Маоши баланд, манзил ва диплом: 5 сабаби интихоби барномаи "Алабуга Старт"
16:12 02.08.2023 (Навсозишуда: 20:52 02.08.2023)
© Пресс-служба АО "ОЭЗ ППТ "Алабуга""Запуск международной программы "Алабуга Старт"
© Пресс-служба АО "ОЭЗ ППТ "Алабуга""
Обуна шудан
Ахбори ширкатҳо
Беҳтарин минтақаи хоси иқтисодии Русия "Алабуга" аз оғози барномаи байналмилалии "Алабуга Старт" барои ҷалби духтарони ҷавон дар истеҳсолоти композитӣ хабар дод
Пешниҳод хеле ҷолиб аст: ба ғайр аз маоши 52 ҳазор рубл (580 доллар бо қурби миёнаи моҳи июл), ба ҷинси латиф таҳсили ройгон ва имкони сафар дар саросари Русия пешниҳод карда мешавад. Аллакай садҳо духтарони тоҷик ба дурнамои муҳоҷират ба Русия таваҷҷӯҳ доранд. Дар бораи лоиҳа бештар дар маводи мо хонед.
1. Ҳам таҳсил ва ҳам кор
Русия дар бораи оғози барномаи нави дуалии "Алабуга Старт" эълон кард: кор ва ҳам аҳсил дар заминаи Коллеҷи технологии Донишгоҳи миллии таҳқиқотии техникии Қазон ба номи Туполев - КАИ.
Гуфта мешавад, ки ин барнома ба духтарони ҷавон имкон медиҳад, ки қадами аввалро гузоранд ва соҳиби ҷои кори воқеӣ шаванд, пули хуб ба даст оранд, роҳи худро дар зиндагӣ ёбанд, шахси мустақил гарданд. Барнома ҳам барои шаҳрвандони Русия ва ҳам барои шаҳрвандони хориҷӣ дастрас аст. Ҳар касе метавонад, ҳатто бидуни таҷрибаи корӣ, соҳиби кор шавад.
Лоиҳаи "Алабуга Старт" ба хориҷиён барномаи дуалиро пешниҳод мекунад. Ба ибораи дигар, бо ин намуди таълим қисми назариявии омодагӣ дар заминаи муассисаи таълимӣ ва қисми амалӣ - дар ҷои кор сурат мегирад. Иштирокчиёни барнома метавонанд дар истеҳсолоти таркибӣ (композитивӣ), инчунин - дар хизматрасонӣ, логистика ва ғайра кор кунанд.
© Пресс-служба АО "ОЭЗ ППТ "Алабуга""Проект "Алабуга Старт"
Проект "Алабуга Старт"
© Пресс-служба АО "ОЭЗ ППТ "Алабуга""
Дар фарҷом ба иштирокдорон ғайр аз таҷрибаи корӣ дипломи намунаи давлатии коллеҷи технологии КАИ ДМТТҚ ва ё дипломи коллеҷи нефту химия ва коркарди нефти ба номи Лемаеви Нижнекамск (вобаста ба самти интихобшуда) дода мешавад. Яъне, ин ҷо дар баробари кор, ройгон таҳсил карда, ройгон соҳиби дипломи намунаи давлатӣ шудан мумкин аст.
“Бо вуҷуди он, ки мо барномаро ба наздикӣ оғоз намудем, таваҷҷӯҳ ба он аллакай хеле зиёд аст. Духтарон ба мо занг мезананд, шавқу рағбат доранд, баъзеҳо аллакай тасмим гирифтаанд, ки ба кор биёянд, - мегӯяд сарпарасти лоиҳа Никита Константинов . - Дар аввал бисёриҳо метарсиданд, ки ҳаёти худро ба куллӣ тағйир диҳанд. Қадами аввал гузоштан ҳеҷ гоҳ осон нест. Онҳое, ки ҷуръат карда омаданд, аллакай кор карда, пули хуб гирифта истодаанд. Ман медонам, ки бисёриҳо як қисми маошашонро барои кӯмак ба оилаҳояшон ба хона мефиристанд. Баъзе духтарони маош гирифта эътироф мекунанд, ки акнун аз падар, додару бародар ва шавҳарашон зиёдтар дастмузд мегиранд.
2. Ташрифи ройгон ва манзили зисти имтиёзнок
Телеграм-канали расмии барномаи "Алабуга Старт" [https://t.me/alabugastartcis] хабар медиҳад, ки ба иштирокчиёни барнома музди роҳ то ба ҷои кор дар Русия пардохта мешавад. Духтарон дар Елабуга, як шаҳри сайёҳии Тотористон, ки таърихи 1000-сола дорад, зиндагӣ хоҳанд кард.
