Барномаи Қазоқистон бар тавсеаи масирҳои транзитӣ аз Афғонистон ба Покистон

© Министерство торговли и интеграции Казахстанавице-министр торговли и интеграции Кайрат Торебаев
вице-министр торговли и интеграции Кайрат Торебаев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.08.2023
Обуна шудан
Муовини вазири тиҷорати Қазоқистон аз азми ин кишвар барои тавсеаи масирҳои транзитӣ аз Афғонистон ба Покистон хабар дод
ДУШАНБЕ, 1 авг – Sputnik. Муовини вазири тиҷорату идғоми Қазоқистон Кайрат Торебаев ахиран гуфтааст, ки Қазоқистон дар назар дорад масирҳои ҳамлу нақлу логистикиро аз тариқи Афғонистон ба Покистон тавсеа диҳад.
Вай афзуд, ки бистарҳои ҳамлу нақл ва логистикии Афғонистон хуб аст ва ин кӯтоҳтарин масир ба Покистон бо ҷамъият беш аз 220 милюн нафарӣ аст.
“Ин масир ҳамчунин имкони дастрасии Қазоқистон ба бандарҳои Карочӣ ва Гуводар, Ҳинд, бозорҳои ховаримиёна ва Африқоро фароҳам мекунад.
Муовини вазири тиҷорату идғоми Қазоқистон изҳор кард, ки тарафи Туркманистон барои ҳамлу нақл тариқи роҳи оҳан дар масири Қазоқистон - Туркманистон - Афғонистони 30% ба ин кишвар тахфиф додааст ва ҳамчунин тавофуқи номаҳоро бо Ӯзбекистон тақвият кардаем то шароити тарҷеҳӣ барои ҳамлу нақл тариқи роҳи оҳан тронзитӣ аз тариқи хоки ду кишвар фароҳам шавад.
Ба гуфта мақомдори қазоқ бозаргонии кишвараш аз миёни тамомии кишварҳои Осиёи марказӣ, Афғонистон бештарини тиҷоратро бо Қазоқистон анҷом медиҳад.
Флаг Ирана на одной из улиц Тегерана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.07.2023
Эрон: Ҷаҳон ва ҳамсоягони Афғонистон сулҳу суботро дар истиқрори ҳукумати фарогир мебинанд
Соли гузашта, тиҷорати мутақобили ду кишвар ба ҳудӯди як миллиард доллар расидааст .
Мақомдори қазоқ гуфт, ки Афғонистон барои Остона як бозори афзалиятноки фурӯши орд маҳсуб мешавад, ки 70%-и ҳаҷми умумии содироти ин маҳсулотро ташкил медиҳад. Дар як соли охир воридоти орд ба Афғонистон 52%, гандум 20%, гандум 20% зиёд шудааст.
Ёдовар мешавем, ки тиҷорат миёни Тоҷикистон ва Афғонистон дар давраи ҳокимияти Толибон низ нисбат ба солҳои пешин бештар шудааст.
Ба маълумоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон, тиҷорат бештар аз содироти моли Тоҷикистон ба Афғонистон иборат мебошад.
Ба иттилои манбаъ, ки дар 6 моҳи соли гузашта тиҷорати Тоҷикистону Афғонистон ба 40 миллион доллар расид. Ин рақам назар ба ҳамин давраи соли 2021, яъне замоне ки ҳанӯз толибҳо ба қудрат нарасида буд, бештар аз 6 миллион доллар афзудааст.
Ин дар ҳолест, ки қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, изҳор дошт, ки ҳаҷми тиҷорати дуҷониба бо Афғонистон дар давоми солҳои 1997-2020 маблағи 1 миллиарду 549 миллион доллари амрикоиро ташкил дод.
Лентаи хабарҳо
0