https://sputnik.tj/20230801/naqb-khatlon-muvaqqatan-basta-sabab-1058574806.html
Нақби "Хатлон" муваққатан баста шуд: сабаб
Нақби "Хатлон" муваққатан баста шуд: сабаб
Sputnik Тоҷикистон
То анҷоми корҳои таъмирӣ дар нақб ронандагонро зарур аст, ки барои ҳаракат дар ин масир аз ағбаи "Чормағзак" истифода намоянд
2023-08-01T15:25+0500
2023-08-01T15:25+0500
2023-08-01T15:25+0500
дар тоҷикистон
нақб
таъмири роҳ
нақлиёт
хатлон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101391/42/1013914260_0:107:2048:1259_1920x0_80_0_0_18019ee8794234dc6709197d5a9e2d6a.jpg
ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Ҳаракати ҳамагуна нақлиёт тавассути нақби "Хатлон" мувақатан манъ гардид.Дарн бора Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар дода, ҳадафи маҳдудиятро анҷом додани корҳои барқароркунӣ ва беҳтарсозии бехатарии ҳаракати нақлиёт хондааст.Ба иттилои манбаъ, дар километри 36-уми роҳи автомобилгарди "Душанбе-Кӯлоб" таъмир идома дорад, ки то 17 август идома хоҳад кард, ва пас аз он ҳаракат дар ин масир аз сар гирифта мешавад.Ҳамакнун то боз шудани нақб ҳаракат ба воситаи ағбаи "Чормағзак" амалӣ карда мешавад.Маврид ба зикр аст, ки нақби "Хатлон" машҳур бо нақби "Чормағзак" дар масири "Душанбе-Ваҳдат-Кӯлоб-Хоруғ" ҷойгир мебошад.Он моҳи ноябри соли 2013 ифтитоҳ шуда, пас аз ба истифода додани он роҳи мошингарди Душанбе-Ваҳдат-Кӯлоб дар муқоиса бо роҳи Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб 100 километр кӯтоҳтар шуд.Нақб бо харҷи 300 миллион сомонӣ бо қарзи Чин аз ҷониби ширкати "Чайна Роуд" бунёд карда шуд.Дарозии нақб 4 ҳазору 430 метрро ташкил медиҳад. Нақб аз замони ифтитоҳ то моҳи феврали соли 2014 "Чормағзак" ном дошт.
https://sputnik.tj/20230730/zamon-navsozi-naqb-istiqlol-malum-1058530678.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101391/42/1013914260_114:0:1934:1365_1920x0_80_0_0_e997e103683cd7bfde01b94cf2386f48.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, нақб, таъмири роҳ, нақлиёт, хатлон
дар тоҷикистон, нақб, таъмири роҳ, нақлиёт, хатлон
Нақби "Хатлон" муваққатан баста шуд: сабаб
То анҷоми корҳои таъмирӣ дар нақб ронандагонро зарур аст, ки барои ҳаракат дар ин масир аз ағбаи "Чормағзак" истифода намоянд
ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Ҳаракати ҳамагуна нақлиёт тавассути нақби "Хатлон" мувақатан манъ гардид.
Дарн бора Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар дода, ҳадафи маҳдудиятро анҷом додани корҳои барқароркунӣ ва беҳтарсозии бехатарии ҳаракати нақлиёт хондааст.
Ба иттилои манбаъ, дар километри 36-уми роҳи автомобилгарди "Душанбе-Кӯлоб" таъмир идома дорад, ки то 17 август идома хоҳад кард, ва пас аз он ҳаракат дар ин масир аз сар гирифта мешавад.
Ҳамакнун то боз шудани нақб ҳаракат ба воситаи ағбаи "Чормағзак" амалӣ карда мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки нақби "Хатлон" машҳур бо нақби "Чормағзак" дар масири "Душанбе-Ваҳдат-Кӯлоб-Хоруғ" ҷойгир мебошад.
Он моҳи ноябри соли 2013 ифтитоҳ шуда, пас аз ба истифода додани он роҳи мошингарди Душанбе-Ваҳдат-Кӯлоб дар муқоиса бо роҳи Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб 100 километр кӯтоҳтар шуд.
Нақб бо харҷи 300 миллион сомонӣ бо қарзи Чин аз ҷониби ширкати "Чайна Роуд" бунёд карда шуд.
Дарозии нақб 4 ҳазору 430 метрро ташкил медиҳад. Нақб аз замони ифтитоҳ то моҳи феврали соли 2014 "Чормағзак" ном дошт.