Дар ҷумҳурӣ махсус барои иштирокчиёни барнома комплекси нави манзилии "Парки ҷанубӣ" сохта шудааст, ки дар он ба духтарони "Алабуга Старт" хона пешниҳод карда мешавад. Дар хонаҳо ҳама шароитҳо муҳайё мебошанд: мебел ва асбобҳои рӯзгор нав хоҳанд буд.
© Пресс-служба АО "ОЭЗ ППТ "Алабуга""Проект "Алабуга Старт"
Проект "Алабуга Старт"
© Пресс-служба АО "ОЭЗ ППТ "Алабуга""
Чунон ки Константинов қайд намуд, шартномаи ибтидоӣ бо иштироккунандагони барнома шашмоҳа аст. Он гоҳ худи духтарон метавонанд тасмим бигиранд, ки дар Русия зиндагӣ кунанд ё ба ватан баргарданд.
Чаро духтарон дар ҷои аввал? Зеро бештари касбҳо чолокиву назокати дастони бонувонро талаб мекунанд", — шарҳ медиҳанд дар "Алабуга".
3. Музди маош аз ҳисоби миёнаи ҷумҳурӣ зиёд аст
Музди меҳнатро метавон бонуси гуворои барнома номид. Ба духтарони аз 18 то 22 сола аз Қазоқистон дар истеҳсоли муосири маҳсулоти композитӣ 580 доллар (6 ҳазору 366 сомонӣ) маош пешниҳод мекунанд.
Илова бар ин, 6 ҳазори дигар дар шакли бастаи иҷтимоӣ пардохт карда мешавад. Ҳангоми пайдо кардани ҷои кор духтарон 50 ҳазор рубл (6 ҳазор сомонӣ) маош мегиранд: 3000 сомонӣ пас аз омадан ва 3000 сомонии дигар пас аз 14 рӯзи кор.
Ман бояд бигӯям, ки рақамҳо воқеӣ мебошанд. Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, маоши миёна дар Тоҷикистон дар соли гузашта 1,3 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки аз пешниҳоди "Alabuga Start" хеле кам аст.
© Пресс-служба АО "ОЭЗ ППТ "Алабуга""Проект "Алабуга Старт"
Проект "Алабуга Старт"
© Пресс-служба АО "ОЭЗ ППТ "Алабуга""
"Таклифи ҷолиб ва навоварона аз ҳамкасбон аз Тотористон. Иқтисоддонҳо мегӯянд, ки барои мисол, дар Тоҷикистон занон нисбат ба мардон камтар маош мегиранд. Тибқи маълумоти Бонки Ҷаҳонӣ (БҶ), дар ҷаҳон маоши занон ба ҳисоби миёна тақрибан 80%-и даромади мардонро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, дар Тоҷикистон занони коргар тақрибан 60 дарсади даромади мардонро мегиранд”.
4. Имконияти сафар дар саросари Россия
Яке аз вижагиҳои лоиҳа - имкони саёҳати иштирокчиён дар саросари Русия мебошад. Пас аз 6 моҳи кор духтарон метавонанд ба мавзеъҳои машҳуртарини сайёҳии Русия: Маскав, Санкт-Петербург, Қазон ва ғайра сафар кунанд. Ҳар як шаҳри Россия дорои зебоии беназири худ ва таърихи бой аст.
Аз Елабуга то Қазон - пойтахти Ҷумҳурии Тотористон ва шаҳре, ки мероси ғании фарҳангӣ дорад - ҳамагӣ дусоата роҳ аст (тавассути нақлиёт). Дар ин ҷо фарҳангҳои тоторӣ ва русӣ омехта шудаанд, ки ин ба шаҳр зебогии хоса медиҳад. Яке аз ҷолибтарин мавзеъҳои Қазон - Кремли Қазон мебошад, ки ба Рӯйхати мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО дохил карда шудааст. Дар Кремл масҷиди Кул-шариф ва калисои Благовешенскро дидан мумкин аст.
© Пресс-служба АО "ОЭЗ ППТ "Алабуга""Проект "Алабуга Старт"
Проект "Алабуга Старт"
© Пресс-служба АО "ОЭЗ ППТ "Алабуга""
Дар Маскав, шумо метавонед, масалан, аз Майдони Сурх дидан кунед, ки дар он Кремл, калисои Василий Блаженний ва Театри Калон - рамзҳои Маскав ҷойгиранд.
