Ҷои панҷуми 2 варзишгари тоҷик дар Универсиада - 2023

© Международная федерация дзюдоДзюдоист Шахбоз Саидаброров
Дзюдоист Шахбоз Саидаброров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.08.2023
Обуна шудан
Дар Универсиадаи тобистона, ки дар шаҳри Чэндуи Чин айни ҳол ҷараён дорад, Тоҷикистонро чор варзишкор дар риштаи ҷудо намояндагӣ карданд
ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Аз миёни 4 ҷудокори Тоҷикистон, ки дар Универсиадаи тобистона дар Чин иштирок доштанд, 2 нафарашон ба гирифтани ҷои панҷум даст ёфтанд.
Дар ин бора Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон иттилоъ дод.
Ба иттилои манбаъ, дар Универсиада тобистонаи 2023 дар шаҳри Чэнду 4 ҷудокори тоҷик - Шаҳбоз Саидаброров дар вазни то 66 кило, Шодмон Ризоев дар вазни то 81кг, Улуғбек Раҳимов дар вазни то 100 кило ва Мансур Раҳмон дар вазни беш аз 100 кило зӯр озмуданд.
Манбаъ тавзеҳ дод, ки Саидаброров дар даври аввал бар намояндаи Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ Мламлӣ Ндландло, дар даври дуюм бар варзишгари Аргентина Ҷианфрансо Монтегудо, дар чорякфинал бар намояндаи Ӯзбекистон Абдураҳим Нутфуллоев пирӯз гардид.
Открытый Кубок Азии 2023 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.07.2023
Ҷудокорони тоҷик дар Ҷоми Осиё 8 медал гирифтанд
Аммо дар даври нимниҳоӣ Шаҳбоз Саидаброров аз варзишгари Молдова Раду Извореану ва дар қуввасанҷӣ барои ҷои сеюм аз варзишгари Озарбойҷон Яшар Наҷафов шикаст хӯрд.
Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Шодмон Ризоев, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар намояндаи Чин Дага Қинг, дар чорякфинал бар варзишгари Озарбойҷон Магеррам Имомвердиев пирӯз шуд.
Аммо дар нимфинал аз Ёшито Ҳоҷои ҷопонӣ ва дар қуввасанҷӣ барои ҷои сеюм аз Заур Двалашвилии гурҷӣ шикаст хурд, омадааст дар иттилоияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.
Универсидаи тобистона дар Чин то 8 август идома хоҳад кард. Ин мусобиқа бояд тобистони соли 2021 баргузор мешуд, аммо ба далели коронавирус то соли равон ба таъхир афтод.
Лентаи хабарҳо
0