https://sputnik.tj/20230801/tojikiston-pardokht-khadamot-davlati-ghayrinaqdi-1058565184.html
Дар Тоҷикистон тамоми пардохтҳо барои хадамоти давлатӣ ғайринақдӣ шуд
Дар Тоҷикистон тамоми пардохтҳо барои хадамоти давлатӣ ғайринақдӣ шуд
Sputnik Тоҷикистон
Чунин тадбирҳо тибқи фармони президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон "Дар бораи чораҳои густариши пардохтҳои ғайринақдӣ" ҷорӣ карда шуданд
2023-08-01T12:15+0500
2023-08-01T12:15+0500
2023-08-01T12:15+0500
дар тоҷикистон
хадамот
ғайринақдӣ
корти пардохт
пардохт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/0b/1032251624_0:125:1200:800_1920x0_80_0_0_d48c776606d95492775869e27ed6c771.jpg
ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Дар Тоҷикистон аз имрӯз 1-уми август пардохти ҳаққи хидматрасонии давлатӣ, боҷҳо, андозҳо, пардохтҳои хидматрасонии манзилу коммуналӣ, тиббӣ комилан ғайринақдӣ сурат мегирад. Чунин тадбирҳо тибқи фармони раисиҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи чораҳои густариши пардохтҳои ғайринақдӣ” ҷорӣ карда шуданд. Тибқи ин санад, аз ин сана ба тамоми сохторҳо қабули пардохтҳо бо пули нақд манъ аст.Қобили зикр аст, ки тибқи маълумоти расмии Бонки миллии кишвар, то моҳи декабри соли 2022 сокинони Тоҷикистон беш аз 5,1 миллион корт дарёфт кардаанд ва боз шудани 6,3 миллион ҳамёни электронӣ низ сабт шудааст. Қаблан хабар дода шуда буд, ки тибқи дастури Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе, аз ин сана ҳукумати пойтахт барои гузаштан ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ барномаи Smart Pay-ро ҷорӣ мекунад. Тавре муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Илҳомҷон Атоев қайд кард, тамоми ширкатҳои таъминкунандаи алоқаи мобилӣ ва интернет муваззафанд, ки барои таъмини амнияти иттилоотӣ меъёрҳои байналмилалиро риоя кунанд.
https://sputnik.tj/20230731/qaror-rustam-emomali-rohandozi-barnoma-dushanbe-1058544408.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/0b/1032251624_83:0:1150:800_1920x0_80_0_0_5a45082b4c41dd00678af0c7bc8defa0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон пардохт хадамот ғайринақдӣ
тоҷикистон пардохт хадамот ғайринақдӣ
Дар Тоҷикистон тамоми пардохтҳо барои хадамоти давлатӣ ғайринақдӣ шуд
Чунин тадбирҳо тибқи фармони президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон "Дар бораи чораҳои густариши пардохтҳои ғайринақдӣ" ҷорӣ карда шуданд
ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Дар Тоҷикистон аз имрӯз 1-уми август пардохти ҳаққи хидматрасонии давлатӣ, боҷҳо, андозҳо, пардохтҳои хидматрасонии манзилу коммуналӣ, тиббӣ комилан ғайринақдӣ сурат мегирад.
Чунин тадбирҳо тибқи фармони раисиҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи чораҳои густариши пардохтҳои ғайринақдӣ” ҷорӣ карда шуданд.
Тибқи ин санад, аз ин сана ба тамоми сохторҳо қабули пардохтҳо бо пули нақд манъ аст.
Қобили зикр аст, ки тибқи маълумоти расмии Бонки миллии кишвар, то моҳи декабри соли 2022 сокинони Тоҷикистон беш аз 5,1 миллион корт дарёфт кардаанд ва боз шудани 6,3 миллион ҳамёни электронӣ низ сабт шудааст.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки тибқи дастури Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе, аз ин сана ҳукумати пойтахт барои гузаштан ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ барномаи Smart Pay-ро ҷорӣ мекунад.
Тавре муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Илҳомҷон Атоев қайд кард, тамоми ширкатҳои таъминкунандаи алоқаи мобилӣ ва интернет муваззафанд, ки барои таъмини амнияти иттилоотӣ меъёрҳои байналмилалиро риоя кунанд.