“Анор” ба муштариён VoLTE ҳадя намуд

© "Анор""Анор" подарил абонентам VoLTE
Анор подарил абонентам VoLTE - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.08.2023
Обуна шудан
Ахбори ширкатҳо
“Анор” ба муштариёни VoLTE технологияеро пешниҳод намуд, ки бо ёрии он метавон ҳамзамон суҳбат намуд ва интернетро дар шабакаи 4G истифода намуд
Технологияи Voice over LTE (“садо дар шабакаи LTE”) тасаввуротро дар бораи алоқа тағйир медиҳад.
Акнун лозим намеояд, ки аз як намуд шабака ба шабакаи дигар гузаред: агар аксҳои фиристодаи дӯстонро дида муҳокима кардан хоҳед, - ин корро бевосита ҳангоми сӯҳбат бо телефон анҷом диҳед!
Дақиқ кардан мехоҳед, ки ҳамсӯҳбататон дар бораи кадом макон сухан мегӯяд? Суҳбатро қатъ накарда, танҳо онлайн-харитаи шаҳрро дар шабакаи 4G бикушоед!
Суҳбатҳо дар шабакаи 4G – ин боз як сифати нави садост. Бо VoLTE садо дар шакли HD мебарояд ва тоза мешавад, гӯё ки ҳамсӯҳбати Шумо, ки садҳо километр аз Шумо дур аст, дар масофаи хеле наздик қарор дорад.
Логотип мобильного оператора Анор - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.02.2023
Дар Тоҷикистон оператори нави алоқа пайдо шуд: тарофаҳои "Анор" чӣ гуна аст?
“Анор” – оператор на танҳо барои онҳоест, ки алоқаро бо нархҳои дастрас интихоб менамояд, балки инчунин барои онҳоест, ки ҳамқадами замонаанд. Ин сифати нави алоқаи мобилист!
“VoLTE” – технологияи нав дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, “Анор” онро дар мамлакат дуюмин ба кор андохтааст. Барои роҳандозии он манбаъҳои технологӣ ва мутахассисони сатҳи баланд зарур меоянд.
Лекин мо аз рӯзҳои аввал барои худ мақсад гузоштаем, ки муштариёни “Анор” аз ҳама гуна имкониятҳои беҳтарину пешрафтае, ки телекоми ҷаҳонӣ пешниҳод менамояд, бархӯрдор буда тавонанд. Садои HD ва 4G-интернети босуръат – чунин омезиш ба соҳибони смартфонҳо танҳо эҳсосоти гуворо мебахшад!” – мегӯяд роҳбари шуъбаи тиҷоратӣ Парвиз Ғаюрӣ.
Лентаи хабарҳо
0