳамкорӣ
равобит
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/02/1058606967_0:29:1280:749_1920x0_80_0_0_c396e52d43ac8830cc5ac87286f5ff72.jpg
ДУШАНБЕ, 2 авг – Sputnik. Дар бораи ба имзо расидани ин санад, Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Ӯ гуфт, бо таклифи губернатори вилояти Свердловск Евгений Куйвашев дар намоишгоҳи байнулмиллалии “ИННОПРОМ-2023” дар Екатеринбург ҳамроҳ бо вазири саноати кишвар ва раисони шаҳру навоҳии Суғд иштирок карда ва густариш додани ҳамкориҳоро матраҳ намуданд. Дар намоишгоҳи “ИННОПРОМ- 2023” и Екатеринбург, ки давоми се рӯз то санаи 13 уми июл идома кард, кишварҳои Тоҷикистон, Беларус, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон, Чин дар умум ҳудуди 600 ширкати саноатии кишварҳои хориҷ молу маҳсулоти худро ба намоиш гузоштаанд. Бино ба гуфти раиси вилоят, қарор аст моҳи ноябри соли ҷорӣ ҳайати расмии вилояти Свердловск барои шиносоӣ бо имкониятҳои мавҷуда ба Суғд ташриф биоранд. Аҳмадзода зикр кард, ки зимнан вилояти Суғд бо як қатор корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла Уралмаш, барои хариддории муҳаррик ва дигар таҷҳизотҳои пойгоҳҳои обкашӣ созишномаҳо доранд.Роҳбарони вилоятҳои Суғд ва Свердловск дар мулоқот роҳҳои густариш додани ҳамкориҳои иқтисодиро таъкид намудаанд.
https://sputnik.tj/20230801/sugd-shash-moh-roh-tamir-1058569023.html
суғд
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/02/1058606967_0:0:1138:853_1920x0_80_0_0_f1c72279c6cb063ee18d1a7a3192e1fb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, раҷаббой аҳмадзода, корхона, муштарак, суғд, русия, ҳамкорӣ, густариш, иқтисод
тоҷикистон, раҷаббой аҳмадзода, корхона, муштарак, суғд, русия, ҳамкорӣ, густариш, иқтисод
Тоҷикистону Русия азм доранд корхонаҳои муштарак бунёд кунанд: кай ва дар кадом соҳа?
18:47 02.08.2023 (Навсозишуда: 20:20 02.08.2023) Раисони вилояти Суғди Тоҷикистон ва Свердловски Русия санади нави густариш додани ҳамкориҳои иқтисодиро ба имзо расонидаанд
ДУШАНБЕ, 2 авг – Sputnik. Дар бораи ба имзо расидани ин санад, Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ӯ гуфт, бо таклифи губернатори вилояти Свердловск Евгений Куйвашев дар намоишгоҳи байнулмиллалии “ИННОПРОМ-2023” дар Екатеринбург ҳамроҳ бо вазири саноати кишвар ва раисони шаҳру навоҳии Суғд иштирок карда ва густариш додани ҳамкориҳоро матраҳ намуданд.
“Дар доираи сафар ба Екатеринбург мо меморандумҳо ба имзо расонидем. Иқтидор ва имкониятҳои мавҷудаи иқтисодии вилояти Суғд ва минтақаи Урал зиёд аст” – гуфт Аҳмадзода.
Дар намоишгоҳи “ИННОПРОМ- 2023” и Екатеринбург, ки давоми се рӯз то санаи 13 уми июл идома кард, кишварҳои Тоҷикистон, Беларус, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон, Чин дар умум ҳудуди 600 ширкати саноатии кишварҳои хориҷ молу маҳсулоти худро ба намоиш гузоштаанд.
Бино ба гуфти раиси вилоят, қарор аст моҳи ноябри соли ҷорӣ ҳайати расмии вилояти Свердловск барои шиносоӣ бо имкониятҳои мавҷуда ба Суғд ташриф биоранд.
“Дар доираи ин сафар онҳо аз корхонаҳои мошинсозӣ ҳудуди вилоят дидан намуда масъалаи ҳамкориҳои иқтисодӣ аз ҷумла бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ матраҳ хоҳад шуд” - гуфт, раиси вилояти Суғд.
Аҳмадзода зикр кард, ки зимнан вилояти Суғд бо як қатор корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла Уралмаш, барои хариддории муҳаррик ва дигар таҷҳизотҳои пойгоҳҳои обкашӣ созишномаҳо доранд.
Роҳбарони вилоятҳои Суғд ва Свердловск дар мулоқот роҳҳои густариш додани ҳамкориҳои иқтисодиро таъкид намудаанд.