Тоҷикистон дар CAFA Futsal - 2023 кадом ҷоизаҳоро соҳиб шуд - натиҷаи мусобиқа

© ФФТСборная Таджикистана по мини-футболу
Сборная Таджикистана по мини-футболу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.07.2023
Обуна шудан
Пас аз бозии ниҳоии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Эрон натоиҷи мусобиқаи CAFA Futsal - 2023, ки дар Душанбе баргузор шуд, ҷамъбаст гардид
ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Дастаи Эрон барандаи мусобиқаи CAFA Futsal - 2023 дар Душанбе гардид. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки аз рӯи натоиҷи бозиҳои баргузоршуда, тими Эрон 12 имтиёз ба даст оварда, медали тиллоро касб кардааст.
Нуқра насиби тими Афғонистон, ки дар ҷараёни мусобиқот ғайричашмдошт 10 имтиёз ба даст овардааст, ва биринҷӣ дар мусобиқаи CAFA Futsal - 2023 насиби тими Ӯзбекистон бо 9 имтиёз шуд.
Мунтахаби Тоҷикистон бо 7 имтиёз дар зинаи чаҳорум қарор гирифт.
Маврид ба зикр аст, ки дар доираи мусобиқа дастпарварони Пайрав Воҳидов нахуст яккачини Туркманистонро ба ҳисоби 4:2 ва Қиргизистонро 5:3 мағлуб карданду бо Афғонистон мусовӣ - 2:2.
Открытый Кубок Азии 2023 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.07.2023
Ҷудокорони тоҷик дар Ҷоми Осиё 8 медал гирифтанд
Бозии даврои чаҳорум ва панҷум барои миллипӯшони Тоҷикистон бебарор буд. Мутахаби кишвар нахуст бозиро бар Ӯзбекистон бо ҳисоби 2:4 ва бар Эрон — 0:1 бохт.
Илова бар ин, аз рӯи ҷамъбасти мусобиқот дастаи мунтахаби ҷумҳурӣ соҳиби ҷоизаи "Fair Play" гардид.
Дар маросими супурдани ҷоизаи CAFA Futsal Cup-2023 ноиби аввали президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ Муҳаммад Юсуф Коргар, дабири кулли CAFA Улуғбек Каримов ва дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон Фурқат Аҳмадҷонов ширкат доштанд.
Ёдовар мешавем, ки барои мунтахаби Тоҷикистон ширкат дар мусобиқаи CAFA Futzal Cup 2023 дар омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024, ки аз 7 то 11 октябр дар Душанбе баргузор мешавад, як қадами муҳим гардид.
Лентаи хабарҳо
0