Санкт-Петербург бошад бо зебогӣ ва шоҳасарҳои меъмории худ машҳур аст. Яке аз ҷозибаҳои асосӣ Эрмитаж - яке аз бузургтарин осорхонаҳои ҷаҳон аст, ки он ҷо ҳар як бинанда метавонад аз коллексияи асарҳои санъат лаззат баранд.
5. Ишқи худро ҷӯед
Дар миёни мардум "Алабуга"-ро ганҷинаи хостгорон меноманд. Ба гуфтаи намояндагони барнома, духтароне, ки имрӯз дар ҷустуҷӯи ҳамсар ҳастанд, метавонанд ба шарофати "Алабуга Старт" бахти худро пайдо кунанд.
“Духтарон метавонанд бахти худро дар ин ҷо пайдо кунанд. Оила созанд. Ба касе пӯшида нест, ки "Алабуга" - як ширкати сатҳи ҷаҳонӣ аст. Кормандони он бошад маоши хеле баланд мегиранд, ки аз ҳисоби миёнаи Русия ба таври назаррас зиёд аст. Имконияти хубест барои пайдо кардани шавҳари сарватманд байни топ-менеҷерҳои муҷаррад ва бунёди оила ”, - илова карданд намояндагони барнома.
Маълум аст, ки холо зиёда аз сад нафар духтарон барои иштирок кардан дар барномаи нав омодагии худро баён намудаанд.
"Кӯчидан ба Тотористон барои ман хеле бароҳат буд": ширкаткунандагон чӣ мегӯянд?
Иштирокчиёни барномаи "Алабуга Старт", ки ба Тотористон кӯчиданд, ба лоиҳа баҳои мусбат медиҳанд. Ҳамин тавр, масалан, ба гуфтаи Хоҷаева Наргиза, шабоҳати зеҳният ва фарҳангҳо ба ӯ кӯмак кард, ки зуд ба ҷои нав мутобиқ шавад.
“Ман дар бораи барнома аз дугонаам фаҳмидам, ки таблиғеро дар шабака дида буд. Дар сар андешаи андешаи аз назди падару модар кӯчидан ва зиндагии мустақилона оғоз намуданро дошт, аммо ҷуръат намекард, - мегӯяд Хоҷаева. Баъд тасмим гирифтем, ки якҷоя меравем ва то ҳол аз тасмими худ пушаймон нестем. Якҷоя маскан гирифтем, дар ин ҷо барои кор тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Корфармоён саъю кӯшишҳои моро қайд карда, мегӯянд, ки маоши моро боз зиёдтар мекунанд".
© Пресс-служба АО "ОЭЗ ППТ "Алабуга""Проект "Алабуга Старт"
Проект "Алабуга Старт"
© Пресс-служба АО "ОЭЗ ППТ "Алабуга""
Ба гуфти вай, кор осон нест, вале иҷрошаванда аст. Маош мунтазам ва бетаъхир дода мешавад: “Фарҳанги маҳаллӣ маро ба ҳайрат овард. Миллатҳои мо бисёр монандӣ доранд: забон, хӯрокҳои миллӣ, анъана.
Дар ҳамин ҳол, Тотористон як минтақаи хеле пешрафта ва сермиллат аст", - идома дод Хоҷаева. Кӯчидан ба ин ҷо бароям қулай буд. Ба дугонаҳоям дар бораи шароит нақл кардам. Ба наздикӣ духтарони дигар ба мо ҳамроҳ мешаванд. Баъд мо мехоҳем аз Қазон дидан кунем. Ва баъд ҳатман аз Маскав дидан хоҳем кард."
"Ман мехостам ба Коллеҷи "Алабуга Политех" дохил шавам - ин бузургтарин марказ дар Русия аст, ки дар он воқеан ҳам мутахассисон омода карда мешаванд. Вале, мутаассифона, андаке холҳоям нарасиданд. Дар аввал хеле ғамгин шудам, зеро гумон кардам, ки орзуямро гум кардам. Аммо баъд ба ман дар бораи барномаи "Алабуга Старт" гуфтанд. Ҳоло кор карда истодаам ва, ҳамзамон, барои таҳсил омодагӣ дида истодаам, - нақл кард Ахметгараева Лиана.
Ҳоло ман дар истеҳсоли композитӣ кор мекунам. Дар ин ҷо ҳама чиз ҷиддӣ аст:либоси корӣ, респиратор медиҳанд. Онҳо ба амнияти мо аҳамияти махсус медиҳанд."
Мавод дар асоси тиҷоратӣ нашр шудааст.